“Маро ранги гов меҷӯшанд!” Се номаи доди як соҳибкори тоҷик

Имрӯз ҳатто досро ба Тоҷикистон аз Чин меоранд

Ин номаро як хонандаи Озодӣ бо номи “Тоҷир аз Душанбе” дар поварақи матлаби “Моли тоҷикӣ дар бозори Тоҷикистон? Шӯхӣ мекунед?” фиристодааст.
Азбаски дар ин нома хеле аз мушкилоти тавлидкунандагони ватанӣ матраҳ шудааст, онро дар бахши “Блогистон” ба ҳамон шакле ки ин хонанда навиштааст, тақрибан пурра нашр мекунем.

Номаи аввал

Мавзӯи хуб. Акнун бинед. Ман як маҳсулот истеҳсол мекунам. Маводи хомааш аз Тоҷикистон аст аслан. Як қисмаш аз Аврупо ва як-ду қисмаш аз Хитой аст. Мушкилиҳои ман аз сарҳади Тоҷикистон даромадан сар мешавад. Камазро дар Кулма манъ карда доля мегинад, конкретно! медиҳам онро. Коргарора маош медиҳам, аммо налог, пенсионий фонд, патент, сертификат, пажар ҳама қаторак маслиҳат кардагӣ дум ба дум омадан мегиранд. Хайр горсету водоканалу дигару дигар безусловно тафтиш яъне "доля". Бахудо пули света медиҳам пурра, оба медиҳам, налога медиҳам, аммо налог конкретно безор кардай. Фоида дорам аз корам, аммо медонам, ки ин фоида стабилни нест. Ҳоло бо коррупсия сар кардай проверкара, доля гирифтана.

Як саргардонии афгоркунанда. Ҳоло шумо мумкин гуед, ки хай доля нате ҳалол кор к, аммо илтимос маро фаҳмед чихели ҳалол кор к? намешава доля надода, света мекша мега ремонтай ё лимитай. Летсензияра дроз намекна мега ҳоли дидестем. Налог мега пурра надодаи. Безор аз ҷон мешай.

1000-2500 доллар фақат расходи инамио аст. Ҳоло фикр дорам, ҳами чиза аз Туркия харида биёрам ҳами нарх меафтад, аммо ин соҳара аллакай гургои калон монополия кардагӣ. Қиндай бахудо қиндай. Нав сари компютер мешини ки миёя ягонташ. Ака мо аз налоги район, ака мо аз пажар, ако мо аз милиса, ака мо аз стандарт, самепстансия, горсет. Накни нашава, бромада рафта нашава, гушна гашта нашава, чум, ҳайрон мешай.

КАСЕ истеҳсол мекна ҳукумат вабше проверка накнаша, ғайр аз качестваш! чиба хонаи налаговика қати коррупсия коргарош мебинен қасрай касе намепурсад АЗ КУҶО?! чиба? чунки пурсидед агар, тамом, худатона проверка мекнан.

Номаи дувум

Шумо фикр мекнен, ки ҳами мардакои боло дарак надоран, ки сатҳи коррупсия баландай дар кишвар? Ҳами мардако ба фикратон дарак надоран, ки коррупсия уже неуправляеми шидай? как надо дарак доранд, аммо ... ...!

Як руз рейд кнен дар кучаҳои асосии шаҳри Душанбе мардакбарин! мошини аз 15-20 ҳазор доллара болора манъ кнен оҳиста. Чест бтен, ҳуҷҷат пурсен. Боварӣ дорам ҳуҷҷатам надора яхелаш! удастверени пудаставрени нигоҳ накнен, тех паспорт права пурсен. Мисол, боварӣ дорам ИКС 6 БМВ нав 50-60 ҳазор доллар меистад. Савол бтен шофира. От куда? мошин аз куҷо? хай бга тағоим ё падарам харид. Хай, падарат кист? мисол бга падарам Прокурор ё суд ё дар коррупсия кор мекна. ИНА МАРҲАМАТ ДЕЛОИ ТАППА ТАЁР. Дигариша манъ кнен. мошини 100 000 доллара. Ваям решаша ковен мерен мерен ришвахурда мерасона! ЧИБА НАМЕКНЕН? барои он ки мо ҳама биною доно кур шудаем! чашмамона коррупсия бастай.

Ду ҳафта шид борома қапидиян, сарам вайронай. Рости гап ма литснзиям тамом шидагиай. Неки ма бомба намеброрам ку ма маҳсулоти нармалнии ниёзи мардум мебарорам. Бахудо қасам худам ҳамон маҳсулота истифода мебарам истеъмол мекнам. Аз ин хотир, дилам пурай! Ина ма бояд доля бтам неки конкуренто на доля метан на маҳсулотшон созай... гаштиян!

Ҳами бозори тоҷикистона як район таъмин мекна, просто худмон танбалем. Шиштаем дар мошинои қимати кандисанердору кор фақат доля биёр, ака намешава ҳуҷатот пурра нест, барги сабза ака ака када мети баъд диди ки сар шид, "ака ҳоли бе ма пеши шеф бдром яке рози меша!". ҳо рози шид неки дафаи дига соз к ҳуҷҷата! 500 доллар парид шамол барин.

Рейд кнен хонаҳои 500 000 долларара. аз куҷо ин дакаданг? ҳами фаҳмонда логично натонист, тамом. пеш бдро бугу!

Неки намешава ин чиз, меқапидагӣ мегира, проверкачи мегира, ҳқкмбарор мегира, назоратчи мегира, ҲАМАШ ДОЛЯ МЕГИРАН, пас чаро ба намакдон туф кнан? ҳамчун истеҳсолчи рости гапа бугум ман шахсан бовари надорам ки бе доля додан кор карда шава. намешава! Бо бачам падарл...т мега "ячи бтешон камаза сар метан!". ЧИБА ячи бтам? ман чи Ҳотами Той ҳастам?
Дар Хитой бинен, любойчира истеҳсол к давлаташ мемоната! любойчира! дар мо, сертификат биги, патент биги, реҷаи кори к, пенсиони бте, страховкаи иҷтимоӣ бте ...

Номаи севум

Боз офарин Озоди, ки чоп кардӣ алами дилма. Давоми қисса. Хай майли рейд накарден, тарсиден мяхко говоря! Ман неки савол дорам, конкретно. Ҳами коррупсия чиба ба истеҳсолчи кор дора? чиба? ман ай давлат пул нагирам, пули буҷета истифода накнам, барои чи мара проверка меканан? Қасам ба номи Парвардгор тақрибан 5-7 ҳазор доллар гирифтан барои истеҳсоли нелегални бе сертификат.


Дар ин бозор ягон моли ватанӣ нест, ҳама "импорт"

Чанд руз шид фикр дорам, начорт бас кнам ҳамаи ҳамира брам. Он чизе ман истеҳсол мекнам аз нархи бозор 30-40% арзонай, фарқията магазино болошда мемонан ман намемонам. (кстати коррупсия аз арзонии маҳсулот как будто фаҳмида бдай ки ин чиз нелегалай). Боз мегум, чизи истеҳсолмекардагим аз хитоида хубай. Худам истифода мекнам, шахсан. Неки сертификат бигириву патент бигириву литсензия бигири барои истехсоли расмии он, нархаш 40-50% зиёд мешавад аз бозорда! саг намехараша дига!

Мехом истеҳсол кнам, мехом офисални кнам корора, мехом мардуми камбағала ба ҷои доляи ин лошахуро орду руған бтм, неки наметонм. Зиндагиай, рузгорай ...

як ду танга ҷам мекни, диди ки омад папкаш сарша хура! ИЛТИМОС ОЗОДИ БРАСОН ҲАМИ ИЛТИМОСИ МАРА, БАС КНАН ПРОВЕРКАРА. НАЛОГ, горсет, водоканал, самепстансия, ноҳия, эээээээээ вой ээээээээ. 17 кас кор мекна дар корхонам. оилик 700 сомон. 8 соати кор мекнан. ҳар моҳ ду қопча орд 10 литр руған метмшона шукронаи Худо. Света метм, нати агар чқ мекшаш даррав. 70-80 сум чойпули мегира ош шаваша. пажара бугу, огнатушител намешава мега.

Кстати, монда шидам мардакбарин. кадом якташа бугум. Парвардгор шоҳидай, мошини қимат надорм, хонаи воҳима надорм, нафси бойшавӣ низ надорм, мехом меҳнат кнам, мехоҳам Худо тавфиқ бтама вовремя тоату ибодат кнам, кудаком бхонан басавод шаван, кором пеш брава шид. Доля додам, неки доля нагирифтам!!! ма налог ё карупсия нестм ки доля бтанма, мара ранги гов ҷушидестан, фикр намекнан ки ин гови сабил қоқ мекна рузе. Дуо кнен дар ҳақам мардум.