Ҷалолиддин Шукуров, як сокини 33-солаи шаҳри Бохтар варзишкор аст ва мегӯяд, ки ҳаёти солим дорад. Ҳамин хусусият барояш дар кӯмак ба мардуми дигар хеле кӯмак мекунад. Ҷалолиддин хуни гурӯҳи дуюми мусбат дорад ва пайваста ба муассисаи хунсупории шаҳри Бохтар меравад.
Дараҷаи хуни Ҷалолиддин аз маъмултарин навъҳои хун аст ва эҳтиёҷ ба ин навъи хун ҳамеша зиёд аст. Ӯ донор аст. Чор соли охир ба ин ҷо омада ихтиёрӣ ва бидуни подош ба онҳое, ки эҳтиёҷманди хун ҳастанд, хун медиҳад. Ӯ як донори фаъол аст. Дар давоми ин солҳо 32 дафъа хун додааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷалолиддин мегӯяд, ҳамеша бо умеди ин, ки 400 грамм хуни ӯ ҷони як нафарро наҷот медиҳад, ба ин ҷо меояд: "Вақте, ки як касро наҷот медиҳад, хушҳол мешавад, боз ба фоидаи ман аст, аввал меомадам, ки саломатиям хуб шавад, лек ҳоло инро барои наҷоти ягон бемор ё ягон бародар, ки ба хун ниёз дорад анҷом медиҳам."
Донорҳои хун дар Хатлон бештар мешаванд
Ҷалолиддин яке аз ду ҳазор донори хун дар вилояти Хатлон ва яке аз 100 ихтиёрист, ки бидуни подош ҳамкорӣ мекунад. Масъулони маркази илмии ҷумҳуриявии хуни шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мегӯянд, дар давоми як соли охир шумори афроде, ки омодаанд донори хун шаванду ин корро аз рӯи хоҳиш ва бидуни тамаъ иҷро мекунанд, афзоиш ёфтааст. Агар бахши муҳими ихтиёриён хешовандони наздики беморону ниёзмандони хун бошанд, бахши дигарро афроди бегона ташкил медиҳанд, ки аз рӯи инсоф меоянд.
Як нафари дигари онҳо Галина Пономорёва, сокини рустабори бознишаста аз шаҳри Бохтар аст. Хонум Пономорёва мегӯяд, ки хунсупорӣ ба хотири кӯмак ба беморону ниёзмандон аз замони Шӯравӣ барояш одат шудааст. Вай мегӯяд, он замон хунашро дар ивази пул медод, чунки давлати шӯравӣ барномаҳои ташвиқи эҳсоси инсондӯстиро аз роҳи таблиғи кори донории ихтиёрӣ ба роҳ монда буд.
Фарҳанги хунсупорӣ бо ҳадафҳои тиббӣ ва ёрӣ ба ниёзмандон дар корхонаву фабрикаҳо таблиғ мешуд. Барои донорҳои собиқадор ҷоизаву унвонҳо медоданд, то хизмати онҳо ба мардум қадрдонӣ шавад. Вале ҳоло ӯ аз рӯи одат меояд. Медонад, ки хуни ӯ барои як нафар ҳатман зарур мешавад.
Галина Иванова мегӯяд, "барои кӯмак ба мардум меоям. Аз cӯи дигар, барои иваз кардани хуни худам ҳам меоям, чунки саломатӣ фоида дорад. Хуб медонам, ки хуни ман ба касе лозим аст, касеро кӯмак мекунад. Афроде, ки хоҳиш мекунанд ба онҳо хун диҳам, кӯмак мекунам."
Донорҳо бе подош намемонанд
Табибон донорҳоро ҳамеша қадр мекунанд. Ба гуфтаи масъулин, барои ҳар як мавриди интиқоли хун ва ё бар ивази 300 то 400 грамм хун, 50 сомонӣ барои хӯрок ё нӯшокӣ медиҳанд. Вале ихтиёриён гирифтани ин пулро ба хотири як кори савобу хайр буданаш рад мекунанд.
Иброҳим Айниддинов, як масъули маркази илмии ҷумҳуриявии хуни шаҳри Бохтар мегӯяд, "аз чанд соли пеш огаҳии мардум бештар шудааст. Мардумро барои хун супурдан ё донор шудан таклиф мекунем. Албатта, мардум оҳиста-оҳиста мефаҳмад, ки ба саломатӣ фоида дорад. Боз нафароне ҳастанд, ки зиёд мехоҳанд хунашонро ба наздиконашон диҳанд ё бе подош ин корро кунад. Дар ислом барои хундиҳанда низ савоб гуфта шудааст, яъне кори савоберо мекунад."
"Хуни ту ҷонеро наҷот медиҳад"
Дар вилояти Хатлон мошинҳои сайёре бо навиштатоҷи мисли "Хуни ту ҷони нафареро наҷот медиҳад" ба шаҳру навоҳӣ сафар мекунад ва аз ин роҳ огоҳии мардум бештар мешавад. Дар корхонаҳову ва идораҳои давлатӣ ҳам солҳои охир хунсупорӣ ба фоидаи ниёзмандон ҷорӣ шудааст. Дар миёни ниҳодҳое, ки барои хунсупорӣ ҳозир мешаванд, ходимони полис ва сохторҳои интизомӣ ҳам зиёд будаанд.
Аз рӯи муқаррарот, ҳар хунсупоранда ё донори хун дар Хатлон сабти ном мешавад, аз ташхиси бемориҳои сироятӣ мегузарад ва барои донор шудан иҷоза мегирад. Дар бештар вақт хуни гурӯҳи манфӣ камёфт будааст, вале масъулини маркази илмии ҷумҳуриявии хуни шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, ба шарофати бештар шудани огаҳиву ширкати мардум дар ин маъракаҳо, захираи хун ҳамеша вуҷуд дорад ва дар ҳолати садама ва ё эҳтиёҷи сареи дигар ҳамеша кӯмак мешавад.
Аз соли 2005-ум бо ташаббуси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 14-уми июн чун рӯзи бахшандагони хун таъйин шудааст. Ин созмони байналмилалӣ ҳадаф гузоштааст, то соли 2020-ум ҳамаи сокинони ҷаҳон аз зарурати бахшиши хун огоҳ шаванд ва хунсупорӣ дар тамоми дунё бепул шавад.