Сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара умед доранд, масъалаи бунёди роҳи алоҳидаи наздимарзӣ, ки сохтмони як қисми онро Бишкек бар ӯҳда гирифтааст, базудӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Онҳо мегӯянд, ин мавзуъ дар нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ, ки дар Душанбе идома дорад, баррасӣ шудааст.
Роҳсозони тоҷику қирғиз ба сохтмони роҳҳои нави Ворух-Исфара ва Тамдиқ-Оқсой, ки ба сокинони ин маҳалҳои марзӣ имкони ҳаракати озодона ва бидуни убури маҳалҳои якдигарро медиҳад, моҳи сентябри соли гузаштаи 2014 баробар оғоз карда буданд. Сохтмони як қисмати ин роҳҳоро, ки ба ҳам мепайванданд, тибқи созиши байнидавлатӣ, Қирғизистон бар ӯҳда гирифта буд. Вале Насибиддин Нуриддинов, раиси ҷамоати Ворух мегӯяд, ҳоло ин роҳи ҳамагӣ чандкилометрӣ сохта нашуда, кори бунёди он ҳам аз чанд рӯз инҷониб аз сӯи роҳсозони қирғиз бо сабабҳои номаълум, мутаваққиф шудааст.
Вай афзуд: «Нигаронии сокинони Ворух аз он аст, ки чаро ҷониби Қирғизистон сохтмони ин роҳи ҳамагӣ чандкилометриро, ки сокинони Ворухро аз бунбасти коммунискатсионӣ раҳо хоҳад кард, ба таъхир меандозад. Танҳо анҷоми пурраи он аз ду самт ба сокинони ин ҷамоати марзии Тоҷикистон имкон фароҳам мекунад бо Исфараву қисматҳои дигари Тоҷикистон роҳи мустақим пайдо кунанд. Дар ҳоли ҳозир онҳо ба Исфара тавассути роҳе, ки аз деҳаи Оқсойи қирғизҳо, дар канори Ворух мегузарад, омадурафт мекунанд ва замони муноқишаҳо марзбонҳо ва сокинони қирғиз пеши он роҳро баста, сокинони Ворухро дар бунбаст қарор медоданд."
Ёдрас мешавем,ки дар пайи муноқишаҳои тӯлонии марзӣ дар ин маҳал байни сокинон ва марзбонҳои тоҷик қирғиз, созиш сари сохтмони ин роҳҳои нави мошингард дар канори Ворух, ҳамзамон бунёди чанд километр роҳ ва 2 пул дар ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нишасти ҳайатҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек рӯзи 27 август ба даст омада буд. Дар ин бора ҷонибҳо протоколе ба имзо расонида, эълон карда буданд, ки ба бунёди роҳу пулҳои барояшон хеле муҳим, ки мавзеъҳои марзии ҳар ду ҷонибро дар ин манотиқ аз бунбаст раҳо ва заминаи асосии муноқиашро аз байн хоҳад бурд, ҳамзамон оғоз карда, то охири сол ба анҷом расонанд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ахиран гуфт, ки Тоҷикистон сохтмони он қисмати роҳи Исфара-Ворухро, ки бар ӯҳда гирифта буд, ба анҷом расонда, ҳоло мунтазири анҷоми кор аз сӯи Қирғизистон аст: “Мо бунёди он қисмати роҳро, ки бар ӯҳда доштем, ба анҷом расондем, дар ин бора ман раисҷумҳурро ҳам дар ҷараён гузоштам. Вале аз чӣ бошад, ки ҷониби Қирғизистон дар ин кор саҳлангорӣ карда истодааст. Онҳо бояд ҳамон роҳи худро, ки пулҳояшро сохтанд, ба роҳи мо пайваст мекарданд. Аммо ин корро ҳанӯз накардаанд. Вале дар бораи сохтмони ин роҳҳо протоколи байнидавлатӣ ҳаст ва албатта , умедворам, ҳал мешавад. ”
Хадамоти матбуотии раиси Суғд мегӯяд, роҳи мошингарди Ворух-Исфара, ки аз ҷониби Тоҷикистон сохта шудааст, якуним километр дарозӣ ва 8 метр паҳно дошта, аз деҳаи Тоҷикони канори ҷанубии ҷамоати Ворух мегузарад ва мумфарш карда шудааст. Бунёди қисмати боқимондаи он аз ҷониби Қирғизистон ба сокинони Исфараву Ворух имкон медиҳад, бидуни убури деҳаи Оқсойи қирғизҳо, мустақиман равуо кунанд.
Раиси вилояти Суғд бо ишора ба он, ки мақомоти ҳукумати кишварашро аз таъхири раванди сохтмони ин роҳ аз ҷониби Қирғизистон дар ҷараён гузоштааст, умедворӣ кард, ки дар нишасти Душанбе, он ҳаллу фасл шавад.
Зимнан, ба гуфтаи хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бунёди роҳу пулҳо маънии муайян кардани хати сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро надорад ва марзбандӣ аз сӯи комиссияҳои босалоҳияти байнидавлатӣ ҷараён хоҳад гирифт.
Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, бо иштирокдорони ин нишаст аз ҷониби Тоҷикистон бинобар эҳтимоли дар толори музокироти гуфтугӯ қарор доштани онҳо, имкони тамос нашуд. Вале қабл аз оғози он Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар он ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ташхиси 351 километр қитъаҳои боқимондаи баҳсии марзи муштараки худро баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи Ҷумъабой Сангинов, то кунун ҳайати комиссияи муштарак тавонистааст аз 970 километри марзи муштарак, 519 километрро муайян кунад ва ҳоло ҳудуди 351 километр боқӣ мондааст.
Тавре Кумитаи марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳайати ҷониби Қирғизистонро дар ин нишаст Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон сарвари мекунад ва ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазир ҳузур доранд.
Бар пояи иттилоъи расмӣ, аз 970 километр хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон то кунун 519 километраш муайян шудааст. Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, фақат дар марзи миёни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд 39 қитъаи баҳсталаб мавҷуд аст ва дар заминаи истифода аз роҳҳои ягонаи марзиву манобеъи обу замин байни сокинони марзӣ муноқишаву ҷанҷолҳои хурду бузург сар зада, боиси ҷароҳат бардоштани сокинон аз ҳарду ҷониб мегардад.