15 дақиқае, ки фикри як шахсро дигар кард

Тасвири саҳнаи "Ворид шудан ба Русия"

Як созмони русӣ муҳоҷирони кориро дар шакли ҷорӯб, мӯқалам, шпател ва валик тасвир кардааст.
Гӯшии телефонро гирифтаму ба Санкт-Петербург занг задам, то аз муаллифони ин карикатураҳо бипурсам, ки оё дар ин шакл ба намоиш гузоштани муҳоҷирони корӣ тамасхур ба онҳо нест?

Баҳси ман бо нафарони он тарафи хатти телефон бар сари карикатураҳое буд, ки дар борааш рӯзи ҷумъа баъзе вебсайтҳои интернетии русӣ хабар доданд. Дар шаҳри Русия дастуре барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон - "Справочник трудового мигранта" («Раҳнамои муҳоҷирони корӣ») нашр шудааст, ки аз маҷмӯи машваратҳои муфид барои муҳоҷирон иборат аст. Дар ин раҳнамо аз ҷумла, роҳҳои бақайдгирии расмиву гирифтани иҷозати кор, роҳҳои пешгирӣ аз олудашавӣ ба ВИЧ СПИД ва муассисаҳои ёрии таъҷилӣ, ҳамчунин тасвирҳое ҷо дода шудаанд.

Аммо ончӣ маро ба самимияти ин раҳнамо мушкук кард, қаҳрамонҳои ин китобча буд, ки ба шакли ҷорӯб, мӯқалам, андовачӯб (шпатель) ва валик тасвир шудаанд. Дар яке аз саҳифаҳои аввали ин китоб саҳнаи пешвозгирии меҳмонҳои нави Русия аз ҷониби масъулин - милиса, духтур, ходими давлат ва роҳбалад тасвир шудааст, ки ҳамагӣ шабеҳи инсонҳоянд. Аммо онҳое, ки ба меҳмонӣ омадаанд, ашёи беҷоне буданд, ки дар корҳои сиёҳ истифода мешаванд.

Дар бораи нашри ин брошюра ба Интернет ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург хабар дод ва гуфт, ки барномае бо номи “Толерантность”, яъне “Таҳаммулпазирӣ” аз нашри ин раҳнамо барои муҳоҷирони корӣ пуштибонӣ кардааст. Ин китобча ҳанӯз охири моҳи август нашр шуда, танҳо имрӯз мавриди баҳси доғ дар Интернет қарор гирифт. Ман аз аз муовини раиси Кумитаи равобити байналмилалии шаҳри Санкт-Петербург Сергей Марков пурсидам, оё далели онҳо барои дар симои маводи сохтмонӣ тасвир кардани муҳоҷирони корӣ чӣ буд?

Ҷаноби Марков дарҳол худро аз ин масъала канор кашид ва гуфт, ки “ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва Кумитаи равобити байналмилалӣ ба нашри китобча ҳеҷ рабте надоранд. Ин дастурро як созмони ҷамъиятӣ таҳия кардааст", - гуфт ӯ.
Аммо ӯ ҳамзамон аз суоли ман, ки оё ба шакли ҷорӯбу асбоби рангубор ба намоиш гузоштани муҳоҷирони корӣ бахше аз сиёсати "Таҳаммулпазирӣ" аст, гуфт, “Истифодаи комикс мисли дигар жанрҳо роиҷ аст ва ҳеҷ бадие надорад. "Агар далел ин аст, пас чаро намояндагони Русия ба шакли одам тасвир шудаанд?" - пурсидам аз ӯ. Ин суоли ман ба ҷаноби Сергей Макаров хуш наомад, ки маро ба "провокация" муттаҳам кард. "Гузашта аз ин гуфт ӯ, ин дастур бо намояндагони муҳоҷирон ҳамоҳанг шудааст, аз ҷумла бо созмони “Тоҷикхориҷакор”. “Агар фаъолияти созмонҳои ихтиёрӣ бо Кодекси ҷиноӣ мухолифат накунад, мо онро манъ ё сензура намекунем”, гуфт ӯ. Ҷавоби ҷаноби Макаров маро қонеъ накард ва ман масъаларо ба таври дигар матраҳ кардам. Ман аз ӯ пурсидам, ки агар дар Душанбе китобчае нашр шавад ва дар он сокинони Русия ба шакли блинчик ё пирожки тасвир шавад, шумо намеранҷед? Сергей Марков дар ниҳояти баҳси доғи мо гӯё розӣ шуд, ки ҳангоми иҷрои ингуна корҳо онҳо бояд нозукиҳои ахлоқиву этикии мардумони мухталифро ба эътибор гиранд.

Сӯҳбати баъдии мо бо муаллифи тарҳи "Справочник трудового мигранта" Глеб Панфилов, буд, ки аз масъулони созмони ҷамъиятии «Взгляд в будущее» аст. Ин созмон худро як ташаккули мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон меномад ва талош дорад, суръати рушди вируси СПИД-ро дар миёни муҳоҷирон коҳиш диҳад.

Глеб Панфилов ба саволи ман дар бораи тасвири муҳоҷирон дар шакли ҷорӯбу шпател гуфт, “Инҳо муҳоҷир нестанд, инҳо қаҳрамонҳои брошюра ҳастанд". Глеб Панфилов гуфт, ки ин тарзи баёни мавзӯъ ба хотири қабули беҳтари мӯҳтаво “дар китобҳои бачагона истифода мешавад". Ӯ низ чун ҳамсӯҳбати қаблӣ таъкид кард, ки китобча қабл аз нашр бо намояндагони муҳоҷирони корӣ ҳамоҳанг шудааст. “Мо ба ҳеҷ сурат ҳадаф надоштем ба иззати нафси касе бирасем". Баҳси мо 15 дақиқа тӯл кашид ва гаштаву баргашта ба масъалаи обурӯву имиҷи муҳоҷирон дар чашми шаҳрвандони Русия ва масъулони “Раҳнамои муҳоҷири корӣ” бармегашт. “Машварати ман ин аст, ки матнро тавре ҳаст гузоред, вале аксу тасвирҳоро дигар кунед”, гуфтам ба Глеб. “Хеле хуб, пас мо бояд онҳоро тавре ҳаст, яъне чеҳраи сиёҳак кашему баъд бо мухолифати зиёди дигар рӯбарӯ шавем?”, гуфт ӯ. Ин дафъа ман нороҳат шудам, ва гуфтам, ки "шумо ҳоло нохудогоҳ садҳо ҳамватану ҳамсояи маро таҳқир кардед ва бо ин ҳам ҳатто дарк намекунед, ки ин гуна бархурд ба қонунҳои маданиву башарӣ мухолифат мекунад”.

Глеб танҳо дар дақиқаи 12-уми сӯҳбат ба истилоҳ таслим шуд. Ӯ гуфт, “ман шуморо хуб фаҳмидам ва бо шумо комилан розӣ ҳастам”. “Ман, чун шахсе, ки барои ҳуқуқи инсон мубориза мебарам ва ҷонибдори адолат ҳастаму ба ҳеҷ сурат намехоҳам касеро ранҷонам, ба хусус онҳоеро, ки дар кишвари мо дар шароити маҳрумият ва беҳуқуқӣ кор мекунанд, тасмим мегирам, ки дар идомаи барномаамон ҳама корро хоҳем кард, ки назару андешаҳои ҳама гурӯҳҳо ба эътибор гирифта шавад. Коре кунем, ки бовазну санҷидашуда бошад ва ҳоло ман фаҳмидам, ки на ҳама методҳо ба кор мерафтааст”.

Вақте ман ин гузоришро таҳия мекардам, мехостам бовар кунам, ин баҳсҳо ҳадди ақал метавонанд назари як нафарро ба муҳоҷирон дигар мекунанд. Аммо вақте аз Глеб Панфилов ин номаро гирифтам, бовар кардам.

"Еще раз, добрый день, Хиромон!
Спасибо за Ваши комментарии и переживания. Они на самом деле очень важны для нас.

С уважением.

Панфилов Глеб Роальдович"