Беҳрӯзи Хоҷазодаи 29-сола рӯзи 29-уми июл дар вазни то 73 кило дар даври аввал аз рақибаш Артур Маргелидони 30-сола аз Канада дар “замони тиллоӣ” (golden sсore) шикаст хӯрд.
Аз байни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда Эмомалӣ Нуралӣ 28-уми июл дар мусобиқаи ҷудо рақобат карда буд. Ин варзишгари 22-сола, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Баруч Шмаилови 29-солаи исроилиро дар “замони тиллоӣ” (golden sсore) бо имтиёзи “ваза-aри” шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Аммо Эмомалӣ дар чорякфинал аз қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи 26-солаи ҷопонӣ бо ду “ваза-aри” шикаст хӯрд ва дасташ осеби сахт дид. Бинобар ин, ӯ аз рақобат дар даври тасаллобахш даст кашид. Рақибаш Бунчич Страҳинҷа аз Сербия, ки бидуни рақобат ғолиб шуд, ба ҳаққи ширкат дар мубориза барои медали биринҷӣ даст ёфт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Нуралӣ аз идомаи мубориза даст кашидБоз чаҳор паҳлавони тоҷик дар риштаи ҷудо дар Олимпиадаи Порис рақобат хоҳанд кард. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум 30-юми июл бо Фарес Бадавии фаластинӣ нерӯсанҷӣ мекунад.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило 31-уми июл дар даври аввал бо Тристани Мосахлишвили аз Испания рақобат хоҳад кард.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило 1-уми август дар даври аввал бо Диессеи фаронсавӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов (Олмон) ва Одхуу (Муғулистон) қувва меозмояд.
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев, ки 28-уми июл дар мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис дар аввалин рақобаташ пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Болтаеви 25-сола шаби якшанбе дар вазни то 92 кило бо Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон рақобат кард. Дар ин қувваозмоӣ муштзани тоҷик, ки маҳорати баланд нишон дод, бо қарори ҳакамон бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардида, ба чорякфинал баромад.
Рақиби Болтаев дар даври чорякниҳоӣ Ҷек Марли аз Ирландия мебошад. Рақобати онҳо шаби 1-уми август доир мегардад. Марлии 21-сола дар 1/8 финал бар Матеуш Березнитский аз Лаҳистон (Полша) бо ҳисоби 4:1 дастболо шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Давлат Болтаев дар аввалин рақобаташ муштзани гурҷиро шикаст додДар Олимпиадаи Порис аз байни варзишгарони тоҷик нахуст муштзан Баҳодур Усмонов ба рақобат пардохта буд. Қувваозмоии ин варзишгари 26-сола дар вазни то 63,5 кило дар даври аввал муқобили Радослав Росенови 20-сола аз Булғористон 27-уми июл доир гардид. Росенов бо қарори якдилонаи ҳакамон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт, вале Усмонов аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Боз як муштзани тоҷик - Миҷгона Самадова - дар вазни то 57 кило миёни занон 31-уми июл соати 16:00 бо вақти Душанбе вориди рақобат мешавад. Рақибаш дар даври 1/16-ниҳоӣ Алюсса Мендозаи 20-сола аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.
Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 2-юми август вориди рақобат мешавад.
Екатерина Бордачева дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Даванда Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Париж дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.
Виктор Рассадин ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Порис мебошад. Вай, ки зодаи Ёқутистони Русия аст, соли гузашта шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфт ва 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Париж дар вазни то 74 кило баргузор менамояд.
Мунира Абдусаломова ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи таэквондо дар Олимпиадаи Париж мебошад. Вай 10-уми август дар аввалин рақобаташ дар вазни беш аз 67 кило иштирок хоҳад кард.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Париж беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.
Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат варзида, чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.