Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати нави "афроди алоқаманд ба терроризм"-ро нашр кард, ки тақрибан 2 ҳазору 400 нафарро дар бар мегирад. Баъзе аз шахсиятҳое, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, дар гузашта ҳама гуна иртиботи худро бо терроризм рад карда буданд.
Як сол пеш Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати "афроди алоқаманд ба экстремизм"-ро низ нашр карда буд, ки 122 нафар, аз ҷумла рӯзноманигори мухолиф Додоҷони Атовулло ва фаъоли сиёсӣ Шабнам Худойдоваро дар бар мегирифт. Ин рӯйхат то оғози моҳи октябри имсол дар торнамои расмии Бонки Миллӣ истода буд, вале ҳоло "пок шудааст". Мақомот тасмими худро шарҳ надодаанд.
Феҳрасти нави "ашхоси алоқаманд ба терроризм" аз тарафи Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ омода шудааст. Департамент бо Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул ё FATF (Financial Action Task Force) ҳамкорӣ дорад.
Рӯйхати нави Бонки Миллӣ охири ҳафтаи гузашта дар торнамои расмии ин ниҳод нашр шуд. Дар садри рӯйхат номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, истодааст, ки ӯро ба чанд ҷиноят айбдор ва ғоибона ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд. Вале Кабирӣ ин айбномаҳоро беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ донистааст.
Ба ҷуз аз Муҳиддин Кабирӣ дар рӯйхати Бонки Миллӣ ном чанде аз наздикони ӯ, аз ҷумла писараш Абузар Кабирӣ, бародарзодаҳояш Муҳаммадҷон Кабиров, Эмомалӣ Кабирзода, Бибируқия Кабирова ва муовинаш Шоҳнаими Карим шомиланд.
Дар баробари садҳо номи барои матбуот ношинос ба ин рӯйхат номи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи пешини Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ду фарзанди Саидумар Ҳусайнӣ – Маҳмадиқбол ва Сайфуллоҳ – низ ҷой дода шудаанд.
Ба ҷуз аз фаъолони ҳизбу созмонҳои сиёсии мухолифи давлат ба ин феҳраст номи баъзе аз нафароне, ки бо аҳли оила ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд, низ дохил шудааст. Аз ҷумла, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ва Гулрӯ Олимова, ҳамсари яке аз ҷанҷӯёни тоҷики ДИИШ.
Масъулони Бонки Миллӣ дар шарҳи рӯйхати нашркардаашон иттилое надоданд ва талошҳои мо низ барои гирифтани иттилои бештар аз ин ниҳод то ин дам бенатиҷа буд. Шарҳи меъёрҳо ва овардани далоил метавонист, ба амаҳияти ин феҳраст афзояд.
Мутахассисони соҳаи молия ва бонк гуфтанд, “ин феҳраст пеш аз ҳама бонкҳои Тоҷикистонро вазифадор мекунад, ки аз хидматрасонӣ ба ин афрод парҳез кунанд”.
Надежда Атаева, роҳбари Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна, рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон бо ворид кардани номи фаъолони сиёсӣ, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф ва мунтақидони ҳукумат ба "рӯйхати сиёҳ" аз механизми созмони FATF "cӯистифода карданист".
Атаева аз таҷрибаи сӯистифода аз абзори Интерпол аз сӯи Тоҷикистон ёдовар шуд, ки барои таъқиби дигарандешон ва мухолифон дар хориҷа равона шуда буд. Аммо пас аз шикоятҳои зиёде Интерпол исме чанде аз мухолифонро, ки зери пайгард буданд, аз феҳристаш пок кард.
Ӯ гуфт: “Ба ҳамин монанд ниҳодҳои молиявии кишварҳои Аврупо ҳам беасос будани зери таҳрим қарор додани фаъолони сиёсӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистонро дер ё зуд дарк мекунанд. Шояд се-чор моҳ сипарӣ шавад. Вале вақте фаъолони сиёсӣ дар кишварҳои Аврупо паноҳандагии сиёсӣ доранд, ниҳодҳои молиявӣ ҳатман ин нуктаро ба инобат мегиранд. Тоҷикистон наметавонад бо сӯистифода аз абзори FATF дигар кишварҳоро ҳам водор созад, ки фаъолони сиёсиро таҳрим кунанд."
Надежда Атаева, гуфт вақте кишварҳо ва худи FATF билохира аз сӯистифода шудани механизми "рӯйхатҳои сиёҳ" ба хотири таъқиби рақибони сиёсӣ огоҳ мешавад, таҳримҳоро имкон дорад бекор кунад. "Он гоҳ барои давлати Тоҷикистон шармандгии бузурге мешавад, чунки дар иваз аксулмал хоҳад дошт", -- хулоса кард ӯ.
Рӯйхати Бонки Миллӣ бори аввал се сол пеш таҳия шуд ва ҳар сол сафи “афроди алоқаманд ба терроризм” дар он бештар мешавад. Баъзе афроде, ки номи худро дар ин рӯйхати “сиёҳ” ёфтаанд, бо ин иттиҳом розӣ нестанд. Ин ашхос мегӯянд, “дар як гуруҳ ҷой додани террористон ва мухолифин аз рӯи адолат нест”.
Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, низ шомили рӯйхати “сиёҳ”-и Бонки Миллӣ шудааст. Вай бовар дорад, далели асосии ворид шудани номаш ба ин рӯйхат интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумат мебошад.
“Дар Прокуратураи генералӣ ҳамчун узви “Гуруҳи 24” сабт шудаам, ки намедонам ба он гуруҳ чӣ рабт дорам. Инҳо аз вожаи терроризм сӯистифода мекунанд ва ин истилоҳро ҳамеша дар аксар маврид ба зидди рақибони сиёсии худашон истифода мекунанд,” -- гуфт ӯ.
Ин рӯзномагори тоҷик, ки ҳоло дар яке аз кишваҳои аврупоӣ паноҳанда аст, мегӯяд, ворид шудани номаш ба рӯйхати Бонки Миллӣ мумкин аст ба сафарҳои ӯ мушкил эҷод кунад.
Тағйироти нав ин аст, ки Бонки Миллӣ рӯйхати дувум, яъне “ашхоси алоқаманд ба экстремизм”-ро аз сомонааш тоза кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки пок шудани рӯйхати шахсони ба экстремизм алоқаманд аз сомонаи расмии Бонки Миллӣ ба чӣ маъност? Оё муомилаи пулии бонкҳои Тоҷикистон бо ин афрод иҷоза дода шудааст ва ё ин феҳраст дар ҳоли такмил буда, аз нав интишор меёбад? Масъулони Бонки Миллӣ дар ин бора шарҳе намедиҳанд.
Зимнан дар гузашта маҳз ба далели дар ин рӯйхат қарор доштани номи ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов аз сӯи мақомоти Туркия боздошт шуда буданд. Онҳо дертар озод гардиданд.
Бонки Миллӣ дар ҳоле ба рӯйхати “афроди алоқаманд ба терроризм” тағйирот ворид мекунад, ки соли гузашта Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, номи 14 нафарро аз ин рӯйхат берун кунанд. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯяд, дар миёни афроди муттаҳам ба терроризм номи 14 журналист ва блогери тоҷик ҳам ҳаст, ки матолиби интиқодӣ ба нашр расонидаанд.
Феҳрасти созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул дастрас хоҳад буд.