Бонкҳои Қирғизистон интиқоли пулро ба Русия қатъ карданд

Чандин бонки тиҷории Қирғизистон ба далели таҳримҳо алайҳи ниҳодҳои молии Русия интиқоли пулро ба он кишвар муваққатан маҳдуд кардаанд.

Бонки сармоягузорӣ-қарзии Қирғизистон (KICB) хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир наметавонад ба бонкҳои Русия, ки таҳти таҳрим қарор доранд, рубл фиристад. Ба иттилои KICB, ба бонкҳои русиягие, ки алайҳашон таҳрим эълом нашудааст, фиристодани пул бидуни мушкил ҷараён дорад.

Бонки "Бай-Тушум"-и Қирғизистон ҳам хабар дод, ки ба далели эъломи таҳрим зидди биржаи молии Маскав хидматрасонии "табодули рубл бо доллар"-ро қатъ кардааст.

Дар оҷонси "Mbank" гуфтанд, дар пайи ноустувории қурби асъор интиқол табодули рублро муваққатан маҳдуд кардаанд.

Рӯзи 12 июн биржаи Маскав ба феҳристи таҳримҳои Вазорати хазинадории ИМА ворид шуд. Ин таҳримҳо ба далели таҷовузи Русия ба хоки Украина алайҳи Маскав ҷорӣ шуд.

Вазорати хазинадории Амрико дар изҳороте гуфт, таҳримҳои нав “баданаи низоми молии Русия”-ро ҳадаф қарор додааст, ки ба сармоягузорӣ дар саноати дифоъ равона шудааст.