Дар навоҳии Олот ва Қарокӯли вилояти Бухоро занҳое, ки дар феҳристи милиса ҳамчун фоҳиша сабт шудаанд, ба ҷамъоварии пахта сафарбар шудаанд. Дар ин бора Асад Саломов, сокини минтақи “Микрорайон”-и ноҳияи Қарокӯл ва афсари муставфии пулис ба Радиои Озодлик -- бахши узбакии хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, занҳое, ки қаблан барои амали фоҳишагӣ боздошту ҷарима шуда буданд, ҳамакнун ба таври иҷборӣ ба ҷамъоварии пахта ба саҳро сафарбар шудаанд.
Асад Саломов мегӯяд, “Дар Қарокӯл вақте аз “Микрорайон” ном мебаранд, билофосила пеши назар духтарони сабукпо меоянд. Бештари занҳои сокини биноҳои бисёрошёна танҳо ё бева ҳастанд. Ҳафтаи гузашта пулис бо посбонҳои маҳалла беш аз 40 занро ба ҷамъоварии пахта бурданд. Милиса таҳдид кардааст, ки агар касе саркашӣ кунад, парвандаашро ба додгоҳ мефиристад. Ман дар балкон назора мекардам. Занҳоро қатор карда ба автобус савор карда ва ба саҳрои апхта бурданд”.
Баъдан хабар расид, ки дар ноҳияи Олоти вилояти Бухоро низ чунин ҳодиса иттифоқ афтодааст. Як ходими минтақавии милиса, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо "Озодлик" тафсилоти ин ҳодисаро чунин баён кард:
“Масъалаи фиристондани одамон барои ҷамъоварии пахта сахт аст. Ҷалби сокинони маҳалла мушкилро ҳал намекунад. Бояд одамони бештар ба саҳро сафарбар шаванд. Аммо бархе аз афрод беморанд. Занҳои бекоре ҳастанд, ки ба тиҷорати инсон машғуланд ва дар феҳристи вайронкунадагони қонун шомиланд. Онҳо барои дарёфти пул танфурӯшӣ мекунанд. Онҳоро дар кори ҷамъоварии пахта истифода мекунем. Баъзе занҳо саркашӣ карданд. Гуфтем, ки парвандаҳои қаблии онҳоро дубора баррасӣ карда, ҷарима мебандем. Роҳи дигар надоштанд, ҳоло пахтачинӣ мекунанд. Ин ҳам як навъи ҳашар аст”.
800 ҲУҚУҚВАЙРОНКУН ДАР САҲРО КОР МЕКУНАНД
Раёсати мубориза бо ҳуқувайронкунии бахши умури дохилӣ дар вилояти Бухоро ба "Озодлик" гуфтааст, ки занҳои танфурӯш, афроди мубталои нашъамандӣ ва машрубот ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд.
Як манбаъи ин раёсат ба Радиои Озодлик гуфт: “Дар раёсат дар мавриди ҷалби чунин афрод ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ нақшаҳое вуҷуд дорад. Ҳоло онҳо ба ҷамъоварии пахта ҷалб шудаанд. Дар ҳолатҳои дигар, ин афрод ба кӯчарӯбӣ ё корҳои ободонӣ дар қабристонҳо истифода мешаванд. Ин овозаҳо, ки гӯё танҳо фоҳишаҳо пахтачинӣ мекунанд, нодуруст аст. Миёни онҳо нашъамандон ҳам ҳастанд. Агар ба рақамҳо муроҷиат кунем, дар 11 ноҳияи вилояти Бухоро, назири шаҳрҳои Газлӣ ва Когон ҳудуди 800 тан аз нақзкунандагони қонун ба корҳои фоиданок ҷалб шуда ва ба пахтачинӣ машғул ҳастанд”.
РОҲҲОИ РАФЪИ ФОҲИШАГӢ
Як муаллими 48-солаи мактаби Бухоро, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки “ба ислоҳи фоҳишагӣ аз тариқи ҷалби онҳо ба пахтачинӣ” бовар дорад.
Ӯ мегӯяд: “Раиси вилоят ба ҳар милисаи нозири маҳалла амр кардааст, то 50 нафарро пайдо карда ва ба пахтачинӣ фиристанд. Дар “Микрорайон”-ҳои Олоту Қарокӯл милисаҳо фоҳишаҳоро ба ин кор ҷалб кардаанд. Зеро аскари фоҳишаҳо дар ин манотиқ зиндагӣ мекунанд. Аҷоиби кор дар он аст, ки фоҳишаҳои бекор аз кори пахтачинӣ хушашон меояд ва аз дигарон бештар пахта ҷамъоварӣ мекунанд. Дарк кардам, ки агар машғулият бошад, занҳо ҳеч гоҳ ба фоҳишагӣ даст намезананд”.
Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ, дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта сарояндаю раққосаҳо ва ҳунарпешаҳои синамою театрҳои шаҳри Тошкандба корҳои саҳро ҷалб шудаанд.
Дар Узбакистон иҷборан ба ҷамъоварии маҳсули пахта фиристодани кормандони мактабу кӯдакистон, муассистоти таҳсилоти олӣ, бемористонҳо, корхонаҳои саноатӣ ва идораҳои давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Пас аз мамнӯъ шудани истифода аз меҳнати мактаббачаҳо дар ҷамъоварии ҳосили пахта ин бори сангин ба шонаи кормандони идораҳои давлатӣ афтодааст.