Нашри китоби аксҳои Эмомалӣ Раҳмон

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, китоби 300-саҳифаии аксҳои раисиҷумҳур​ Эмомалӣ Раҳмонро ба нашр расондааст, ки гуфта мешавад бидуни муқоваи чарминаш 2,5 кило вазн дорад.

Далер Ғуфронов, раҳбари муассисаи нашриётии "Элита", рӯзи 22 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки масъулияти саҳифабандӣ ва нашри ин китоби аксҳои раисҷумҳурро ӯ ва гурӯҳи кормандонаш бар ӯҳда доштанд.​ "Маҷаллаи мо, ки бо сифати хеле хуб ва варақҳои муҷалло нашр мешуд ва мо бо нашриёт робита доштем, масъулони порлумон ҳам масълуияти нашри ин китоби аксҳоро ба дӯши мо вогузор карданд," – афзуд ӯ.

Ғуфронов гуфт, ин китоби аксҳо дар яке аз чопхонаҳои Туркия бо теъдоди 2000 нусха ва бо фармоиши Маҷлиси Намояндагон ба нашр расидааст. Китоби мазкур ба гуфтаи гирдоварандагонаш аксҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро аз замони оғози карйерааш дар соли 1992, суханрониаш дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ва сафарҳову дидору мулоқоташро дар бар мегирад.

Ӯ гуфт, "муаллифони кулли аксҳое, ки дар ин китоб ҷой дода шудаанд, аккосони худи президент ҳастанд. Шурӯъ аз Геннадий Ратушенко то Нақиб Муродзода. Ҳамаи ин маводро Маҷлиси Намояндагон аз Хадамоти матбуоти президент дархост карда ба мо супурданд. Мо танҳо онро саҳифабандӣ карда, омодаи нашр кардем." Далер Ғуфронов гуфт, ин китоби тозанашр барои фурӯш нест ва ҳангоми ташриф овардани меҳмонони баландпоя ва шахсони расмӣ ба Тоҷикистон ҳамчун дастовез ва ё "сувенир" туҳфа дода мешавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар тӯли тақрибан 24 соли ҳукуматдорияш беш аз бист китоб таълиф намудааст. Китобҳои таълифнамудаи Эмомалӣ Раҳмон бештар ба мавзӯъҳои таърихӣ рабт доранд ва аз тамоюлҳои сиёсии гузаштаву имрӯза, ки ба сарнавишти миллат таъсир доштаанд, ҳикоят мекунанд. "Аз Ориён то Сомониён", "Тоҷикистон дар оинаи таърих" аз намунаҳои ин навиштаҳост. Охирин китоби таълифнамудаи президент “Забони миллат - ҳастии миллат” аст, ки моҳи апрели соли равон дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоӣ шуд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон асарҳои таълифнамудаи президент дар толори алоҳида ба намоиш гузошта шудаанд. Бархе аз китобҳои раисиҷумҳур дар торнамои расмиаш низ дастрасанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 64 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Дар он рӯзҳо дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нирӯҳои Фронти халқӣ ва нирӯҳои содиқ ба ҳукумати муросои миллӣ ҳанӯз идома дошт ва ба ин далел иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиро дар Қасри Арбоб дар канори шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раисиҷумҳур расид. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд ва инак, 24 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, бахусус бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва тармими шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Кулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин пайваст, бунёди нақбҳои Чормағзаку Шаршар ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро аз комёбиҳои умдаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар 24 соли раҳбариаш мешуморанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 23 сол ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз натавонистааст мардумашро бо газу нирӯи барқ ва ҷои кор таӣмин кунад ва асбоби таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон то ҳол аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ба даст меояд. Маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ, саркӯби дигарандешон ва то имрӯз дар Тоҷикистон доир нашудани як интихоботе, ки аз сӯи нозирони байналмилалӣ озоду демократӣ эътироф шуда бошад, аз дигар нокомиҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад.