Блогер Нурмуҳаммад Шарифов дар Русия 12 сол зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ

Блогер Нурмуҳаммад Шарифов, гумонзади ҳаштум дар парвандаи омодагӣ ба ҳамла ба бинои ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия (2022), ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст.

Хабаргузории расмии “ТАСС” рӯзи 23-юми октябр навишт, ки ҳукмро Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Русия содир кард.

Ба иттилои манбаъ, Нурмуҳаммад Шарифов ба узвият дар созмони ваҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ва сармоягузории он гунаҳкор шуда, худаш айбномаро пазируфт. Тасдиқи мустақилонаи он аз манобеи дигар имконпазир нест.

Нурмуҳаммад Шарифов дар баҳори соли 2023 дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт шуд.

Додгоҳи низомии Русия дар моҳҳои октябр ва декабри соли 2023 шаш шаҳрванди Тоҷикистон ва як доғистониро низ ба гуноҳи ташкили гурӯҳи террористӣ ва омодагӣ ба ҳамла ба бинои ФСБ аз 12 то 22 сол зиндонӣ карда буд.

Хадамоти Федеролии Амнияти Русия гуфтааст, ин афрод зери раҳбарии гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" нақша доштанд, соли 2022 бинои ин хадамотро дар Лубянка тарконанд. Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, гумонбарон гуё талаб доштаанд, ки нерӯҳои Русия аз ҳудуди Сурия берун карда шаванд.

Пештар вакилони мудофеи баъзе аз гумонзадҳо парвандаро сохта номида буданд.