ВКД: Нафари муттаҳам дар куштори Марҷона боздошт шуд. ВИДЕО

Марҷона Шерхонова 20 сол дошт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр расман аз боздошти гумонбар дар куштори Марҷона Шерхоноваи бистсола, сокини шаҳри Турсунзода, хабар дод. Мақомоти умури дохилӣ номи гумонбарро ошкор накарданд, аммо гуфтанд, ки ӯ сокини 29-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст. Ин мард рӯзи гузашта боздошт шудааст.

Дар Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, “гумонбар рӯзи 14-уми ноябр дар дохили мошини шахсиаш – тамғаи “Нов” (бетоншӯрӣ) – дар зарфи ғунҷоишаш 1-литрӣ 190 дона доруи димедролро бо об омехта карда, маҷбурӣ дасту пойи зани 20-соларо баста, оби ин зарфро ба ӯ нӯшонидааст. Дар натиҷа зани ҷабрдида дар дохили автомашинаи мазкур ба ҳалокат расидааст.”

Хонаводае дар шаҳри Турсунзода баъди 8 рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади духтари 20-солаи худро аз дохили як мошини бетоншурӣ дар наздикии бозори Балхи ноҳияи Рудакӣ пайдо кард. Волидон бовар доранд, ки дар марги Марҷона ҷавоне даст дорад, ки мегуфт, ошиқаш аст. Ҷасади Марҷона Шерхоноваи 20-сола, сокини деҳаи Пахтаободи

Ман духтарамро мисли гул калон кардам, магар барои ин ҳайвонсират буд? Ё барои он ки бараму хокаш кунам?

шаҳри Турсунзода рӯзи 21 ноябр ба хок супорида шуд. Марҷона донишҷӯи соли сеюми Колеҷи техникию технологии ташкилоти Мададгори мудофиаи Тоҷикистон буд. Модар мегӯяд, бори охир Марҷонаро рӯзи 13 ноябр дида буд.

Ширингул Маликова гуфт, духтараш охирин бор ҳамон рӯз “бо хурсандӣ” аз хона баромада, барои гирифтани ҷоизае, ки аз як сабқати тирпаронӣ ба даст оварда буд, ба колеҷ рафт. Марҷона - яке аз панҷ духтари хона, умеди волидонаш буд. Чустучолок, бонизом буд ва аз ҳамин ҳисоб гоҳо эҳсоси беписарии волидонро ҷуброн мекард.

Ширингул Маликова

Таҳдиди пеш аз марг

Ширингул Маликова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 23-уми ноябр гуфт, ки пас аз чанд соати аз хона берун шудани духтараш рӯзи 13 ноябр ба хоҳараш як занги телефонӣ омад ва духтараш илтиҷо мекард, ки наҷоташ диҳанд. Модар гуфт, Марҷона ба хоҳари калонияш занг зада гуфтааст, ҷавоне, ки гуё хушдораш буду мехост бо ӯ издивоҷ кунад, дасту пояшро баста қасди куштанашро дорад.

“Аз ин пеш ҳам як рӯз духтарам гуфт, ки ҳамон ҷавон ҳамеша пеши роҳамро мегирад ва таҳдидҳои гуногун мекунад. Як бегоҳ ҳатто духтарам занг зад, ки дар маҳҳалаи 33 ин ҷавон мехоҳад дасту пояшро бандад”, - қисса кард Ширингул Маликова.

Ин модар мегӯяд, баъди шунидани ин хабар ба ШКД-и ноҳияи Сино-1 муроҷиат кард ва тамоми ин маълумотро пешниҳод кард. Хост, барои наҷоти духтараш кумак кунанд. Вале бо гузашти 8 рӯз пулис натавонист аз Марҷона ному нишоне пайдо кунад. Модар гуфт, фақат баъди як занги ҷавоне, ки ба Марҷона ошиқ буд, тавонистанд ҷасадро пайдо кунанд. Ба гуфтаи модар, ин ҷавон дар сӯҳбат ба ӯ гуфтааст, “рафта духтаратонро аз дохили мошини бетоншӯрӣ бигиред”.

Ширингул Маликова гуфт: “Мани беписарро милисаҳо фиреб карданд, гуфтанд, ки духтаратро пайдо мекунем, аммо давоми даҳ рӯз ҳеҷ коре накарданд. Вай бача ба ман занг зада ҳақорату дашном мекунад. Чӣ хел мақомот ҳастанд, ки ӯро пайдо карда наметавонанд?” - нигаронӣ мекунад ин модар.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷасади Марҷона Шерхонова аз мошини бетоншӯрӣ ошкор шуд

"Духтарамро мисли гул калон кардам"

Волидони ин духтар мегуянд, ин ҷавонро хуб намешиносанд. Бо ӯ чанд бор телефонӣ суҳбат доштаанд ва як бор меҳмонӣ хонаашон шудааст.

Фарҳод (Тошмат) Шерхонов, падари Марҷона мегуяд, моҳе қабл ҷавоне ба назди ӯ омада худашро Иброҳим аз деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ муаррифӣ кардааст. Ҳадафи ташрифашро ҳам хостгории Марҷона гуфтааст. Аммо падари Марҷона мегӯяд, вақте аз ҷавон хост волидонашро барои хостгорӣ фиристад, ӯ ғайб зад. Ин падар баъдан фаҳмидааст, ки ҷавон оилаву фарзанд дорад ва онҳоро фиреб доданӣ аст.

Фарҳод Шерхонов

Фарҳод Шерхонов мегуяд, бигзор мақомот қотили духтарашонро пайдо ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот кунад. “Ман духтарамро мисли гул калон кардам, магар барои ин ҳайвонсират буд? Ё барои он ки бараму хокаш кунам?” - мепурсад ин падар. Падари Марҷона мегӯяд, баъди ҳодисаи куштор ҳам аз хонаводаи ҷавон ягон нафар барои таъзия ё узрхоҳӣ наомад.

Норӯшаниҳои зиёд дар нақши ҷавони гумонбар

Қазияи куштори Марҷона Шерхоноваро додситонии ноҳияи Рудакӣ таҳқиқ мекунад. Тафтишот идома дорад ва додситонҳо мегӯянд, ки ҳанӯз ҳеҷ нафарро бо гумони содир кардани ин ҷиноят боздошт накардаанд. Волидон тамоми фарзияву ҷузъиёти ҳодисаро, ки худ огоҳ ҳастанд, ба мақомоти тафтишотӣ хабар додаанд. Вале додстионӣ бо зикри ин ки таҳқиқот ҷараён дорад, аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ мекунад.

Санҷидани дурустии баёноти волидони Марҷона тавассути манобеи мустақил ҳам феълан имкон надорад. Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбати телефонӣ бо ҷавоне, ки волидони Марҷона ӯро дар куштори духтарашон гунаҳкор медонанд бенатиҷа анҷом ёфт. Телефони Иброҳим хомӯш аст. Ҳоло наздикони Марҷона аз он дар ҳайратанд, ки бо вуҷуди пешниҳоди ҳама далел ва зангу пайёмакҳои телефонӣ аз қотили Марҷона, ӯ ҳануз дар озодист.

Модари Марҷона мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама онҳо ҳанӯз ҳам аз ин ҷавон паёмҳое бо навиштаҷоти “коре аз дастатон намеояд” ва “духтаратон шуморо дӯст намедошт” мефиристад.

Волидон мегӯянд, Марҷона як донишҷӯи аълохон буд ва бо дониши худ ба колеҷ дохил шуд. Дар колеҷ ҳам устодон аз ӯ чун як духтари хушахлоқ ёд мекунанд ва мегуянд, Марҷона ботинан зан, аммо зоҳиран як ҷавонмарде буд, ки бозувони пурқувват дошт ва дар чандин сабқатҳои варзишӣ-низомӣ ғолиб омада буд. Ҳоло барои поси хотири Марҷона устодону ҳамсабақонаш назди даромадгоҳи колеҷ акси ӯро бо як дастагул гузоштаанд.