Бино ба хулосаи як гузориши нави байнулмилалӣ, "буққагӣ" ё зӯргӯӣ дар байни наврасон "сабаби ба воя расидани афроди хашин ва ҳатто ҷинояткор мешавад". Дар таҳқиқоте, ки маҷаллаи муътабари тиббии The Lancet нашр кард, омадааст, ҳафт дарсади наврасони аз 12 то 17-сола дар Тоҷикистон ба зӯргӯӣ ва озор дучор мешаванд. Бино ба таҳқиқот, ин зуҳурот дар Аврупо ва Осиё камтар ба назар мерасидааст.
Ин омор агар дар зоҳир кам ба назар мерасад, вале ба маънии дигар аз миёни беш аз 1 миллиону 60 ҳазор хонанда (аз синфи панҷ то ёздаҳ) дар Тоҷикистон ҳаштод ҳазор нафар аз тарафи ҳамсинфонашон "бе ҳеч сабаб озор дидаанд".
Натиҷаҳои мазкур бар асоси таҳқиқи омори солҳои 2003-2015 ба даст омадааст.
Равоншисон дар Тоҷикистон мегӯянд, вазъи воқеӣ шояд аз ин бадтар бошад ва ҳоло кибербуллинг ё зӯргӯӣ ба воситаи Интернет ҳам афзоиш ёфтааст.
"Як ҳамсинф доштем, ҳама ӯро "беақл" мегуфт. Бисёр масхара мекардем. Мо намедонистем, ки ӯ бемор таваллуд шудааст. Ҳатто як бор ба сараш касе қуттии ахлотро рехт. Ҳама хандид, вале ӯ бисёр таҳқир шуд. Ҳоло ман инро ба ёд оварда, шарм медорам. Вай ҳамеша аз дасти дигарон дар азоб буд", - нақл кард Рустам (номаш дигар шудааст), ки ҳоло донишҷӯст.
Ӯ афзуд, ҳоло дарк мекунад, ки ҳамсинфаш фақат барои нуқс доштан азият мешуд, на чизи дигар.
Озору азияти наврасон дар мактаб ба гуфтаи равоншиносон, оқибатҳои баде барои зиндагии кӯдакону наврасон дорад. Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, наврасон бо мушкили даврони гузариш ба балоғат ва давраи гузариши зеҳниву равонӣ, ба афсурдагӣ рӯбарӯ мешаванд.
"Дигар ин ки зӯргуии бесабаб, таҳқиру тавҳини пайваста, сабаби ақиб мондан аз таҳсил, бадхашму асабонӣ шудани кӯдак мешавад ва то охири умр доғе дар дилаш мегузорад", -- афзуд ӯ.
Абдунабӣ Эргашев, омӯзгоре аз Хуҷанд, 40 сол собиқаи корӣ дорад ва бо Бунёди атфоли Созмони Милал барои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар мактабҳо ҳамкорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, "ин мушкил ҳамеша вуҷуд дошт", чӣ дар даврони шӯравии собиқ ва чӣ дар солҳои истиқлол.
Эргашев мегӯяд, солҳои ахир озор додани наврасону кӯдакон тағйири шакл кардааст. Ба қавли вай, вазъи иҷтимоӣ, тангдастии оила, бепадарӣ метавонад, сабаби таҳқиру озори наврасе шавад. Навъи дигари маъмул, ки дар гузашта ҳам будааст, ҳамон талоши навраси тануманд ё қавист, ки дигаронро дар атрофи худ ҷамъ карда ва ба ҳамсинфи дигаре, ки мутеъ нест, зулм мекунад.
Абдунабӣ Эргашев, ки муддате мудири як гимназияи хусусии вилояти Суғд будааст, мегӯяд: "Ҳафтае як бор қуттии шикоятҳоро кушодам, номаҳоро мехондам. Илова ба ин соле ду-се бор шогирдону волидон маълумотнома пур мекарданд. Беном буданд ва баъдан бар асоси ҳамин шикояту пешниҳоду дархостҳоро ҷамъ мекардем. Ман рӯирост дар мактаб мегуфтам. Ҳамеша фикри бачаро ба инобат гирифтан даркор аст".
Агарчӣ ба гуфтаи пажӯҳишгарон, зӯргӯиву озори наврасон дар Тоҷикистон камтар мушоҳида мешавад, шакли хушунатбор гирифтани он аз ҷумла кордкашӣ солҳои ахир зиёд шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2018 дар як суханрониаш "задухӯрдҳои гурӯҳии байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва наврасону ҷавононро" мояи нигаронӣ хонд.
Равонпизишки дигари тоҷик аз тамоюли “кибербуллинг” – азияту озор дар Интернет изҳори нигаронӣ кард. Фирӯза Мирзоева, ки ин мавзӯъро таҳқиқ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба фарқ аз дигар навъҳои зургӯиву озор додан, кибербуллинг хусусияти 24-соата дорад. “Bullying” калимаи англисӣ буда, маънояш тарсу озор додан аст.
Фирӯза Мирзоева мегӯяд, озор додани наврасони тоҷик бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ВКонтакте мушоҳида мешавад. Ба мушоҳидаи ӯ, ба фарқ аз писарон, маҳз духтарон дар шабакаҳо якдигарро озору азият мекунанд. Ӯ гуфт: “Масалан, як духтар як саҳифаи корбареро аз номи писар боз мекунад, бо ин духтар аз номи писар шинос мешавад, мегӯяд, масалан, “ман туро дида будам”. Рӯзе мерасаду ин ҳама ба интернет роҳ меёбад”.
Равоншиносони тоҷики ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ ва муҳаққиқони The Lancet барои ҷилавгирӣ аз озору зургӯӣ дар мактабҳо нақши волидону наздиконро хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, волидон бояд аз дунёи фарзанди худ огаҳ бошанд ва дар бораи эҳсоси нигарониву мушкилоташон бо ӯ ҳарф бизананд ва дарду нигарониҳояшро бишнаванд. Дар ин сурат мешавад пеши роҳи фоҷеаҳои зиёд, аз ҷумла худкушиҳоро гирифт, ки ба сабаби зӯргуӣ ва озор дар мактабҳо рух додааст.