Қатли хоҳар бо 11 зарби корд дар Хуҷанд

Як сокини шаҳри Хуҷанд дар пайи “муноқишаи хонаводагӣ” хоҳари худро бо 11 зарби корд ба қатл расондааст. Ҷузъиёти муноқиша рӯшан нест ва мақомот мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ хоҳанд кард.

Идораи умури дохилии вилояти Суғд аз куштори як сокини 34-солаи шаҳри Хуҷанд ба дасти бародараш хабар дод. Масъулони ин ниҳоди қудратӣ мегӯянд, Мурод Юлдошев, сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд, “дар пайи муноқишаи оилавӣ” хоҳараш – Дилафрӯзро бо ёздаҳ зарби корд ба қатл расондааст.

Идрис Наҷмиддинов, нозири пулис дар маҳаллаи 31-уми Хуҷанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Мурод Юлдошев сабаби муноқиша бо хоҳарашро “бероҳагардӣ”-и ӯ донистааст. Юлдошев гуфтааст, “Дилафрӯз ин гуна кораш обрӯву шарафи хонаводагиро доғдор мекард”.

“Он шаб Мурод аз модараш, ки дар маҳаллаи Палоси канори шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, хоҳиш кардааст, то Дилафрӯзро ба хонаи иҷораи ӯ барои рӯбучин фиристад. Мурод ва Дилафрӯз Юлдошевҳо аслан дар хонаи волидайни худ, дар маҳаллаи Палоси канори Хуҷанд, аз нигоҳи маъмурӣ тобеи шаҳри Чкалов, сабти ном шудаанд. Вақте Дилафрӯз меояд, байнашон муноқиша ва ҷанҷол сар мезанад ва Мурод хоҳарашро бо 11 зарби корд ба ҳалокат мерасонад”,-афзуд Идрис Наҷмиддинов.

Дар моҳи равон ин 4-умин ҳодисаи ба ҳалокат расонидани сокинон дар вилояти Суғд дар пайи хусумату ҷанҷол ва муноқишаҳои оилавӣ аст. Афроди гумонбар дар ин 4 ҷиноят аз сӯи пулис ошкор ва дастгир карда шудаанд. Сабабҳои сар задани ҷанҷолу муноқишаҳои марговар, ба гуфтаи афроди огоҳ, мушкилоти рӯзгор, бекорӣ, асабонияти шадид, таҳаммулнопазирии ҳамдигар, ҳимоят аз шаъну шарафи оилавӣ мебошанд.

Шаҳодат Холиқова, ҳуқуқшиноси маркази ҷамъиятии «Бонувон», ки ба занону духтарони хушунатдида ёриҳои ройгони ҳуқуқӣ мерасонад, мегӯяд, ҳеҷ кадом аз ин сабабҳо ба касе ҳақ намедиҳад, ки шавҳар, зан ё хоҳари худро аз ҷон маҳрум кунад:

“Бисёр одамон боварҳои омиёнаро масалан, дар мавриди ҳимояи обрӯ ва шаъну шарафи оила аз қадру манзалати инсон боло мегузоранд. Ин ҷавон ҳам, ки хоҳари худро ба ҳалокат расонидааст, ба эҳтимоли зиёд, аз тангназарӣ ба ин ҷиноят даст задааст. Ҷаҳонбинии ин гуна одамон танг буда, на ҳуқуқи худ, на ҳуқуқи дигаронро медонанду риоят мекунанд. Шояд, ба вай касе ҳам нагуфта ва нафаҳмонида бошад, ки на қонун ва на дин ба вай ба хотири ҳифзи шарафи оила хоҳари худро ба қатл расонад.”

Мурод Юлдошеви 25-сола, ки бо иттиҳоми қатли хоҳари худ дастгир шудааст, ба гуфтаи пулис, диплом ё ихтисосе надошта, ҷое ҳам кори муайян ва доимӣ надоштааст. Хоҳари вай Дилафрӯз дар бозори “Сомон”-и Хуҷанд ба ҳайси фурӯшанда кор мекардааст. Вай аз шавҳараш бо як кӯдак ҷудо шуда, сарпарастии ӯро бар дӯш доштааст. Ҳоло ин кӯдаки хурдсол бепадару модар дар хонаи модаркалонаш мондааст.

Биёре аз сокинони маркази вилояти Суғд куштори хоҳар аз сӯи бародарро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, ба хотири ҳифзи “ору номуси хонаводагӣ” ваҳшиёна ба қатл расонидани як инсон аз рӯйи ақлу мантиқ ҳам дуруст нест. Чунки ҷурми одамкушӣ, ба хусус қатли пайванди ҷонии худ обрӯву манзалати ҳар хонаводаро поин мебарад. Беҳтар мебуд вай хоҳари худро бо роҳи ёриву дастгирӣ дар ҳалли мушкилоти рӯзгораш ва тарбият аз роҳи бад мегардонд.