Комиссияҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи пайдо кардани роҳҳали тарҳи сохтмони роҳи мошингард аз Оқсой то Тамдиқ ва аз Хоҷаи Аъло то Ворухро баррасӣ доранд.
Як намояндаи наздик ба Комиссияи кории Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 21-уми феврал бо тасдиқи ин хабар ба"Озодӣ гуфт, ки аз дирӯз ҳайати комиссияҳои ду тараф дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд масъалаи пайдо кардани нақшаи дуруст барои сохтмони роҳи мошингард аз Оқсой то Тамдиқ ва ҳамчунин роҳи мошингард аз Хоҷаи Аъло то Ворухро баррасӣ доранд.
Ҳайати Комиссияи кории Тоҷикистон таҳти сарварии Шералӣ Хайруллоев, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаи дифоъ ва амният, бо шумули вазири нақлиёт Хайрулло Асозода ва раиси Кумитаи замин ва геодезӣ Маҳмадтоҳир Зокиров ҳамакнун дар Исфара мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан ҳудуди 4,5 километр бо паҳнои 500 метр қитъаи замин дар мавзеъи Оқсай талаб карда буд, ки барои аз анклава раҳо кардани Ворух мехоҳад роҳи мошингард бунёд кунад. Қароргоҳи комиссияи корӣ шаҳри Исфара буда, барои ташхиси ҷуғрофии қитъаҳои замин ва хатти роҳ ба деҳаи Хоҷаи Аъло ва Оқсой мераванд.
Ҷониби Қирғизистон дар машварат бо ҳайати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони роҳи мошингард қитъаи заминеро, ки бояд хатти роҳ аз деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон убур намояд, мушахас кунад.
Қарор аст гуруҳи корӣ тарҳи роҳҳоро дар мулоқоти ҳайатҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба аломатгузорӣ ва ташхиси марзи ду кишвар, дар моҳи март дар Душанбе ба баррасӣ пешниҳод кунад.
Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар як муноқиша бар сари сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой – Тамдиқ дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ҷониби Қирғизистон қисмате аз он роҳро дар ҳудуди ноҷияи Исфараи Тоҷикистон месозад, ба тирпарронӣ печид ва 2 марзбони тоҷику 5 марзбону ва як плиси қирғиз захм бардоштанд.
Дар пайи ин даргирӣ Бишкек марзҳояш бо Тоҷикистонро баста, сафирашро аз Душанбе фаро хонд ва сатҳи сафораташро пойин овард. Ҳамин тавр, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Душанбе чаҳор нота фиристод