Бохти панҷуми "Истиқлол" дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои АFC

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври панҷуми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 аз тими «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Дар ин бозии гурӯҳи “С”, ки шаби сешанбеи 26-уми ноябр дар варзишгоҳи “Шарҷа”-и шаҳри Шарҷа доир гардид, Луан Перейра, бозигари мизбонон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 21-ум, ҳисобро боз кард. Баъди се дақиқа Эҳсони Панҷшанбе, бозигари “Истиқлол”, ҳисобро баробар намуд.

Голи дуюми “Шарҷа”-ро Усмон Камара дар дақиқаи 30-юм ба самар расонд. Голи сеюми мизбононро Кайо Фернандес дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 58-ум, аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ зад.

Дар бозии дигари даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “С” 26-уми ноябр “Сипоҳон”-и Эрон бо “Ал-Ваҳдат”-и Урдун рақобат кард. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Grand Hamad Stadium”-и шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаи “Ал-Ваҳдат”, ки бо 11 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст, пешакӣ ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифт.

“Шарҷа” бо 10 имтиёз зинаи дуюмро соҳиб шудааст. “Сипоҳон” бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Истиқлол” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуда, дар панҷ бозӣ як гол зада, аз дарвозаи худ даҳ тӯб сар додааст.

Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи сешанбеи 3-юми декабр «Истиқлол» бо «Сипоҳон» ва «Ал-Ваҳдат» бо «Шарҷа» бозӣ мекунанд.

Қаблан “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа” бо ҳисоби 0:1, дар даври дуюми мусобиқот дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон аз тими «Сипоҳон» бо ҳисоби 0:4, дар даврҳои сеюму чаҳорум аз тими “Ал-Ваҳдат” дар шаҳрҳои Душанбе ва Уммон бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрда буд.

“Истиқлол” зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко шонси ба даври баъдӣ баромаданро комилан аз даст додааст. Оқои Черевченко баъди анҷоми бозӣ бо “Шарҷа” дар нишасти хабарӣ гуфт, “бозӣ ба тавре сурат гирифт, ки мо метавонистем зиёдтар ба дарвозаамон гол сар диҳем ва баръакс, метавонистем бештар ба дарвозаи рақиб гол занем. Бозӣ дар самтҳои муқобил ҷолиб ҷараён гирифт, хусусан дар нимаи дуюм. Умедворам, ки дар бозии ниҳоии хонагӣ шоҳиди футболи дигар хоҳем шуд.”

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Ал-Ваҳдат”

5

3

2

0

7-4

11

2

“Шарҷа”

5

3

1

1

10-7

10

3

“Сипоҳон”

5

2

1

2

10-7

7

4

“Истиқлол”

5

0

0

5

1-10

0

Даври шашум

3-юми декабр (сешанбе)

19:00 - “Истиқлол” – “Сипоҳон”

Душанбе (Тоҷикистон), Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

19:00 (бо вақти Душанбе) “Ал-Ваҳдат” – “Шарҷа”

Уммон (Урдун). Варзишгоҳи байналмилалӣ.