Ҳудуди чорсад тан аз нобиноён дар ноҳияи Ҳисор талош доранд, ки ҳукумат корхонаҳои як замон фаъол ва аммо дар пайи даргириҳои дохилӣ аз кормондаи онҳоро дубора ба чархиш дарорад.
Нозим Шарифов, мудири хонаи маданияти нобиноёни Ҳисор, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, то кунун даҳҳо аризаи онҳо ба дастгоҳи иҷроияи президент рафта, аммо ҳалли худро наёфтааст. "Рости гапро гӯям, ҷои муроҷиат накардаамон намонд. Чанд бор ба номи Ҷаноби Олӣ ҳам ариза фиристодем. Вале ба дасташ намерасад ва шояд Ҷаноби Олӣ ҳоло аз чунин вазъияти мо хабардор ҳам набошад. Аризаи мо ба датсгоҳ ва аз он ҷо ба дасти раиси ноҳияи Ҳисор меояд ва ё додситонӣ, ки ҳалли худро намеёбад," -- афзуд ӯ.
Нарзулло Гулмирзоев, яке аз нобиноёни Ҳисор, дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ дар корхонаи истеҳсоли сарпӯши қуттиҳо кор мекард ва аммо тайи бист соли охир ин шуғли худро ба талбандагӣ иваз намудааст. Ӯ мегӯяд, онҳо аз ночорӣ садақа металабанд ва аз ин ҳисоб аробаи зиндагияшонро мекашанд, вале дар сурати фаъол шудани корхонаҳои махсуси нобиноён бо ҷону дил ба кор хоҳанд пардохт.
Деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Ҳисор бештар бо номи "минтақаи нобиноён" маъруф аст. Дар замони пойбарҷоии Шӯравии собиқ дар ин ҷо коргоҳҳои махсуси нобиноён фаъол буд ва онҳо тавонистаанд дар вақташ 10 номгӯи асбоби рӯзгордориро низ истеҳсол карда ба бозор бароранд. Аз ҷумла, ба қавли нобиноён ошхонаву марказҳои фарҳангӣ ва сартарошхонаҳои рустои Ҳаёти нав низ махсуси онҳо буд, аммо ҳоло ё соҳибонашон дигар шудааст ва ё ин биноҳо ба нимвайрона табдил ёфтаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло корхонаи истеҳсоли сарпӯши қуттиҳо дар ноҳияи Ҳисор бо таҷҳизоти аз кор мондааш ба як гӯшаи тақрибан фарсуда табдил ёфтааст. Ин коргоҳ дар тобеияти ҳукумати ноҳия буда ва бахше аз онро соҳибкорони инфиродӣ ба иҷора гирифтаанд ва дар он ҷое, ки соҳибкорон ҳастанд, кор ҷараён дорад, аммо нобиноён ба мушоҳида намерасанд.
Як зани 75-сола, ки дар бозори марказии ноҳияи Ҳисор сақичу қанд мефурӯшад, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ будааст. Ӯ мегӯяд, аз 16-солагияш ҳамроҳ бо модари нобинои худ дар коргоҳҳои қуттибарориву сарпӯшсозӣ то оғози солҳои навадуми асри гузашта кор кардааст. Ба қавли ӯ, 25 сол боз барои аз байн нарафтани ин корхонаи истеҳсолӣ талош кард, вале то ҳол ба ҷое нарасид.
Роҳбароияти корхонаи қуттибарориву сарпӯшсозӣ ва раиси Ҷамоати Ҳисор бо сабаби тангии вақт розӣ нашуданд, дар ин масъала бо мо суҳбат кунанд. Вале нобиноён тасмим гирфитаанд, барои дарёфти ёрӣ акнун аб созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло дар кишвар ҳудуди 9 ҳазор афроди нобино ба сар мебаранд. Тоҳирбек Давлатов, раиси ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, гуфт, аз ин ҳисоб танҳо тақрибан 500 нафарашон дар 11 корхонаи махсуси нобиноён дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо корҳои мавсимӣ машғул будаанду бас.