Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларус дар остонаи ҷашни байнулмилалии Наврӯз 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.
Бозӣ бо мунтахаби Беларус барои тими миллии Тоҷикистон зери раҳбарии Гела Шекиладзе, мутахассиси 54-солаи гурҷӣ, марҳилаи омодагӣ ба нахустин бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад, ки 25-уми март дар Душанбе доир мегардад.
Мунтахаби Беларус бошад, бо роҳбарии Карлос Алос Феррери 49-сола, мутахассиси испаниягӣ, ки аз моҳи августи соли 2023 вазифаи сармураббии дастаро ба зимма дорад, ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 омодагӣ мебинад.
Футболбозони беларус дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Португалия ё Дания, Юнон ва Шотландия рақобат мекунанд. Аввалин бозии мунтахаби Беларус 6-уми сентябри соли 2025 дар меҳмонӣ бо тими миллии Юнон доир мегардад.
Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA мунтахаби Беларус бо 1226,31 имтиёз дар ҷойи 98-ум ва Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар зинаи 104-ум қарор доранд.
Бозии дӯстона
20-уми марти 2025 (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 16:00
Тоҷикистон – Беларус
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ