Таҳлилгарони масоили минтақаӣ ҳадс мезананд, ки моҷароҳо дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин зудӣ хатм нахоҳанд шуд.
Соли гузашта, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар мавзеъҳои марзии кишварҳои Осиёи Марказӣ даҳҳо моҷароҳои хурду бузург ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳодисае амсоли ҳаводиси чанд рӯзи пеш дар марзи миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон 27-уми апрел ҳам рӯй дода буд - он вақт ҳам мақомоти Қирғизистон мехостанд дар мавзеи баҳсӣ роҳи нав бунёд кунад, ки боиси норозигии сокинони Воруху Хоҷаи Аъло ва сангандозиву занозаниҳо шуда буд.
Аз ин пеш, як сол қабл - рӯзи 7 январ низоъ миёни сокинони Қирғизистон ва ноҳияи Сӯх ҳатто ба гаравгонгирӣ ва бастани роҳҳо барои чандин ҳафта мунҷар шуд. Моҷаро баъди он сар зад, ки сокинони рустои Ҳушёри ҷазирақаламрави Сӯх, ки ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон тааллуқ дошта, дар дохили ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон ҷойгир аст, аз насбкунии хатҳои барқгузар (ЛЭП) дар минтақаи марзӣ аз ҷониби марзбонон қирғиз изҳори норизоият карданд ва ин ба бархӯрди миёни онҳо печид. Дар авҷи низоъ сокинони ӯзбактабори Сӯх тақрибан 30 сокини рустои қирғизии он сӯи марзро гаравгон гирифтанд. Мақомоти Ӯзбакистону Қирғизистон ба хотири таҳқиқи ҳодиса комиссиюни муштарак таъсис карданд. Кор то ҷое расид, ки ҳатто Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷонибҳоро ба хештандорӣ ва муколама даъват намуд.
Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон, ҳадс мезанад, ки моҷароҳо дар марзҳои се кишвар – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз ин баъд низ рӯй хоҳад дод, зеро тули бист сол ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба аломатгузории марзҳо корро худро анҷом надоданд ва дар ин самт
пешрафте ба чашм нарасид. “Имрӯз ҳал кардани ин мушкил назар ба бист соли пеш сангинтар шудааст. Ва он чӣ ахиран дар марзи миёни Қирғизисону Тоҷикистон рӯй дод, метавонам бигӯям, ки ин гуна ҳаводис аз он сар мезананд, ки ҷонибҳо дар мавриди муайян карданӣ хатти марз ба ҳамдигар гузашт карданӣ нестанд”, мегӯяд сиёсатмадори қирғиз.
Аз нигоҳи Мирослав Ниёзов, “то он замоне, ки ба ин қазия сарони ду кишвар дахолат накунанд ва то он замоне, ки дар минтақаҳои баҳсталаби марзӣ ин ё он ҷониб кореро анҷом медиҳад, ин мушкил ҳал нахоҳад шуд”.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, аз 970 километр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон фақат 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Дар мавзеъҳои Лайлаки вилояти Ӯш ва вилояти Бодканд ва дар ноҳияҳои Исфара ва Ҷиргатоли Тоҷикистон тақрибан 70 минтақаи баҳсталаб боқӣ мондааст. Мақомоти ду кишвар соли 2002 ба муқаррарсозии хатти марз шурӯъ кардаанд, вале печидагии хатти марз ва мавҷудияти ҷазирақаламравҳо ин равандро кунд кардааст.
Аломатгузорӣ дар марзи миёни Қирғизистону Ӯзбакистон ҳам дар марҳалаи ибтидоӣ қарор дорад – аз 1300 километр марзи муштарак ҷонибҳо ба аломатгузории 250 километр хатти марз муваффақ шудаанду халос. Тошканду
Бишкек аз 70 то 100 минтақаро баҳсталаб унвон кардаанд. Чунин мавзеъҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳам кам нестанд. Гуфта мешавад, ки хатари сар задани низоъҳо дар марзи миёни Ӯзбакистону Қазоқистон ҳам мавҷуд аст. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як суханронӣ тайид карда буд, ки дар манотиқи марзӣ қазоқҳову ӯзбакҳо ба таври омехта ба сар мебаранд ва баҳсҳо барои истифодаи об пайваста рӯй медиҳанд. Як бархӯрди ночизи “каландӣ”, ба гуфтаи раҳбари Қазоқистон, метавонад фоҷиаи байниқавмиро ба думбол дошта бошад.
Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсати шаҳри Маскав, мегӯяд, аз нигоҳи рӯй додани низоъҳои минтақаӣ водии Фарғона осебпазиртарин боқӣ мемонад. Аз нигоҳи ӯ, “ин водӣ, метавон гуфт, таркишзотарин минтақаи Осиёи Марказист, ки он ҷо мардуми зиёде ба сар мебаранд ва аммо норасоии замин мавҷуд аст. Дар ин минтақа дини ислом решаҳои жарфи таърихӣ дорад, аммо ислом дар ин ҷо, ба вижа, дар бахши ӯзбакистонияш мавриди фишори шадиди мақомот қарор гирифтааст. Баҳсҳо дар мавзеъҳои марзии Ӯзбакистону Қазоқистон ва ҳатто Туркманистон ҳам рӯй медиҳанд, вале онҳо қавмӣ нестанд ва бештар ба истифодаи замину чарогоҳҳо ва захираҳои обӣ марбутанд”.
Сиёсатшинос ин низоъҳоро мероси сиёсати "табартақсим"-и шӯравии собиқ дар тайини марзҳо миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мехонад ва боз ҳам водии Фарғонаро намуна меоварад, ки мардуми гуногунқавм дар кишварҳои гуногун ба сар мебаранд ва ин водиро ба минтақаҳои мансуб ба ин ё он қавм тақсим кардан кардан номумкин аст.
Артем Улунян ба даст доштани Тошканд дар моҷароҳои марзӣ миёни
Тоҷикистону Қирғизистон шак дорад, ҳарчанд иқрор мекунад, ки Ӯзбакистон бо ин ду ҳамсояаш дар робита ба қазияи бунёди нерӯгоҳҳои бузург “қаҳрӣ” аст ва ҳамчунин ба робитаҳои Душанбеву Бишкек бо назари ҳасад менигарад. “Аммо айни ҳол, бо назардошти он чӣ ки дар долонҳои ҳукумати Ӯзбакистон мегузарад, яъне, миёни атрофиёну пайвандони раисиҷумҳур ягонагӣ мавҷуд нест ва муқовимати гурӯҳҳо барои қудрат шиддат гирифтааст, даст задан ба ин гуна тавтеъа байид ба назар мерасад, зеро агар Тошканд вориди ин гуна қазия шавад, нерӯҳои беруна ҳам ба масоиили Ӯзбакистон дахолат хоҳанд кард ва ин ба манфиати кишвар нест”.
Артем Улунян меафзояд, ки Русия ба баҳсҳои марзӣ Русия дахолат нахоҳад кард ва "мухолифи моҷароҳо миёни кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аст, зеро он боиси заъифии созмон хоҳанд шуд. Аз сӯи дигар, Кремл миёнҷигарӣ миёни кишварҳои наздик ба Маскавро зиёд хуш надорад ва табиист, ки дар ин гуна моҷароҳо аз ягон ҷониб пуштибонӣ нахоҳад кард”. Ба гуфтаи ӯ, Маскав ва Остона барои фиристодани нерӯҳо ба хотири ҳалли низоъ ҳам иқдом нахоҳанд кард, зеро намехоҳанд вориди мушкил бо ин кишварҳои ҳамсоя шаванд. Сиёсатшинос мутмаин аст, ки Маскав “барои бидуни сару садо аз байн бурдани моҷарои марзӣ талош хоҳад кард”.
Анатолий Чехоев, собиқ вакили Думаи давлатии Русия, низ имкони ба низоъҳои густурда ё ҷанги миёни кишварҳо табдил шудани низоъҳои марзиро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин моҷароҳо аз сӯи мақомоти маҳаллӣ бидуни истифода аз силоҳ ҳаллу фасл хоҳанд шуд, зеро ягон кишвар хостори ҷангу ҷидол нест. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, Русия, ки мехоҳад нуфузашро дар Осиёи Марказӣ тақвият бахшад, ва Чин, ки дар минтақа тарҳҳои бузурги иқтисодиро татбиқ мекунад, ба аланга задани оташи низоъ дар минтақа роҳ нахоҳанд дод.