Арӯси пурнақшу нигори Косово
Занони маҳаллӣ Селлма Демировичро ба ҷашни арӯсӣ омода мекунанд. Арӯсони деҳаи Донйе Любинйе, ки аксари 3 ҳазор сокинаш босниягӣ мебошанд, маъмулан ҳамингуна бо сурати пурнақшу нигор дар шаби арӯсӣ иштирок мекунанд. Ин деҳа дар мавзеи кӯҳии Шар дар марзи байни Косово ва Македонияи Шимолӣ ҷойгир аст.
Симои арӯсро Азиза Сефитагичи 73-сола ранг мекунад. Расме, ки таърихи қадимӣ дорад, бо гузашти ҳазорсолаҳо аз байн нарафтааст.
Рақси занони Донйе Любинйе пеш аз маросими арӯсӣ.
Сефитагич мегӯяд, наққошии рӯйи арӯс ба хотири аз бахти бад нигоҳ доштани ӯ ва оилаи наваш одат шудааст. Ин зани рӯзгордида яке аз охирин шахсонест, ки шакли дурусти наққошии рӯйи арӯсро медонад. Ҷавонон, ба гуфтаи ӯ, ба ин ҳунар майли зиёд нишон намедиҳанд.
Се доираи тиллоӣ рамзи зиндагӣ, доираҳои сурх рамзи идомаи насл ва омехтаи сурху кабуд рамзи зиндагии хушбахту солим аст.
Сарулибоси арӯсро бонувони маҳаллӣ мепӯшонанд.
Ошпази маҳаллӣ хӯроки тӯйро омода мекунад.
Кулоҳ рӯймоли арӯсиро нигоҳ медорад.
Арӯсро аспсавор аз кӯчаҳои деҳ мегузаронанд
Занони деҳа ба ҷашнгирии тӯи арӯсӣ омода шудаанд
Рӯи арӯс тамоми вақт пӯшида мемонад
Тамошобинон ҳам барои дидани як арӯсии суннатӣ ҷамъ шудаанд
Дар ҷараёни маросим рӯи арӯс боз мешавад ва меҳмонҳо чеҳраи наққошии ӯро мебинанд
Демирович ва домодаш Феҷад Карадоллами (дуюм аз чап) рақс мекунанд
Меҳмонҳои ҷашни арӯсӣ
Вазъи иқтисодии деҳаи Донйе Любинйе хуб нест ва аксар сокинони он дар гӯшаҳои дигари Аврупо кору даромад меҷӯянд. Аз инҷо рафтани мардум ҳифзи анъанаҳои аҷдодиро зери зарба мебарад. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, чанд сол баъд эҳтимол расми қадимаи наққошии рӯи арӯс ҳам ба нестӣ меравад.