Ҳукми Баҳодур Ҳасанов, журналист ва блогер рӯзи 10-уми сентябр содир шудааст. Наздиконаш мегӯянд, ӯро ба хотири фаъолиятҳои блогериаш таъқиб кардаанд. Пулис мегӯяд, Ҳасанов бар асоси шикояти як зан боздошт шуд.
Зоҳир Ҳасанзода, падари Баҳодур Ҳасанов рӯзноманигори собиқадори вилояти Самарқанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи писараш бе ҳузури наздикон ва адвокат баргузор шудааст. Ба нақли ӯ, пулис барои боздошти писараш рӯзи 9-уми сентябр роҳҳои маҳалларо масдуд ва ӯро бо зӯр аз хона берун карданд. Ин мард боздошти писарашро фишор ва бастани даҳони як дигарандеш медонад.
Як рӯз пеш аз боздошт, Баҳодур Ҳасанов дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки пулис ӯро барои нашри видеои шикояти як сокини Самарқанд таъқиб дорад.
“Ман чанд рӯз қабл дар бораи бо зӯр аз худ намудани як қитъаи замин дар ноҳияи Самарқанд гузориш додам ва ин ба мақомодорони ноҳияи Самарқанд хуш наомад ва мехоҳанд маро боздошт кунанд. Ман ба президенти кишвар, ки ҳафт сол дар қудрат аст ва дар бораи инсофу адолат мегӯяд, муроҷиат мекунам,”—навиштааст Баҳодур Ҳасанов.
Ҷаҳонгир Сагдуллаев, сухангӯи пулиси вилояти Самарқанд рӯзи 10-уми сентябр гуфт, Ҳасанов бар асоси шикояти як зан боздошт шудааст. Ӯ гуфт, ҳангоми наворбардорӣ зане аз блогер талаб кардааст, ки дар ҷои ҷамъиятӣ навор нагирад, вале дар посух Ҳасанов занро таҳқир кардааст.
“Пас аз шикояти зан, мақомот Баҳодур Ҳасановро дар “авбоши ва ҳақорат кардани як шаҳрванд дар ҷои ҷамъиятӣ” айбдор донист,”—гуфт ӯ.
Падараш мегӯяд, писараш чунин коре накардааст ва иттиҳом сохта аст.
Баҳодур Ҳасанов, писари рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода буда, се фарзанд дорад. Ӯ дар гузашта дар нашрияи “Овози Самарқанд” кор мекард ва чанд соли ахир ҳамчун рӯзноманигори озод ва блогер фаъолият дорад.
Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, бештар мушкилоти иҷтимоӣ ва маишии сокинонро нашр карда, аз мақомот роҳи ҳали онҳоро талаб мекунад.