Имом-хатибону устодони донишгоҳ алайҳи Бузургмеҳр Ёров. ВИДЕО

Бузургмеҳр Ёров

Баъзе аз устодони донишгоҳҳо ва имом-хатибони тоҷик Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов – ду вакили боздоштшудаи мудофеъро ба “тундгароӣ” ва “даъвати оммавӣ зидди сохти конститутсионӣ” муттаҳам кардаанд. Ин хулосаи имом-хатибону устодон баъд аз ташхиси 7 мақолае баён шудааст, ки ҳадди аққал панҷ соли пеш дар сомонаҳои “Фергана.ру”, “Иршод” ва “Озодӣ” чоп шуда, нусхаашон аз хонаи Нуриддин Маҳкамов ёфт гардидааст.

Рӯйхати ҳафт мақола:

1. Муроҷиати донишҷӯёни Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон. 26.06.2011

2. Муроҷиатномаи ҷунбиши “БАС” ба мардуми Тоҷикистон. 18 августи 2011

3. “Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента”. 21.11.2011

4. “Эмомали Рахмон в отставку!” 06.01 2012

5. “Хоруғ асоси импичменти Эмомалӣ Раҳмон”.19 августи 2011

6. “Таджикистан накануне революции”.

7. Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия”. 21 апреля 2012

Абдуҳамид Ғаниев, имом-хатиби масҷиди “Ихлос” дар Хуҷанд, “Муроҷиати донишҷӯёни Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон” дар сомонаи “Иршод”-ро ҳамчун даъвати зиддидинӣ ва нажодӣ ташхис карда, хулосаҳои худро ба муфаттишони парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов пешниҳод кардааст. Аммо Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи 4 июл дар додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ки аз ин муроҷиат хабар надошт ва намедонад, чаро ин мақоларо ба ӯ нисбат медиҳанд?

Мурофиаи рӯзи душанбе, 4 июл баъд аз зӯҳри он рӯз ҳудуди се соат идома кард ва хабарнигори Озодӣ низ ҷараёни ин баҳси додгоҳиро аз наздик мушоҳида дошт. Норизояти Бузургмеҳр Ёров бештар аз он буд, ки дар ҷараёни тафтишот ва мурофиа ин мақолаҳо барои изҳори назар пешниҳод нашуда ва танҳо дар шакли хулосаи комиссияҳои ташхисӣ ироа гардидаанд.

Дар ҳоле, ки як гурӯҳ устодони донишгоҳҳои кишвар мақолаи “Эмомалӣ Раҳмон, ба истеъфо” (Эмомалӣ Раҳмон, в отставку) дар торнамои “Фергана.ру”-ро ҳамчун даъвати оммавӣ зидди сохти конститутсионӣ шарҳ додаанд, Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи рӯзи душанбе иттиҳоми барангехтани кинаву адоват ва даъват ба тағйири сохти конститутсиониро рад кард. Ӯ гуфт, дар ин мақола назари шахсии ӯ ба ҳайси як шаҳрванди Тоҷикистон гуфта шудааст ва набояд интиқод ба унвони таҳдид ё хатар пазируфта шавад.

Дар ин мақола гуфта шудааст, ки “президенти Тоҷикистон заминҳои Тоҷикистонро ба Чин дод ва ин амали ғайриқонунӣ буда ва ин ҳақро надошт. Агар ман медонистам, ки президент чунин амалро иҷро мекунад, дар интихоботи президентӣ ба тарафдории вай овоз намедодам”, гуфт ӯ аз курсии айбдоршавандааш. Бузургмеҳр Ёров гуфт, дар ин навишта ҳеҷ ҳаракати даъвати оммавӣ зидди сохти конститутсионӣ дида намешавад ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон назари худро баён доштаасту бас.

Инчунин, як мусоҳибае, ки дар соли 2012 Нуриддин Маҳкамов оид ба баҳси ширкати “Бахт” бо “Ориёнбонк” анҷом дода ва “Фергана.ру” онро бо забони русӣ нашр кардааст, низ ҳамчун маводи “даъвати оммавӣ” аз тарафи додгоҳ пешниҳод шудааст. Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи 4 июл гуфт, дар ин мусоҳиба ҳеҷ гуна амали ифротгароӣ нест, балки баҳси ширкати “Бахт” бо “Ориёнбонк” аст, ки дар онҷо Нуриддин Маҳкамов Ҳасан Асадуллозода, додарзани президентро барои напардохтани маблағи ширкат танқид кардааст. Вакили мудофеъ гуфт, танқид аз даъвати оммавӣ фарқ мекунад ва ҳар шаҳрванд барои ҳимояти худ метавонад фикру назари худро бар асоси қонуни матубот баён дорад.

Бузургмеҳр Ёров ва ҳам Нуриддин Маҳкамов дар ин мурофиа бо пешниҳоди далелҳои худ дар иртибот ба 7 мақолаи нашрияҳо худро бо моддаҳои айбдорӣ гунаҳкор надониста ва таъкид карданд, ки ба амалҳои тундгароӣ даст назадаанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 7 июл ба баррасии парвандаҳои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов идома хоҳад дод.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳаққи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд. Рӯзи 29 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.

Мақомоти тафтишотии парвандаи Бузургмеҳр Ёров дар моҳи декабри соли гузашта ӯро боз аз рӯи се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.