Баҳси нотамоми китоб дар Тоҷикистон. Айб дар хонанда, нарх ё муҳтаво? САДО

Баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон номгӯи китобҳои нашршуда дар кишвар тақрибан ду баробар бештар, аммо теъдоди нашри онҳо камтар шудааст.

Барои мисол, агар як китоб дар Тоҷикистони Шӯравӣ ҳазорҳо нусха чоп мешуд, ҳоло аксаран аз 50 то 500 нусха нашр мешавад. Бо ин вуҷуд, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, "мардуми тоҷик зиёд китоб мехонанд ва асосан дар китобхонаҳо".

Масъалаи китобхонии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар поёни Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе охири ҳафтаи гузашта дубора матраҳ шуд. Қурбоналӣ Бурҳонзода, раиси Хонаи китоби Тоҷикистон, гуфт, соли 2018 дар кишвар беш аз шаш ҳазор номгӯи китоб чоп шуда, аммо теъдоди нашри бештари онҳо аз 50 то 200 нусха будааст.

Раиси Хонаи китоби Тоҷикистон афзуд, коҳиши теъдоди нашр боис шудааст, ки нархи китоб ҳам боло равад. "Ҳатто нашриёти "Адиб" осори шоирону нависандагонро то 500 нусха нашр мекунад. Дар бештаре аз ҳолатҳо наметавонем тақозо кунем, ки як нусхаи ин китобро дар ихтиёри Хонаи китоб гузоранд," -- гуфт Бурҳонзода.

Мутахассисон мегӯянд, аз 50 то 500 нусха нашр шудани як китоб барои кишваре, ки беш аз 9 миллион аҳолӣ дорад, "мояи таассуфу нигаронӣ аст".

Равшан Раҳмонӣ, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, мегӯяд, "маъмулан китобҳои илмӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар бо миқдори андак нашр мешаванд, зеро доираи хонандаҳои он маҳдуд аст. Аммо мояи нигаронии ман ин аст, ки миқдори адабиёти бадеӣ дар Тоҷикистон низ бо миқдори кам нашр мешавад. Ин барои аҳолии беш аз 9-миллионнафарӣ кофӣ нест."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазир гуфт, "тоҷикон китобхон ҳастанд". Дигарон чӣ мегӯянд?


Аммо мақомот чунин интиқодҳоро бепоя медонанд ва мегӯянд, мардум аз роҳҳои дигар китоб дастрас мекунанд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, коҳиши миқдори нашри нусхаҳои китобҳо дар бештаре аз кишварҳои пасошӯравӣ мушоҳида мешавад ва Тоҷикистон дар ин раванд истисно нест. Ба эътиқоди вазири фарҳанг, бо ин вуҷуд мардуми тоҷик ҳамчунон китобхон мондаанд.

"Мардум ҳоло бештар аз китобхонаҳо истифода мекунанд. Ҳамчунин, барои хонандаҳо нусхаҳои электронии китобҳоро дастрас намудаем. Тоҷикон китобхон буданд ва китобхон мемонанд", -- афзуд ӯ.

Соҳибназарон чунин иддаои вазири фарҳанги Тоҷикистонро зери суол мебаранд. Дар Тоҷикистон бо шумули китобхонаи мактабҳо теъдоди китобхонаҳо беш аз панҷ ҳазор аст. "50 ё ҳатто 500 нусхаи китоб ба кадом китобхона мерасад? Гузашта аз ин, ҳоло дар маркази пойтахти Тоҷикистон ҳеч дӯкони китобфурӯшӣ намондааст ва яке аз чунин фурӯшгоҳҳо соли гузашта ба далели фоидаовар набуданаш баста шуд", -- гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Масъалаи китобу китобхонӣ солҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам зиёд баҳс мешавад. Нигаронии баъзе аз рӯшанфикрон аз он аст, ки майли ҷавонон ба харидану хондани китоб бахусус осори донишмандону адибони тоҷик кам шудааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, ба сахтӣ ҳам бошад, теъдоди зиёди китобҳо чоп шудаанд ва дар дӯконҳои китобфурӯшӣ хобидаанд.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, ки онҳо ташнаи хондани асарҳои ҷолиб ҳастанд, аммо "намеёбанд". "Китобҳои ҷолибу хонданӣ хеле каманд. Чаро мардум ҳанӯз осори Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигаронро мекобаду мехонад? Ташнагӣ ҳаст, аммо бо чӣ шикананд?", -- суол гузошт Зариф, як сокини шаҳри Душанбе.

Баъзе аз фурӯшандаҳои китоб дар пойтахт низ тасдиқ мекунанд, ки бештари муштариёни онҳо осори нависандагони хориҷиро мепурсанд. Ба ин тартиб, ин баҳс ҳанӯз кушода аст, ки айб дар хонандаҳост, нархи китоб ва ё муҳтавои он?