Чопи ду рисолаи “Муфтию-с-Сақалайн” дар илми калом

Ховаршиноси тоҷик Қурбоналӣ Идрисов дар нашриёти “Садро”-и шаҳри Маскав ду асари мутафаккир ва фақеҳи маъруфи асри 12 Наҷмиддин Ан-Насафӣ – “Ал-Ақоид-ан-Насафия” ва “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат”-ро дар як китоб нашр кардааст.

Нашриёти “Садро”-и шаҳри Маскав ду рисолаи мутаффакири шинохтаи асри 12 Наҷмиддин Ан-Насафӣ, маъруф ба “Муфтию-с-Сақалайн”-ро дар таҳияи раҳбари Сандуқи байналмилалии эроншиносӣ Қурбоналӣ Идрисов чоп кардааст.

Наҷмиддин Насафӣ яке аз фақеҳони мӯътабари мактаби ҳанафии мазҳаби суннии дини Ислом ба шумор меравад. Ӯ дар масоили фиқҳ, калом, тафсири “Қуръон”-у ҳадис ва адабиёт беш аз 100 рисола навиштааст, ки дар тӯли асрҳо як манбаи муҳими фиқҳӣ ба шумор рафта, ҳамчун китоби дарсӣ дар мадориси мазҳабии Осиёи Миёна, Русия ва Туркия истифода мешуд. Аммо аз ин осори фаровони “Муфтию-с- Сақалайн” то имрӯз танҳо теъдоди ангуштшуморе ҳифз шудааст.

Муҳимтарин асари Наҷмиддин Ан-Насафӣ “Ал-Ақоид-ан-Насафия” дар илми калом аст, ки ба забони арабӣ навишта шудааст, ва “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат”, ки як навъ шакли мухтасари “Ал-Ақоид” ба забони тоҷикист. Дар нашриёти “Сабро” ҳамин ду асари Насафӣ бо эҳтимоми Қурбоналӣ Идрисов ва дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Маскав чоп шудаанд.

Қурбоналӣ Идрисов дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин китоб тарҷумаи “Ал-Ақоид” ба забони русӣ ва баргардони “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат” ба хатти сириликро низ дар бар мегирад, то хонандагони тоҷик низ битавонанд ба ин асари муҳим ошноӣ пайдо кунанд.

Қурбоналӣ Идрисов

Қурбоналӣ Идрисов: Ин китоб дарбаргирандаи ду рисолаи Наҷмиддин Насафӣ, машҳур ба номи “Муфтию-с-Сақалайн”, фақеҳ, мутакаллим, муфассир, муҳаддис ва адиби маъруфи ҳавзаи Мовароуннаҳр ва Хуросон дар асри 12-уми мелодӣ мебошад. Рисолаи аввал бо номи “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат” аст, ки аз сӯи Наҷмиддин Насафӣ ба форсӣ навишта шудааст. Ва зоҳиран баъдтар, бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳ ва мақоме, ки забони арабӣ дар он аср дошт, “Муфтӣ Сақалайн” ин рисоларо худаш ба забони арабӣ тарҷума карда, баъзе масъалаҳоро, ки дар фарзияи форсии асар нест, дар тарҷумаи арабиаш илова кардааст. Ин асар бо номи “Ал-Ақоид-ан-Насафия” маъруф ва машҳур аст ва тайи чандин аср ҳамчун китоби дарсӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳони Ислом – сар карда аз Туркияву Миср гирифта то Ҳинду Покистон мавриди истифода қарор дошт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чопи ду рисолаи “Муфтӣ Сақалайн” дар илми калом

Радиои Озодӣ: Ин ду асар дар кадом шаклу ба кадом забон чоп шудаанд дар ин китоб?

Қурбоналӣ Идрисов: Ман “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат”-ро бо хатти форсӣ таҳия кардам, бо шарҳе тавзеҳоте, ки низ ба форсист. Аммо рисолаи дувум - “Ал-Ақоид-ан-Насафия”-ро ба забони арабӣ бо тавзеҳот омода кардам. Ин барои онҳое, ки ба хатту ба забони форсиву арабӣ ва бо илми калом ошноӣ доранд. Ҳамчунин барои касоне, ки наметавонанд аз хатти форсиву арабӣ истифода кунанд, “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат”-ро ба хатти сирилик низ баргардон ва “Ал-Ақоид-ан-Насафия”-ро ба забони русӣ тарҷума кардаам. Бо шарҳу тавзеҳот ба забони русӣ барои русзабонҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба забони асли ин асар ошноӣ надоранд. Худи ман муқаддимае ҳам дорам барои ин китоб. Профессор Виталий Наумкин - раҳбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Русия низ барои ин китоб сарсухане навишта, изҳори умед кардааст, ки он ба сифати китоби дарсӣ барои таълими илми каломи Мотуридӣ, ки реша дар таълимоти Имом Абӯ Ҳанифа дорад, дар Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия мавриди истифода қарор бигирад.

Радиои Озодӣ: Аммо агар аз шахсияти худи Наҷмиддин Ан-Насафӣ сӯҳбат кунем, ӯ чӣ шахсиятест?

Қурбоналӣ Идрисов: Наҷмиддин Ан-Насафӣ як донишманди бисёр забардаст аст дар фиқҳу калом, тафсиру ҳадис ва адабиёти арабиву форсӣ ва дар илми таърих. Ӯ беш аз 100 асар таълиф кардааст, вале мутаассифона, на ҳамаи ин китобҳо то имрӯз расидаанд. Ин донишманд аз аҳли Насаф аст. Насаф шаҳре аст дар наздикии Қаршии феълӣ дар ҷумҳурии Узбакистон. Номи аслӣ ва форсии Насаф Нахшаб аст. Ба ақидаи донишманди маъруфи рус Бартолд, Насаф шакли арабишудаи вожаи форсии Нахшаб аст. Баъдҳо ин шаҳр номи Қарширо гирифт, ки ба забони муғулӣ маънои қасрро медиҳад. Сабаби тағйири номи шаҳр ин мебошад, ки Кебекхони Чағатоӣ дар наздикии Нахшаб ё Насаб барои худ қасре бино карда буд ва аз ин рӯ, ин шаҳр номи Қаршӣ, яъне қасрро гирифт.

Наҷмиддин Ан-Насафӣ аз ҳамин шаҳр бархостааст, вале бештар дар Бухоро зиндагӣ ва таълиф кардааст. Дар Бухоро ва дар Самарқанрд пеши устодони бузургу забардасти замони худ дарс омӯхтааст. Худи Насафӣ ҳам шогирдони зиёде парвардааст. Барои мисол, Бурҳониддини Марғенонӣ, муаллифи “Ал-Ҳидоя”, яке аз мӯътабартарин китобҳо дар фиқҳи ҳанафӣ аз ҷумлаи шогирдони Наҷмиддин Ан-Насафӣ мебошад. Ин ҳам гуфтанист, ки худи Бурҳониддини Марғенонӣ муқаддимае барои китоби “Рисола дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат”-и устодаш Наҷмиддин Насафӣ ҳам навиштааст. Ин муқаддима ба забони форсист ва як санаду як ҳуҷҷати хеле муҳимест, ки ҳамзабону ҳамқавм ва ҳамхуни мо будани Бурҳониддини Марғенониро нишон медиҳад. Ин фақеҳи маъруф аз Риштон, як минтақаи маъруф дар ҳудуди Узбакистони имрӯза аст, ки аксари аҳолиашро тоҷикзабонҳо ташкил медиҳанд. Марғенонӣ як аз донишмандони забардасти дини Ислом аст ва “Ал-Ҳидоя”-и ӯ яке аз шоҳкориҳо дар илми фиқҳи ҳанафӣ эътироф шудааст. Барои худи ман ҳамчун пажӯҳанда ҳам хеле ҷолиб буд фаҳмидани ин, ки Бурҳониддини Марғенонӣ ҳам аз шогирдони Наҷмиддин Насафӣ будааст. Хушбахтона, муқаддимаи Марғенонӣ ба китоби устодаш то имрӯз боқӣ мондааст ва ман ин рисоларо бо муқаддимаи ӯ ба чоп расондам.

Радиои Озодӣ: Наҷмиддин Ан-Насафӣ чӣ гуна фақеҳе буд?

Қурбоналӣ Идрисов: Наҷмиддин Ан-Насафӣ дар масъалаҳои эътиқодӣ пайрави Абӯ Мансури Мотуридии Самарқандист. Абӯ Мансури Мотуридӣ як пешвои мусалмонони Осиёи Марказӣ ва тамоми ҳанафиёни дунёи Ислом шинохта мешавад. Таълимоти Мотуридӣ реша дар ақидаҳо ва дидгоҳҳои динии Абӯ Ҳанифа Нӯъмон Ибни Собит – асосгузори мазҳаби ҳанафӣ дорад. Яъне решаи таълимоти мактаби таълими каломии машҳур ба мактаби Абӯ Мансури Мотуридӣ, ки Наҷмиддин Насафӣ ҳам парвардаи ин мактаб аст, таълимоти Абӯ Ҳанифа аст. Инҳо ҳама намояндагон ва донишмандони барҷастаи фиқҳ ва каломи ҳанафианд.

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, таълимоти онҳо имрӯз ҳам қобили арзёбӣ ва истифода ҳаст?

Қурбоналӣ Идрисов: Бале. Тавре ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудаанд:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Ман фикр мекунам, ки имрӯз бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷараёнҳои навзуҳур ва хеле гуногуне, ки дар олами Ислом ба вуҷуд омадаанд, ошноӣ бо осори ин бузургони мисли Абӯ Мансури Мотуридӣ, Наҷмиддин Ан-Насафӣ, Бурҳониддини Марғелонӣ, ки аз уламои эътирофшудаи аҳли суннат ва ҷамоат ва намояндагони барҷастаи таълимоти Абӯ Ҳанифа ҳастанд, ошноӣ бо осори инҳо дорои аҳамияти хеле зиёд мебошад. Ва хеле таҷрибаомӯз ҳам ҳаст барои ҷилавгирӣ аз гароиши бахусус насли ҷавони мо ба гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ.

Ва ман дар муқаддимае, ки ба китоби Наҷмиддин Ан-Насафӣ навиштам, барои мисол, инро ҳам ишора кардам, ки назарияи Наҷмиддин Ан-Насафӣ дар хусуси инки ашё, яъне ҷисмҳо аз атомҳо таркиб ёфтаанд, далели он аст, ки ин бузургон ба дастовардҳо ва муваффақиятҳои илмие, ки дар он асри 12 вуҷуд дошт ва кашфиётҳои қаблии илми ҷаҳонӣ ошноӣ доштанд. Аз ҷумла бо назарияи атомизми мутафаккирони Юнону Руми қадим, мисли Демокрит, Эпикур. Ин фақеҳони мо бо ин назарияҳои илмӣ нафақат ошноӣ доштанд, балки ин назарияҳоро дар қолабҳои динии худ созгор карданд ва дар асарҳои худ аз ин назарияи атомизм истифода бурданд. Пайравони назарияи атомизм эътиқод доштанд, ки ҷисмҳо аз атомҳо таркиб ёфтаанд. Вале оё имрӯз уламои имрӯзаи мазҳабии мо метавонанд мисли Наҷмиддин Ан-Насафӣ бо дастовардҳои илми муосир чунин ошноӣ пайдо кунанд ва ин дастовардҳои илмиро дар қолабҳои динӣ мисли ӯ баён кунанд? Ин хеле як масъалаи муҳим барои ҷараёнҳои мазҳабии муосир аст ва ман мулоҳизоти худро дар ин бора дар муқаддимаи китоби Наҷмиддин Ан-Насафӣ овардам.