Бо вуҷуди назорати шадиди гумрукчиён, сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон гоҳҳо ба таври қочоқ, ба мубодилаи молу колу идома медиҳанд. Гумрукиёни қирғиз дар 2 ҳафтаи охир аз ҷилавгирии интиқоли 13 тонна мандарин ва 18 тонна меваи хушк аз вилояти Суғд ба Бодканд хабар доданд. Дар навбати худ мақомоти тоҷик мегӯянд, аз Бодканди Қирғизистон низ ба минтақаи шимолии Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ молу маҳсулот, умдатан ангишт ва нуриҳои минералӣ, ворид мешавад.
Алихон Рустамзода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд мегӯяд, аз Бодканди Қирғизистон ба шимоли Тоҷикистон меваю сабзавот ҳам бо роҳҳои қочоқӣ ворид карда мешавад. Ба қавли ӯ, дар соли 2016 кормандони гумруки тоҷик аз чандин мавриди бо роҳи қочоқ ворид шудани меваю сабзавот аз Қирғизистон пешгирӣ кардаанд: “Аз 37 ҳолати
Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз Бодканди Қирғизистон ба минтақаи шимолии Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ молу маҳсулот, умдатан ангишт ва нуриҳои минералӣ, ворид мешавад.
бо роҳҳои қочоқӣ ворид шудани 73 тонна меваи хушк ва 39 ҳолати қочоқи 87 тонна меваи тар аз Қирғизистон ба вилояти Суғд ҷилавгирӣ намудем. Дар робита бо ин мавридҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода ба қочоқгарон ҷарима таъйин карда шуд.”
Ҳарчанд гузаргоҳҳои гумрукӣ байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду ҷониб ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд, сокинон ба додуситади оддӣ ва бидуни расмиёти гумрукӣ бо ҳамдигар бартарӣ медиҳанд. Мақомоти тоҷику қирғиз мегӯянд, дар ҳоле, ки хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз муайян ва нишонгузорӣ нашудааст ва дар ду тарафи як роҳ сокинони ду кишвари ҳамсоя зиндагӣ доранд, назорати пурраи хати марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи молу маҳсулот тақрибан имкон надорад.
Коршиносону таҳлилгарони минтақаӣ низ гаронии арзиши ҳуҷҷатгузориро мушкиле меноманд, ки сокинонро аз анҷоми муомилоти тиҷоратӣ бо роҳи қонунӣ ва додани пардохти гумрукӣ, боз медорад. Дар ин ҳол сокинони тоҷику қирғиз бо ҳам тақрибан озода муомилаҳои тиҷоратӣ анҷом медиҳанд. Комилҷон Амонов, як тоҷири суғдист, ки бо роҳи Бодканди Қирғизистон ба Русия тариқи мошинҳои боркаш меваи хушк интиқол медиҳад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фиристодани бор бо роҳи расмӣ ва пардохтҳои гумрукӣ арзиши ҳар килои онро 1,5 сомонӣ ё ҳудуди 20 сент то расидан ба дасти харидор, гарон мекунад.
Ба гуфтаи Комилҷон Амонов, “агар 20 тонна меваи хушкро дар як мошин аз Тоҷикистон бо пардохти гумрукӣ аз роҳи Қирғизистону Қазоқистон ба Русия содир кунем, нархи аслии он баланд меравад ва даромад намедиҳад. Барои ҳамин, онро тавассути шарикони қирғиз аз Қирғизистон мефиристем ва то Қазоқистону Русия арзонтар мебаранд.”
Дар камтар шудани арзиши маҳсулот, узви созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё будани Қирғизистон ҳам сабаб мешавад. Баъди ворид шудан ба хоки Қирғизистон, бархе тоҷикон ин маҳсулотро ҳамчун моли қирғизӣ вориди бозори кишварҳои узви ин созмон мекунанд ва шароити нарх ва андозбандиаш ҳам мутобиқ бо қонунҳои ҳамин созмон танзим мешавад.
Аз Бодканд ба Суғд умдатан ангишт, нуриҳои минералӣ, масолеҳи сохтмонӣ меоранд ва аз Хуҷанд маводҳои ғизоӣ, семент, молу матоъ ва меваю сабзавот мебаранд.
Аз сӯи дигар, арзиши расмиёти гумрукӣ ва боркашонӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон низ ба ҳадде баланд аст, ки сокинонро аз анҷоми тиҷорат ва досудуситад бо роҳи расмӣ дилсард месозад. Қубатбек Раҳимов, коршиноси палатаи савдои Қирғизистон ва мушовири вазири иқтисоди ин кишвар мегӯяд, “ҳазинаи (хароҷоти) санадгузориву интиқоли молу
маҳсулот бо роҳи минтақаи Водии Фарғона аз ин гуна хароҷот дар қаламравҳои Қазоқистону Русия ду баробар зиёд аст. Яъне, пардохтҳо барои интиқоли молу коло дар 300 километр масоҳати Водии Фарғона назар ба 2 ҳазор километри қаламаравҳои Қазоқистону Русия 2 баробар зиёд меафтад.”
Вале бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам чандон муомилаҳои тиҷоратии чашмрас надоранд. Ин кишварҳои ҳамсоя умдатан бо роҳи Бодканду Суғд бо ҳам муомилаҳои тиҷоратӣ анҷом медиҳанд. Вале бар пояи иттилои расмӣ, Қирғизистон дар байни 5 шарики аслии тиҷоратии Суғд ҷой надорад ва саҳми он дар содироту воридоти мол ба ҳудуди як сад баробар меояд.