Бозори "Панҷшанбе": таърихи зинда дар соҳили дарёи Сир

Бозори "Панҷшанбе" дар шаҳри Хуҷанд. 15-уми июни соли 2024

"Панҷшанбе" - бозори калонтарин дар Тоҷикистон ва яке аз нуқтаҳои бузургтарини хариду фурӯш дар Осиёи Марказӣ аст. Таърихи он ба замонҳои қадим бармегардад ва ҳоло ин бозор таваҷҷуҳи ҳазорҳо сайёҳро аз тамоми кишварҳо ба худ ҷалб мекунад.

Бозори "Панҷшанбе" дар Хуҷанд бо дарёи Сир (Сайҳун) иртиботи ҷудонашаванда дорад. Ҳар чизе, ки дар инҷо мефурӯшанд, дар соҳили ин дарё рӯйидааст.

Намое аз бозори "Панҷшанбе". Хуҷанд, 14-уми июни соли 2024

Бозори "Панҷшанбе" корти шиносоӣ ва аз маконҳои дидании Хуҷанд аст. Дар як замоне тамоми зиндагии мардум дар ҳамин макон буд: одамон якдигарро дар бозор медиданд, барои дастархони идона харид мекарданд, ба хӯрдани палав меомаданд, хабарҳоро мешуниданд ва чой менӯшиданд.

Бозори "Панҷшанбе". Хуҷанд. 14-уми июни соли 2024

Нақл мекунанд, ки дар замонҳои қадим Сирдарё аз наздикии бозор мегузашт ва маҳз барои ҳамин инҷо макони муносиб барои савдо буд. Баъдан дарё маҷрои худро дигар кард, бозор ҳам ба тарафи дигар кӯчонда шуд.

Муҷассамаи амир Исмоили Сомонӣ. Шаҳри Хуҷанд. 17-уми июни соли 2024

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Марказӣ аст, ки таърихи 2,5 ҳазорсола дорад. Ин шаҳр дар соҳили Сирдарё ва дар роҳи тиҷоратие ҷойгир аст, ки корвонҳо миёни хонигарии Қуқанд ва Аморати Бухоро аз онҷо равуо мекарданд. Дар худи шаҳр ҳам тиҷорат рушд карда буд. Дар гузашта Хуҷандро деворҳои баланд иҳота мекарданд ва роҳҳои даромаду баромад ба шаҳр ҳамеша серодам буд. Дар чанд чорроҳаи шаҳр бозорҳо пайдо шуданд. Дар рӯзи асосии бозор аз тамоми ноҳияҳои атроф савдогарон ба инҷо меомаданд.

Бозори "Панҷшанбе". 14-уми июни соли 2024

"Панҷшанбе" дар забони тоҷикӣ номи яке аз рӯзҳои ҳафта аст. Маҳз дар ҳамин рӯз бозори асосӣ буд. Дар Хуҷанд чанд бозор ҳаст, ки номи рӯзҳои ҳафтаро дорад, аз ҷумла чоршанбе, шанбе ва якшанбе.

Занони савдогар дар бозори "Панҷшанбе". 14-уми июни соли 2024

Ин растаҳо дар бозор соли 1964 сохта шудаанд ва он замон "Панҷшанбе" бузургтарин бозор дар Осиёи Марказӣ буд. Феълан аз бозори куҳна, ки дар замони Шӯравӣ вуҷуд дошт, амалан чизе намондаст.

Бозори "Панҷшанбе." 14-уми июни соли 2024

Сокинон мегӯянд, дар инҷо маҳсулоти тозаро метавон бо нархи арзон харид, чун фурӯшандаҳо зиёданд ва дар миёни онҳо рақобати сахт аст. Дар бозори "Панҷшанбе" на танҳо сокинони атроф, балки шаҳрвандони Узбекистон ҳам савдо мекунанд, ки хонаашон аз бозор чандон дур нест. Қаблан деҳқонон аз Қирғизистон ҳам маҳсулоти худро ба бозор меоварданд, вале баъд аз муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон марз баста ва додугирифт бас шуд.

Дӯкони фурӯши гӯшт дар бозори "Панҷшанбе." 14-уми июни соли 2024

Дар шафати "Панҷшанбе" бозори дигаре ҳаст, ки мардум ба он "Афғонбозор" мегӯянд. Дар инҷо тоҷикони Афғонистон савдо мекунанд. Шумораи онҳо зиёд аст. Баъд аз бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон, тоҷирони он кишвар интиқоли маҳсулотро ба Тоҷикистон қатъ карданд.

Бозори "Панҷшанбе." 14-уми июни соли 2024

Одамон чунин меҳисобанд, ки ҷойгир будани "Панҷшанбе" дар паҳлӯи мақбараи Шайх Маслиҳатдин барои рушди бозор мусоидат кардааст. Ӯ дар асри 12 зистааст. Шоир ва ҳокими Хуҷанд буд. Мақбараш дар паҳлӯи бозори "Панҷшанбе" ҷойгир аст. Дар саҳни мақбара масҷид аст, ки сокинон барои намозхонӣ ба онҷо меоянд ва баъди адои ибодат барои харид ба бозор мераванд.

Мақбараи Шайх Маслиҳатдин. Хуҷанд, Тоҷикистон. 18-уми июни соли 2024.

Шайх Маслиҳатдин дар деҳаи Унҷӣ, дар канори Хуҷанд дафн карда шудааст, вале баъдан хоки ӯро ба шаҳр оварда гӯрондаанд. Ин мақбара чанд дафъа хароб шуд ва дар асри 16 ба шакли ҳозирааш сохта шуд.

Майдони назди мақбараи Шайх Маслиҳатдин. Хуҷанд. 18-уми июни соли 2024

Мақбара бо тарзи хоси меъморӣ бунёд шуда, манораи 20-метрӣ дорад. Атрофи мақбара доим аз сайёҳон ва аксбардорон пур аст. Дар инҷо кабӯтарҳо "хона кардаанд".

Деҳқонон маҳсулоти худро дар майдони назди бозори "Панҷшанбе" савдо мекунанд. Хуҷанд, 14-уми июни соли 2024.

Дар фасли тобистон "Панҷшанбе" шабонарӯз кор мекунад. Аз бегоҳ сар карда, деҳқонон аз тамоми вилояти Суғд дар майдони назди бозор ҷамъ мешаванд. Онҳо дастранҷи худ, аз ҷумла мева, сабзавот ва маҳсулоти шириро бо нархи яклухт ба савдо мегузоранд. Фурӯши яклухти маҳсулот то саҳар идома мекунад.

Ошпазҳо дар бозори "Панҷшанбе." 14-уми июни соли 2024

Дар майдони бозор барои деҳқонон оши палав омода мекунанд. Инҷо ягона нуқтаи "Панҷшанбе" аст, ки метавон дар шаб ҳам хӯрок хӯрд. Ошро якбора дар ду дег омода мекунанд ва ошпазҳо то 100 кило биринҷро дам мекунанд.

Самад, як ошпази тоҷик, мегӯяд, одатан оши палавро шабона намепазанд, вале деҳқонон, ки рӯзи дароз дар замин кор карда, маҳсулот ҷамъ мекунанд, пеш аз савдои шабона ба қувваи нав ниёз доранд. Ҳамаи маҳсулот барои омода кардани ош, аз ҷумла биринҷ, сабзӣ ва гӯшт аз ҳаминҷо аст. Биринҷи аз ҳама хуб дар соҳили Сирдарё мерӯяд.

Деги оши палов дар бозори "Панҷшанбе." 14-уми июни соли 2024

Аъзои оилаи Самад беш аз 30 сол боз дар бозори "Панҷшанбе" кор мекунанд. Онҳо барои тоҷирон ва харидорон палаву санбӯса пешниҳод мекунанд. Онҳо вақти суҳбат надоранд, кор ҷӯш мезанад, деҳқонони гурусна дар атрофи дегҳо мегарданд ва лаҳзаи аз ҳама муҳим фаро мерасад, бояд биринҷро ба дег резанд ва ошро дам кунанд.

Фурӯши "малина" дар бозори "Панҷшанбе." 15-уми июни соли 2024

Кам нест ҳолатҳое, ки тоҷирони бозори маҳсулотро яклухт аз деҳқонон мехаранд ва рӯзона бо нархи чакана ба мардум мефурӯшанд. Гулбаҳор яке аз ҳамин фурӯшандаҳо аст. Ин зан розӣ шуд, ки бо мо суҳбат кунад, вале хоҳиш кард, ки акси ӯро нагирем.

Гулбаҳор мегӯяд, 15 сол аст, ки дар бозори "Панҷшанбе" кор мекунад: "Ман омӯзгор ҳастам, вале дар инҷо пули бештар меёбам. Ҳар шом халтаҳои картошка ва сабзиро аз деҳқонон мехарам ва субҳ онро бо нархи бозор мефурӯшам. Ба болои нархи маҳсулот 30 дарсад илова мекунам."

Майдони назди бозори "Панҷшанбе." 18-уми июни соли 2024.

Рӯзона савдо асосан дар дохили бозор аст ва майдони назди "Панҷшанбе" макони сайругашти оилавист. Дар инҷо ширинӣ ва нӯшобаҳои сард мефурӯшанд ва ҷавонон сайругашт мекунанд.

Майдони назди бозори "Панҷшанбе" дар вақти адои намози иди Қурбон. 15-уми июни соли 2024

Ҳангоми идҳои исломӣ сокинон дар майдони назди бозори "Панҷшанбе" намоз мехонанд. Дар рӯзи намози иди Қурбон, яке идҳои муқаддас барои мусалмонон ҳазорҳо нафар дар майдони назди масҷид ҷамъ шуданд.

Намозгузорон пеш аз адои намози иди Қурбон дар майдони назди бозори "Панҷшанбе". 15-уми июни соли 2024

Аммо чунин майдони калон ҳам имкони ҷойгир кардани ҳамаро надорад ва мардум дар канори роҳ, пиёдароҳҳо ва зинапояҳои рӯбарӯи бозор мешинанд.

Фурӯши сихкабоб дар бозори "Панҷшанбе." 15-уми июни соли 2024.

Баъд аз адои намози ид, нонфурӯшҳо, фурӯшандаҳои мева ва ширинӣ дар майдон ҷамъ мешаванд, дуди ангишту бӯйи сихкабоб фазоро пахш мекунад.

Бозори "Панҷшанбе". 15-уми июни соли 2024

Ҷаззобияти асосии аксар бозорҳо дар Осиёи Марказӣ ғизои кӯчагӣ мебошад.

Самбӯсаи танурӣ дар бозори "Панҷшанбе." 18-уми июни соли 2024

Барои омода кардани санбӯса ду мард кор мекунанд. Онҳо равғанро ба болои санбӯса мемоланд, онро бо эҳтиёт ба рӯи табақ мегузоранд ва гармии танӯрро назорат мекунанд. Мо вақте ба онҷо расидем, ки танӯри якумро мекушоданд. Мо мунтазири фармоиши худ бо сокинон суҳбат мекунем. Як марди солхӯрда, ки барои насӯхтан ба рӯяш матои ғафс пӯшондааст, ба ёд меорад, ки дар охири замони Шӯравӣ дар наздикии Свердловск хидмат кардааст. Вай мегӯяд, то чанде пеш барои кор ба Русия мерафт, аммо зиндагии муҳоҷирони корӣ рӯз то рӯз дар Русия мушкил шуда, аз ҷумла тафтиши доимии пулис ва афзоиши бегонаситезӣ дар миёни сокинони маҳаллӣ ӯро хаста кардааст. Ҳоло дар Хуҷанд кор карда, санбӯса мепазад. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои таъмини оила бояд бисёр заҳмат кашад.

Санбӯсаи танӯрӣ дар бозори "Панҷшанбе." 18-уми июни соли 2024.

Ошпазҳо мегӯянд, ки санбӯсаро бояд ҳарчи бештар дар танӯр нигоҳ дошт, то гӯшти гӯсфанд нағз пазад ва бӯйи хуши пиёзро ба худ гирад ва шарбаташ ҳосил гардад. Санбӯсаи мо бо табақ, чангак ва корд пешкаш карда мешавад: қисмати болоро бодиққат бурида, бо чангак хӯрдан лозим аст.

Бозори "Панҷшанбе". 15-уми июни соли 2024

Садову бӯй ва дӯконҳои рангорангашро паси сар гузошта, аз бозори "Панҷшанбе" ба берун мебароем. Аллакай деҳқонон шомгоҳон дар майдон ҷамъ мешаванд, зиндагӣ дар "Панҷшанбе" мисли пештара идома дорад. Начандон дуртар аз инҷо дарёи Сир ҷорист. Рӯде, ки одамон, заминҳо ва замонҳоро ба ҳам мепайвандад.