Занони тоҷик марзҳои "бизнеси калон"-ро густариш медиҳанд

Мулоқоти Гулбаҳор Маҳкамова Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон бо занони соҳибкор.

Дар ҳоле ки саҳми занони тоҷик дар дар тиҷорати хурду миёнаи кишвар беш аз 70 дар садро ташкил медиҳад, Анҷумани занони соҳибкор мегӯяд, ин адад дар соли 2014 15 дар сад афзудааст.

Номи Равзабону Неъматуллоева, ҳам дар феҳрасти соҳибкорзанони муваффақи тоҷик аст. Ӯ ки соҳиби 3 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла як корхонаи истеҳсоли қубурҳои обгузари полиэтиленӣ ва маҷмааи хизматрасони фароғатии “Боғи Ирам” дар Хуҷанд аст, имсол ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии занони соҳибкори сол -- “Фараҳ 2014”-ро бурд.

Хонуми Неъматуллоева аввалин соҳибкоре буд, ки 10 сол пеш дар Тоҷикистон истеҳсоли қубурҳои полиэтилениро ба роҳ монд ва имрӯз корхонаи ӯ беш аз 50 коргар дошта, солона дар ҳаҷми 3,5 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид мекунад.

Равзабону Неъматуллоева, барандаи ҷоизаи "Фараҳ-2014"

Вай мегӯяд, соли 2014 тавонист, тиҷорати худро густариш диҳад ва ба хориҷ аз кишвар аз ҷумла Қирғизистону Узбакистон маҳсулот содир намояд: “Имсол корхонаи ман, ки бо 5 коргар соли 2003 ба кор шурӯъ карда будем, 10 сола шуд. Соли 2007 корхонаи дуввуми истеҳсолӣ, кабелҳои ҷобаҷокунанда ва васлкунандаи алюминиро ба роҳ мондем. Имсол ҳамчунин ду корхонаи дигари саноатӣ таъсис додам барои писаронам, ки яке аз онҳо маҳсулоте хоҳад баровард, ки то имрӯз дар Тоҷикистон набуд, аммо ҳоло намегӯям, ин чӣ маҳсулот аст. Албатта барои як зан, тиҷорат дар соҳаи сохтмону саноат чандон осон нест. Ин ҷо омада, баробари мардон истода назорат кардан даркор, то сифати маҳсулот хуб бошад ва вақте аз дари хона ворид мешавӣ, боз бояд зан буд ва ба тарбияи фарзандон ҳам машғул шуд.”

Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо солҳои охир фазои тиҷорат барои занҳо хеле беҳтар шуда, онҳо ба фарқ аз мардон, дастгирии бештар доранд ва метавонанд ҷасурона тиҷорати худро ба роҳ монанд.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, шумори занони соҳибкор дар Тоҷикистон дар як соли охир 10 дар сад афзуда, ба 160 ҳазор нафар расидааст. Чунин пешрафт бо илҳом аз занони муваффақе имконпазир шудааст, ки барои ҷавонон ба намунаҳои ибратомӯз табдил ёфтанд. Яке аз онҳо Гулбаҳор Маҳкамова, бунёдгузори ширкати "Имон интернейшнал” аст, ки имрӯз дар кишвар 70 000 муштарӣ дорад ва бастаи кулли қарзҳояш ба 70 миллион доллар наздик мешавад. Муассиси он ҳамчунин ба Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Аммо Муҳаббат Нозимова раҳбари бахши омӯзиши касбии Анҷумани миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло вобаста ба талабот занҳо ҳам ба риштаҳое низ даст мезананд, ки қаблан ба қавли умум, марбути мардҳо дониста мешуд ва гардиши сармояҳояшон миллионҳо долларро ташкил медод. Аз ҷумла риштаҳои

Сохтмони бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи "Зарафшон"-и шаҳри Душанбе

нақлиёт ва сохтмон: “Дар воқеъ дар ду соли охир шумори заноне, ки ба тиҷорати калон худро омода мекунанду қадам мегузоранд, зиёд мешавад. Масалан, ҳоло занон соҳиби ширкатҳои калони сохтмонӣ, нақлиётӣ ҳастанд ва корхонаҳои бузурги дигар доранд. Аллакай мушоҳида мешавад, ки занҳои мо тиҷорати худро серсоҳа мекунанд. Яъне дар як самт намемонанд ва дар чанд равия кор мекунанд. Масалан Салимабону Исматова, ки як корхонаи шахсии саноатӣ доштанд ва дар ду соли охир ҳам корхонаи дӯзандагӣ ва чандин корхонаҳои дигари худро боз карданд.”

Сурайё Уроқова, раҳбари ширкати «Риэл-Д»

Сурайё Уроқова, раҳбари ширкати «Риэл-Д», ки ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе машғул аст, мегӯяд як муваффақияти аслиаш ин аст, ки 7 сол пеш, баъди омӯзиши бозор тавонист самти дурусти соҳибкориро интихоб кунад. Имсол ин соҳибкорзан 2 бинои баландошёнаи худро, ки яке дар маҳаллаи "Зарафшон" дар ҷойи собиқ бозори "Зарнисор" бунёд шудааст, мавриди истифода қарор медиҳад.

Дар бозори пуррақобати ширкатҳои сохтмонӣ, Сурайё мегӯяд, бурд ва вижагии ширкати онҳо ҳам ин аст, ки бо истифода аз дастгоҳҳои худ ва маҳсулоте, ки худи ширкат тавлид мекунад, иншоот месозанд. “Бо назардошти он, ки Душанбе васеъ мешавад ва дар дурнамои наздик ҳукумат сохтани хонаҳои замонавиро дар нақша гирифтааст, мо самти тиҷоратро ба сохтмон иваз кардем. Дар ин кор ба ман, ки аслан ихтисоси аввалам ҳуқуқшиносист, падарам -- иқтисодчӣ Дӯстмурод Уроқов кӯмак ва роҳнамоӣ карданд. Ҳоли ҳозир мо аллакай як кдастаи пурқуввати мутахассисони соҳаи сохтмонро ташкил кардаем, ки метавонад манзилҳои босифату хубе барои мардум бисозад. Манзилҳои мо вобаста ба талаботи мардуми тоҷик, ки хонаҳои васеъ ва барҳаворо дӯст медоранд, сохта мешаванд.”

Ин соҳибкорзан ҳамчунин дар Форуми байналмиллалии соҳибкорон, ки моҳи ноябри имсол дар Душанбе баргузор шуд, пешниҳоди таъсиси корхонаи бузурги истеҳсоли хишт ва маҳсулоти ороишии сохтмониро кард, ки он аз ҷониби раисҷумҳур хуш пазируфта шуд ва Сурайё Уроқова нақша дорад, ин корхонаро дар соли 2015 фаъол кунад.

Аммо бо ин ҳама бурду дастовардҳо имсол, ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, вазъи номуназзам дар бозори ҷаҳонӣ ва афзоиши нархи масолеҳи бинокорӣ ба тиҷорати соҳибкорон, ба хусус занони соҳибкор низ бетаъсир намонд.

Малика Мирзобаҳодурова, муовини раҳбари Асотсиатсияи занони соҳибкори Тоҷикистон аз таҷрибаи аъзои ин ниҳод мегӯяд, ҳанӯз ҳам занон дар рушди соҳибкории худ мушкилоти зиёде доранд. “Як мушкили аслӣ ин набудан ё кам будани маблағ барои пешбурди соҳибкорӣ мебошад. Ва дигар нокофӣ будани маълумоткнокии занон оиди роҳҳои рушди тиҷорат аст. Занон аксаран дар соҳаи иқтисод ва молия дониши зарурӣ надоранд ва мушкилоти дигаре, ки мо ба назар гирифтем ин аст, ки на ҳама занон аз тарафи хешу табор дастгирӣ мешаванд.”

Вале ба ақидаи аксари ҳамсӯҳбатони мо, дар ҳар сурат аксаран занон ба фарқ аз мардон дар тиҷорат хеле дурандешу эҳтиёткоранд ва аз ин рӯ камтар муфлис ё варшикаста мешаванд. Тибқи омори расмӣ, бизнеси занҳо дар муқоиса бо мардҳо чаҳор маротиба камтар муфлис мешавад.

Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар ҳоле, ки аскари мардҳо рӯ ба муҳоҷирати корӣ ниҳодаанд, ин холигоҳ бояд бо занҳое пур шавад, ки ҳунару тавони пешбурди бизнесро доранд. Ба андешаи ӯ, ҳоло аксар созмонҳои молиявии дохиливу хориҷӣ бештар ба занҳо қарзҳои боимтиёз пешниҳод мекунанд: “Нақши занон дар соҳибкорӣ имрӯз хеле бузург аст. Ман, ки бештар бо масоили молиявӣ кор дорам, метавонам 4-5 созмони қарзии хурдро мисол орам, ки ҳоло бузург шудаанд ва дар бозор бисёр саҳми бузург доранд, ва ин муассисаҳои молӣ бо сарварии занон таъсис ёфтаанд. Инҳо ҳам ташкилотҳои қарзии хурду миёна, “Имон”, “Арванд”, “Ҳумо”, ки ҳама кори дасти занон аст.”

Санавбар Абдуллоева

Аммо ба фарқ аз аксар мусоҳибони мо, ки мегӯянд, роҳ ба тиҷорати хурду бузург барои занон дар Тоҷикистон ҳамвору осон аст, Санавбар Абдуллоева, раҳбар ва яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар Шаҳритус, ки ду сол боз бо додарарӯси президент, Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев бар сари ҳаққи моликият бар бозори “Ином” баҳси додгоҳӣ дорад, мегӯяд, соҳибкороне, ки дар долонҳои ҳукумат пуштибони қавӣ надоранд, хоҳ зан бошад, хоҳ мард, наметавонад ба осонӣ тиҷорати худро пеш баранд.

Ин соҳибкор мегӯяд, барои соли 2014 нақшаҳои зиёде дошт, аммо баръакс қариб муфлис шудаву дар қарз ғӯтид: “Нақшаҳои зиёд доштам. Мехостам, барои ҷавононе, ки дониши хуб доранду маблағи кофӣ надоранд, мактаби махсуси ройгон таъсис диҳам ва ҳамчунин барои занони бекор ҷойи кор ташкил кунам, аммо ҳеч яки онҳо амалӣ намешавад. Ман зани соҳибмаълумот ва аз пойтахт хеста, ба ноҳия омадам, заҳмат кашидам, ин ҷо аз сифр корро шурӯъ кардам, то бачаҳои ман ба муҳоҷират нараванду дар Ватани худ кор кунанд. Аммо ҳоло дигар фарзандонам ҳам ба чизе бовар надоранд. Ба хулосае омадам, ки агар пушту паноҳ надошта бошӣ, ҳеч корат барор намегирад.”

Бо ин ҳама мушкилоте, ки бархе аз занони соҳибкор матраҳ мекунанд, гузоришҳои расмӣ ҳокист, ки дар ҳафт соли ахир ҳудуди 100 созмони ҷамъиятии занон аз буҷаи ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ дарёфт кардаанд. Ҳамчунин барои дастгирии бонувони соҳибкор дар 5 соли охир аз ҷониби бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ наздик ба 2,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ва бино ба иттилои Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон, дар соли 2014 ҳузури занон дар тиҷорати бузург қариб 15 дар сад афзудааст.