Чанд шабакаи телевизионии Амрико, аз ҷумла ABC News, рӯзи 11-уми июн ба нақл аз манбаъҳои худ дар мақомоти интизомии Амрико дар ин бора хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаи онҳо, тафтиши аввалияи боздоштшудаҳо дар марз ҳеч хатареро ошкор накардааст, бинобар ин, ба онҳо иҷозат додаанд вориди Амрико шаванд.
Гуфта мешавад, айни замон мақомот ба ихроҷи онҳо аз қаламрави Амрико талош доранд, чун барои исботи гуноҳи онҳо дар терроризм далелҳои кофӣ дар даст нест.
Ба навиштаи ин расона, айни ҳол гумонбарон дар боздоштгоҳҳои Идораи муҳоҷират (ICE) нигоҳ дошта мешаванд. Амалиёти боздошт дар ҳамоҳангӣ бо шохаи мубориза бо терроризми FBI -- Хадамоти федеролии кашфи Амрико, сурат гирифтааст.
Мақомоти Амрико таъкид кардаанд, ки камаш ду нафар аз ин афрод дар баҳори соли 2023 вориди хоки Амрико шуданд. Яке дигар дар чорчӯби барномаи ҳукумати Амрико барои муҳоҷирон ва дархости паноҳандагӣ вориди Иёлоти Муттаҳида шудааст.
Се манбаи огоҳ ба шабакаи NBC гуфтаанд, гурӯҳи вижаи зиддитерроризми FBI аз як таҳдиди террористӣ, ки маншаи он дар Аврупои Марказӣ аст, огоҳ буд ва ба унвони бахше аз таҳқиқот назоратро бар ин афрод оғоз карда буд.
Як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико ҳам дар ин бора гуфтааст, ки FBI муддати чанд моҳ ин афродро зери назар дошт ва фаъолиятҳои онҳоро аз наздик пайгирӣ мекард.
Рӯзномаи "Ню-Йорк Пост" бо такя ба манбаъҳояш навиштааст, ки мақомот суҳбатҳои телефонии шахсони гумонбарро гӯш мекардаанд ва гуё яке аз онҳо дар бораи бомба суҳбат доштааст.
Дар ду соли охир садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон тавассути Мексика вориди Амрико шуда, аз ин кишвар хоҳони паноҳандагӣ шуданд. Аммо ахиран мақомоти Амрико шароити вуруди муҳоҷиронро ба ин кишвар сахттар кард.
Аз ҷумла, президент Ҷо Байден ҳафтае қабл дастур дод, муҳоҷироне, ки аз марз ғайриқонунӣ убур мекунанд, дарҳол ихроҷ шаванд. Қаблан афсарони Идораи муҳоҷират ҳаққи ихроҷи муҳоҷиронро надоштанд ва танҳо додгоҳ чунин ҳукм содир мекард.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 10-уми июн расонаҳои Амрико навиштанд, мақомоти интизомӣ дар аёлати Калифорния дастур гирифтанд, ки муҳоҷрирони болиғ - шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон ва чанде аз кишварҳои дигари пасошӯравиро, ки аз гузаргоҳи Сан-Диего вориди Амрико мешаванд, дарҳол ихроҷ кунанд. Ин гузаргоҳ яке аз масирҳои асосии вуруди муҳоҷирон аз марзи Мексика ба Амрико аст.