Раҳбари кушторҳои Андиҷон - дар курорти Чехия

Олматов (дар миёна) як сол баъди ҳодисаҳои Андиҷон аз мақом барканор шуд

Зокир Олматов, вазире, ки дар ошӯбҳои соли 2005-и Андиҷон тирандозии мардумро раҳбарӣ мекард, дар як осоишгоҳи шаҳри маъруфи Карлови Вари истироҳат кардааст.

Зокир Олматов, вазире, ки дар ошӯбҳои соли 2005-и Андиҷон тирандозии мардумро раҳбарӣ мекард, дар як осоишгоҳи шаҳри маъруфи Карлови Вари истироҳат кардааст. Зокир Олматов ахиран давоми 20 рӯз дар як осоишгоҳи хусусии шаҳри маъруфи курортии Карлови Вари дар Ҷумҳурии Чехия табобат гирифт. Давоми 20 рӯз вазири собиқи умури дохилаи Ӯзбакистон бемории қанди худро табобат кардааст. Дар ин бора радиои Озодлик – бахши ӯзбакии радиои Озодӣ хабар дод. Як соҳибкор, ки шоҳиди муолиҷаи вазири собиқи ӯзбак будааст, нақл кард, ки Олматови 66-сола аз обҳои минералӣ ва дигар “неъматҳои” осоишгоҳи маъруф истифода кард.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон таҳрими ҳамешагии сафарҳои мақомотро ба Аврупову Ғарб бо сабаби даст ба куштори мардум задани онҳо тақозо мекунанд. Аз ҷумла, Стив Свердлов, муҳаққиқи вазъи Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) мегӯяд, сафари вазире ба Аврупо, ки кушторҳои мардуми осоишро дар рӯйдодҳои рӯзи 13 маи соли 2005 дар шаҳри

14 маи соли 2005 - акси ҷасадҳо

Андиҷон раҳбарӣ кардааст, мояи нигаронӣ мебошад. Свердлов мегӯяд, мақомоте, ки даст ба чунин ҷиноятҳои сангин задаанд, бояд дар баробари қонун ҳатто бо гузашти 20 ё 30 соли ҳодисаҳо ҳам посух диҳанд.

Қурбониён ва зарардидагони он рӯйдодҳои фоҷеабор ҳамеша бояд имкон дошта бошанд, ки алайҳи ин афрод шикоят кунанд ва ин нафарон дар баробари қонунҳои байналмилалӣ посухгӯ бошанд. Бар тибқи иттилои радиои Озодӣ, Олматов баъди рӯйдодҳои Андиҷон ҳамчунин тавонистааст барои муолиҷа ба Ҳанновер сафар кунад. Созмонҳои байналималӣ он вақт ин сафарро барои мақомоти Олмон як “шармандагӣ” номида буданд. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки барои ворид шудани Олматов ба кишварашон “аз лиҳози башарӣ” ризоият додаанд. Коршиносон мегӯяд, масъала дар ин аст, ки Олмон дар қаламрави Тирмизи Ӯзбакистон як пойгоҳи ҳавоиро иҷора мегирад ва ҳар сол мӯҳлати иҷора тамдид мешавад.

Дар рӯйдодҳои моҳи маи Андиҷон садҳо сокини маҳаллӣ, ки аз натиҷаҳои додгоҳи як гурӯҳи соҳибкорон норозӣ буданд, аз ҷониби ходимони полис ва низомиён кушта шуданд. Худи мақомот шумори қурбониҳоро расман 187 нафар мегӯянд, вале созмонҳои фаъоли ҳуқуқи башар бар инанд, ки мақомот дониста ин рақамҳоро даҳҳо баробар кам нишон медиҳанд. Баъди ин ҳодисаҳо, тамоми созмонҳои байналмилалии мудофеи озодии баён, расонаҳои хабарии мустақилу байналмилалӣ ва фаъолони ҳуқуқ аз қаламрави ин кишвар берун карда шуданд. Ӯзбакистон яке аз бастатарин кишварҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.