Раҳоии ронандае, ки афроди Ҳоҷӣ Ҳалимро то Ваҳдат бурдааст

Ронандае, ки зери мили силоҳ бо автобусаш афроди силоҳбадастро аз Душанбе ба Ваҳдат бурдааст, пас аз бозпурсиҳои серӯзаи мақомот раҳо шуд.

Ронандае, ки субҳи чоруми сентябр зери мили силоҳ бо автобусаш афроди силоҳбадасти марбут ба гурӯҳи Абдуҳалим Назарзодаро аз Душанбе ба самти Ваҳдат бурдааст, баъди бозпурсиҳо рӯзи 7 сентябр раҳо шуд. Муҳриддин Қавсиев, ронандаи 43-солаи автобуси хатсайри рақами 37-и Душанбе дар ҳоле барои кашондани афроди ин гурӯҳ маҷбур шудааст, ки субҳи он рӯз дар истгоҳи ниҳоии ин хатсайр, воқеъ дар маҳаллаи Қаротегини Душанбе, мунтазири мусофирон буд.

Қавсиев рӯзи 7 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи 4 сентябр баъди соатҳои 6-и субҳ гурӯҳи силоҳбадасте зада ба автобуси ӯ дохил шуд ва зери силоҳ маҷбур кард ба самте, ки мехоҳанд, ҳаракат кунад. Ӯ мегӯяд, ин афрод тоҷикӣ сӯҳбат мекарданду бисёр хашин буданд ва дар тамоми роҳ пайваста ҳақорат ва бо силоҳ таҳдидаш мекарданд. Нисфи ин афрод, ба гуфтаи ӯ, бо либоси ниманизомӣ буданду дигарҳо бо либоси мулкӣ, баъзеашон риш доштанд ва синни ҳамаи онҳо аз 30 боло буд.

Ба қавли Қавсиев, ӯ дар тамоми ин лаҳзаҳои пуризтироб шумораи дақиқи ин силоҳбадастонро фурсати ҳисоб кардан надошт, аммо тахмин мезанад, ки эҳтимол шумораашон тақрибан даҳ нафар буд.

Ӯ гуфт: "Маҷбур карданд, то автобусро ба самте, ки онҳо мехоҳанд, биронам. Вақте зери силоҳ маҷбурат мекунанд, дигар кӣ будани онҳо ва чанд нафар буданашонро намепурсӣ. Маро назаданд, хеле таҳдид ва ҳақорат карданд. Талаб мекарданд, ки зудтар биронам, вагарна мепаронанд”. Зери мили силоҳ ӯ силоҳбадастонро ҳудудан 30-40 километр то марзи ноҳияи Рӯдакиву Ваҳдат - нуқтае бурдааст, ки дигар роҳи мошингузар тамом мешавад.

Ин ронанда мегӯяд, исми ин маҳалро намедонад, вале ҳаминро гуфта метавонад, ки ҷое, ки онҳо берун шуданд, як роҳи пиёдагард буда, ба самти кӯҳистон мебарад. Силоҳбадастон аз автобус берун шуда, ба тарафи кӯҳ фирор кардаанд. Муҳриддин пас аз ду соат дубора ба Душанбе баргашт ва дар ин ҷо ӯро мақомоти тафтишотӣ барои пурсиш боздошт карданд.

"Маро имрӯз озод карданд, чун ба ҳамаи суолҳо посух додам. Ман на онҳоро мешинохтам ва на аз хурсандӣ онҳоро он ҷо бурдаам. Агар он соат гапи онҳоро иҷро намекардам, шояд маро мекуштанд”, -- мегӯяд ин ронандаи 43-сола. Муҳриддин Қавсиев солҳост ҳамчун ронандаи автобус дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-3”-и шаҳри Душанбе дар хатсайри рақами 37 кор мекунад. Ин автобус аз маҳаллаи Қаротегин, шарқи Душанбе то маҳаллаи Авул - ғарби шаҳр мусофир мекашонад.

Саидхурсанд Раҳмонов, раиси ин корхона дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан соатҳои 6:15-и субҳ танзимкунандаи ин хатсайр ба онҳо хабар дод, ки як автобусро гурӯҳи номаълум рабудааст ва онҳо ҳам дар зудтарин фурсат ба мақомот ин хабарро расонданд. Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, ӯ маъмулан соатҳои 4-и субҳ сари кор мешавад ва роҳаш ҳам аз гардиши фурудгоҳ, маконе, ки ҳамон рӯз задухӯрд сурат гирифт, мегузарад.

Вай мегӯяд, "ҳамон субҳ гузаштам ва ду мошинеро дидам, ки маъмулан сарбозонро мекашонанд, дар ин гардиш истода буданд. Ҳайрон шудам, ки дар ин субҳи барвақт мошинҳо ин ҷо чӣ кор мекунад. Вақте ба корхона расидам, ки садои тирпарронӣ баланд шуд. Барои мо маълум набуд, ки чӣ мегузарад. Пас аз соате хабар расид, ки як автобуси моро рабудаанд," -- гуфт ӯ.

Ин корхона аз маҳалле, ки дар пайи задухӯрди субҳи 4 сентябр дар он ҷо 4 корманди Вазорати корҳои дохилӣ кушта шуд, тақрибан 300 метр дуртар ҷойгир аст. Ба иловаи рабуда шудани автобуси ин корхона, тибқи иттилои расмӣ, Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва тарафдоронаш ду мошини боркаши вазорати дифоъ, мошини шахсӣ ва як мошини навъи “Ҷип”-ро низ то деҳаи Марғоби дараи Ромит, 60-километрии Душанбе бурдааст. Он ҷо ҳам дар ҳоле ки роҳ ба поён мерасад, ин гурӯҳ мошинҳои худро бо қисме аз силоҳ гузошта ба самти кӯҳистон фирор мекунанд.

Субҳи рӯзи 4-уми сентябр ба шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати мудофиа ҳамла сурат гирифт, ки дар пайи он 9 тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ кушта шуданд. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” муовини вазири дифои Тоҷикистон донистанд.

Мақомот мегӯянд, рӯзи 7 сентябр 14 нафари дигар аъзои ин гурӯҳ боздошт шуда дар маҷмӯъ то имрӯз беш аз 50 тарафдори генерали фирорӣ дастгир шудаанд. Шумораи кушташудаҳои аъзои ин гурӯҳро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 17 тан мегӯяд. Абдуҳалим Назарзода то ҳол боздошт нашудааст ва алайҳи ӯ дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар 150 километрии Душанбе амалиёти низомӣ идома дорад.