Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи транзити амвол ва нерӯҳои Британия аз Афғонистон ба воситаи қаламрави Тоҷикистонро ба тасвиб расонд.
Бар асоси он нерӯҳои Британия аз роҳи ҳавоӣ ва таҷҳизоти низомии он боз роҳи заминӣ ҳудуди Тоҷикистонро убур хоҳанд кард.
Сайфулло Гиёев, узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии ин санади ҳуқуқӣ гуфт, «созишнома аз муқаддима ва 12 модда иборат буда, мувофиқи моддаи 6-ум ҳайати тарафи Британия ва кишварҳои сеюм ӯҳдадор мешаванд, ки қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои гумрукӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии дигарро риоя намуда, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накунанд. Албатта, бар ивази транзит ба Тоҷикистон маблағ дода мешавад, аммо ин маблағ чӣ қадар хоҳад буд, ҳанӯз мушаххас нест.»
Ҳамчунон мушаххас нест, ки чӣ теъдод аз нерӯ ва таҷҳизоти Британия ба воситаи Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт. Гуфта мешавад, ин арқом дертар муайян хоҳад гашт. Дар бораи масирҳои ҳаракати корвонҳои ҳарбии Британия аз Афғонистон то шимоли Тоҷикистон низ ҷузъиёте дода нашуд, вале, зоҳиран, вакилони маҷлис аз ин тафсилот огаҳӣ доштанд.
Раҳбари ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи ин санад, ҳавопаймоҳои низомии Британия, дар ҳолатҳои изтирорӣ метавонанд аз ҳамаи фурудгоҳҳои Тоҷикистон истифода баранд: «Тамоми фурудгоҳҳои Тоҷикистон дар ихтиёри нерӯҳои Бритониёи гузошта шудааст. Зеро ҳамаи онҳо, аз ҷумла фурудгоҳҳои Душанбеву Кӯлоб ва Хуҷанд дар сатҳи байналмилалӣ бунёд шуда тавони пазироии тайёраҳои бузург ва чархболҳои низомиро доранд.»
Вале ба гуфтаи ҷаноби Шабдолов, лавозимот ва таҷҳизоти низомии нерӯҳои Британия аз гузаргоҳи Панҷи Поён вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд. Барои ин гузаргоҳ роҳи байнулмилалӣ ва пуле рӯйи рӯдхонаи Панҷ сохта шудааст. Ин пул бо сармоягузории ИМА дар соли 2008 сохта шуда, ба убури техникаи вазнини ҳарбӣ тобовар аст. Як манбаи наздик ба мақомоти ҳарбии Тоҷикистон мегӯяд, корвонҳои ҳарбии Британия аз Панҷи Поён ба воситаи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Кофарниҳон, Файзобод, Нуробод ва Ҷиргатол ба Ош ва аз он ҷо ба Бишкек раҳсипор хоҳанд шуд.
Ҳарчанд Британия то ҳол танҳо бо Тоҷикистон созишномаи транзити амвол ва нерӯҳояш аз Афғонистонро имзо кардааст, Лондон бо Тошканд низ гуфтушунид дорад, то аз роҳи оҳани Узбакистон истифода кунад. Сафири Британия дар Тоҷикистон, Робин Орд-Смит, пас аз имзои ёддошти тафоҳум бо мақомоти Тоҷикистон дар моҳи апрели соли равон гуфта буд, ки кишвараш дар ивази ризоияти Душанбе ба боз кардани ҳамрими ҳавоӣ ва заминияш барои хуруҷи нерӯ ва таҷҳизоти Британия ба Тоҷикистон як миқдор таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фаннӣ хоҳад дод. Аммо ин нукта дар санади ниҳоӣ зикр нашудааст.
Аммо Сайфулло Гиёев, узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон гуфт, Душанбе аз Лондон хостааст, таҷҳизоти мушоҳидаи шабонаро барои таҳкими дидбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон ба марзбонони тоҷик вогузор кунад.
Эҳтимол меравад, хуруҷи нерӯҳо ва интиқоли таҷҳизоти Британия ба зудӣ шурӯъ шуда, то поёни сол 2 800 ва соли оянда 5 200 низомии ин кишвар аз Афғонистон бароварда шаванд. Британия дар Афғонистон 9,5 ҳазор сарбозу афсар, 11 ҳазор контейнер таҷҳизоти низомӣ ва наздик ба 3000 зиреҳпӯш дорад.