На лӯхтак, на ширинӣ. БЛОГ – тӯҳфаи падар ба духтар

Як сокини Тоҷикистон барои духтараш, ки бори аввал ба мактаб рафт, бар хилофи дигарон на шириниву лӯхтак, балки саҳифаи интернетӣ ҳадя кардааст.

Манучеҳри Ҷумъахон, як сокини Тоҷикистон барои духтараш Зебуннисо, ки бори аввал ба мактаб рафтааст, тӯҳфаи камназире кардааст. Ӯ на ширинии хос харидаву на лӯхтаки сухангӯ, балки як саҳифаи интернетиро бо номи www.zebojon.jimdo.com боз кардааст, то ҳар амали ин хонандаи синфи аввал рӯи он нашр шавад.

Саҳифаи Зебуннисо хеле одист ва танҳо аз аксу хабарҳо аз ҷараёни таҳсили ҳаррӯзаи ӯ иборат мебошад. Манучеҳри Ҷумъахон мегӯяд, бо боз кардани ин саҳифа мехоҳад, таҳсили духтарашро пайваста таҳти назорат дошта бошад ва аз пешрафтҳо ва иштибоҳҳояш дигаронро огоҳ кунад: “Аз аввал, аз замони таваллуди Зебуннисо мехостам, ин корро кунам, вале нашуд. Чун дар хона интернет надоштем. Баъдан, ин рӯзро ҳафт сол интизор шудам, ки кай ягона духтарам ба мактаб мераваду орзуямро амалӣ мекунам. Ҳоло акнун 20 рӯзи таҳсили духтарчаамро дар ин саҳифаи вижа навиштам. Ҳоло ӯ танҳо ба мактаб мераваду ҳарф менависад ва баҳо мегирад. Вале солҳои баъдӣ умедворам, дар озмунҳо иштирок мекунаду дар зиндагияш навгониҳо зиёд мешавад.”

Ба гуфтаи ин падари ҷавон, ӯ ҳар бегоҳ ҳангоми бозгашт аз коргоҳ бо духтарчааш сӯҳбати кӯтоҳ анҷом медиҳад ва гуфтаҳои онро дар ин саҳифа нашр мекунад. Дар шароити феълӣ, ки аксари волидон аз пайи таъмини рӯзгор наметавонанд, пайваста ҷараёни таълиму тарбияи фарзанди худро назорат кунанд, иқдоми ин падари ҷавон ҷолиб ба назар мерасад

Дар зимн, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳам, ба ин монанд мавзуъҳо баҳсу баррасӣ мешаванд. Аксар падарон афсӯс мехӯранд, ки мисли Манучеҳр таҳсили фарзандони худро назорат карда наметавонанд ва рӯзи аввали ба дабистон рафтани тифлашонро надидаанд. Талабшоҳи Салом, як корбари Фейсбук, ки ҳоло дар муҳоҷирати корист, навиштааст: “Нахустин фарзанди ман ҳам имсол мактаб рафт, аммо банда дар ҳиҷратам. Чун шунидам, ки ӯ дар Рӯзи дониш назди таҷаммӯи хонандагон шеъре суруда, ба худ гуфтам: Кош то оғози таҳсил сафар ба кӯи ҳиҷронро мавқуф мегузоштам”.

Ин мавзуъ баҳси гармеро дар шабакаи Фейсбук ба бор овардаву даҳҳо нафар шарҳҳои худро навиштаанд. Ёқуби Саид яке аз дигар шарҳнависон, дидани “ҳар рӯзу ҳар лаҳзаи бачаи худ дар мактаб”-ро беҳтарин орзу дониста навиштааст: “Аммо воқеияти кишвари мо воруна аст. Падару модаронеро медонем, ки фарзандонро ҷуз бори дӯш намедонанд”.

Ҳикматёри Ҳикматзод, хабарнигори тоҷик, дар робита ба ин мавзуъ навиштааст, камаш як миллион тоҷик аввалин рӯзи ба мактаб рафтани фарзандашро намебинад: “Ёд дорам нахустин бор мактаб рафтани Руҳуламинро ҷашн гирифта будем, ҳоло 11 сол бештар мешавад, ки ӯ ҳам кунун муҳоҷир аст!!! Шахсан мактабравии Ориёнфарро низ дар муҳоҷират ҷашн гирифта будем. Мегузарад, аммо чӣ сахту саъб!”

Дар Тоҷикистон имсол ҳудуди 200 ҳазор нафар бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд ва шояд Зебуннисо аз аввалин нафароне бошад, ки падар барояш тӯҳфаи ғайриинтизоре кардааст. Зебуннисо муҳим будани ин тӯҳфаро чандон дарк намекунад ва шояд як лӯхтакро ҳанӯз аз чунин тӯҳфа боло медонад, аммо падараш бар ин назар аст, ки дар оянда аҳамияти кори падарро дарк хоҳад кард ва барояш ташаккур хоҳад гуфт.