Ширкатҳои букмекерии Тоҷикистон дар бозии нахустин ва ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 бартарии нисбиро бар тими мунтахаби футболи Русия мансуб медонанд.
Дар марказҳои букмекерӣ Душанбе ғалабаи Русияро бо коэффисенти 1.45, 1-50 пешгӯӣ мекунанд. Коэффитсенти ғалабаи мунтахаби Арабистони Саудӣ ба 9.2 баробар аст.
Мухлисони футболи тоҷик низ дар чанд соати қабл аз шурӯи рақобати тимҳои Русия ва Арабистони Саудӣ ба соҳибони майдон бартарӣ медиҳанд ва шартгузории худро дар марказҳои букмекерӣ ба ғалабаи ин даста сабт кардаанд.
Ин ки Русия дар кишвари худаш аст, дуруст. Агар мағлуб шавад, шарманда мешавад, аммо тими Арабистон ҳам имкони ғолибият хоҳад дошт
Насриддин Собиров, сокини шаҳри Душанбе, ки яке аз шартгузорони фаъол дар марказҳои букмекерӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо он ки шонси ҳарду даста баробар аст, аммо дастаи Арабистони Саудӣ бо тими мунтахаб аз кишварҳои аврупоӣ рақобати зиёд карда наметавонад. “Барои ин шартгузорӣ ҳам кардем. Тими Русия ҳади имкон як гол хоҳад зад. Вале ман фикр мекунам, дар ин бозӣ аз як гол зиёд намешавад”, - афзуд ӯ.
Бартарии начандон қавии тими мунтахаби Русия бар тими Арабистони Саудиро дар кишвари худ мухлисон ба омодагии начандон кофии русҳо ба Ҷоми ҷаҳонии футбол унвон мекунанд. Исмоил Саидов, сокини ноҳияи Рудакӣ мегӯяд, тими Русияро мухлисӣ мекунад ва агар соҳиби майдон дар ин бозӣ ғолиб наояд ё бозиро мусовӣ анҷом диҳад, шонси рақобат бо дигар дастаҳои гурӯҳро аз даст хоҳад дод.
“Зеро рақибони дигараш қавӣ аст. Барои ҳамин ҳаракат мекунад, ки дастболо шавад. Бо ҳисоби минималии 1:0. 60 фоиз боварӣ дорам, ки бурд карданаш мумкин аст”. Аммо ин мухлиси ҷоми ҷаҳонии футбол мегуяд, ба мусовӣ анҷом ёфтани ин рақобат чандон шубҳа надорад. Чун Арабистони Саудӣ низ як дафъа Русияро бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда буд.
Шартгузории мухлисон ва ё бозингарони аксари кулли марказҳои букмекерӣ дар Душанбе низ руи тими Русия аст. Ҳарчанд, таҳлилгарони масоили варзишии ин марказҳо мегӯянд, ин пешгӯиҳои мухлисон чандон қавӣ нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Далер Раҷаббеков, таҳлилгари варзишӣ дар ширкати букмекерии “Формула-55” мегӯяд, “аксари кули бозигарони марказҳои букмекерӣ дар ин ҷо шартгузорӣ мекунанд, бо такя ба бартарие, ки идораҳои букмекерӣ ба мунтахаби Русия медиҳанд. Яъне агар маркази букмекерӣ, Русияро дар ин рақобат бо коэффитсенти 1, 45-1, 50 бартарӣ медиҳад, мухлисон ҳам зери таъсири он фикр мекунанд ки Русия фаворит бошад, бояд ғалаба кунад”.
Аммо дар ин марказҳо мухлисони тими Арабистони Саудӣ кам ҳам нестанд. Онҳо мегӯянд футбол дар кишвар рушд кардааст. Аслишо, як мухлиси ҷоми ҷаҳонии футбол гуфт ба ғолибияти тими Арабистони Саудӣ бовар дорад ва барои ин шартгузорӣ ҳам кардааст. Вай “ин ки Русия дар кишвари худаш аст, дуруст. Агар мағлуб шавад, шарманда мешавад, аммо тими Арабистон ҳам имкони ғолибият хоҳад дошт”.
Ҳоло дар баробари натиҷаи бозӣ, зарбаҳои кунҷӣ ва зарбаҳо ба суи дарвоза шартгузорӣ шудааст.
Марказҳои букмекерӣ бартарии русҳо дар муқобили арабҳои саудӣ дар бозии ифтитоҳии ҷоми ҷаҳонро бо манзури соҳиби майдон будан, мухлиси бештар доштан ва мутобиқат бо обу ҳавои кишварашон медоданд. Аммо маҳорат дар бисёр маврид чунин марзҳоро мешиканад ва дар футбол ҳолатҳое зиёданд, ки фарворитҳои ғайричашмдошти мухлисон ва пешгуиҳои букмекерҳо ба шикаст мувоҷеҳ мешаванд.