Як манбаъ аз Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 15 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Наҷмиддин Саидов -- бародари Абдуфатоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрукро бо ришва боздошт кардаанд.
Ин манбаъ гуфт, Наҷмиддин Саидов -- бародари Абдуфаттоҳ Ғоиб барои ваъдаи вазифаи “раиси бахши вилоятии гумруки Суғд” аз як шаҳрванд 600 ҳазор доллар гирифтанӣ шуда ва дар вақти дарёфти қисмате аз ин маблағ, боздошт шудааст.
Ин манбаъ мегӯяд, ҳоло Наҷмиддин Саидов дар боздошт аст ва алайҳи ӯ бо ҷурми "ришватситонӣ дар ҳаҷми махсусан калон" парванда боз шудааст. Тафтишот идома дорад.
Масъулини "Тоҷиксодиротбонк" дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ҳарчанд боздошти Н.Саидовро ба таври расмӣ тасдиқ накарданд, вале гуфтанд, ки феълан раиси филиали ин бонк дар Данғара дар рухсатӣ қарор дорад. Ба гуфтаи онҳо, "овозаҳои атрофи ӯ ба фаъолияти кории ӯ дар бонк рабт надорад".
Оҷонсии TojNews ҳам дар сомонаи худ ин хабарро нашр карда мегӯяд, ки тафтиши ин парванда дар дасти додситонӣ мебошад. Манобеи ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки Наҷмиддин Саидов дар заминаи "миёнаравӣ даст ба қаллобӣ задааст".
Моҳи марти имсол мақомот гуфтанд, раиси пешини намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Кӯҳистони Масчоҳро, ки ҳазорон сомонӣ пули сокинонро ба таври қаллобӣ аз худ намуда ва аз се сол ба ин тараф пинҳон буд, боздошт карданд. Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд рӯзи 5 март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Раҳмат Аюбов бар пояи шикояти сокини деҳаи Пастиғав Хайём Валиев боздошт шуда, алайҳи ӯ тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ”, парванда боз шудааст.
Азизмурод Сабуров, додситони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ моҳи марти соли гузашта дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "ин нафар депозити муштариёнро, ки дар бонк будааст, аз хазина гирифта ба эшон медиҳам гуфта, худаш хӯрдааст. Боз ҳаст ҳолатҳое, ки аз одамон барои депозит гуфта, пул гирифта аз худ кардааст. Ҳамаи маблағҳои азхудкардаи Аюбов ҳоло пурра маълум нашудааст, вале дар ҳоли ҳозир аз 300 ҳазор доллар зиёдтар пулҳои азхудкардаи вай ошкор шудааст».