"Билайн" дар баҳс бо Кумитаи андоз "мағлуб" шуд

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси ширкати мобилии "Билайн" ва Кумитаи андозро ба фоидаи ахирӣ ҳал кардааст. Даъвои андоз бо ин ширкати мобилӣ аз оғози соли равон бар сари ҷаримабандии нодуруст идома дошт ва ахиран додгоҳ Кумитаи андозро ҳақ баровард.

"Билайн талаб кард, ки қарори Кумитаи андоз бекор шавад"

Як мақом дар Додгоҳи олии иқтисодӣ рӯзи 6-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳси ширкати "Билайн" бо Кумитаи андоз бар сари ҷаримабандии ин ширкати мобилӣ буд.

Ин аввалин маротиба нест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон ширкатҳои мобилро ба додгоҳ кашонда, онҳоро миллионҳо сомонӣ ҷарима мебандад.

Ба қавли манбаъ, Кумитаи андоз дар пайи як санҷиш, ҶДММ "Таком"-ро, ки таҳти бренди "Билайн-Тоҷикистон" фаъолият мебарад, дар ҳаҷми 51 миллиону 144 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Аммо ба қавли ин масъули Додгоҳи олӣ, ширкати "Билайн" аз ин қарори Кумитаи андоз норозигӣ карда барои бекор кардани он нахуст ба Додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда буд.

"Ширкати "Билайн" аз суд талаб кард, ки қисми якуми қарори раиси Кумитаи андоз дар бораи ҷаримабандии ин ширкат бекор шавад. Аммо Суди иқтисодии Душанбе ин даъворо рад кард ва "Билайн" аз болои он ба Суди олии иқтисодӣ муроҷиат намуд",-афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Додгоҳи олии иқтисодӣ низ қарори зинаи аввалро дастгирӣ карда, қазияро ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал намуд. Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯянд, баҳс ҳаматарфа омӯхта шуда, бар асоси далелҳои пешниҳодшуда қарор содир кардааст.

"Билайн" моли кист?

Ширкати "Билайн" дар ҳоле боз миллионҳо сомонӣ ҷарима мешавад, ки ахиран моликони он тағйир ёфтанд. Аксари саҳмияҳои ин ширкат қаблан дар ихтиёри ширкати VEON буд, ки моликонаш сармоядорони рус ва аз дӯстони Владимир Путин гуфта мешаванд. Аммо рӯзи 11-уми июн ин ширкат эълон кард, ки саҳми худро ба ширкати Zet mobile фурӯхтааст.

Бинои Кумитаи андоз.

Гуфта мешавад, ширкати Zet mobile то кунун ҳам 2 дарсади саҳмияҳои ширкати "Билайн"-ро дар Тоҷикистон дар ихтиёр дошт. Ҳоло бо хариди 98 дарсади саҳмияҳои боқимонда, молики кулли ширкати "Билайн" дар Тоҷикистон шуд.

Бино ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, моликони "Таком" (Билайн) ширкати Вымпелком ва Ҳасан Асадуллозода ҳастанд. Ширкати VEON нагуфтааст, ки “Билайн”-ро ба чӣ қимате дар Тоҷикистон ба моликони нав фурӯхтааст.

"Миллионҳо ҷаримаи ширкати мобилӣ"

Зимнан, ин аввалин маротиба нест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон ширкатҳои мобилро ба додгоҳ кашонда, онҳоро миллионҳо сомонӣ ҷарима мебандад. Аз ҷумла соли 2016 Кумитаи андоз ширкати "Билайн"-ро бо иттиҳоми напардохтани молиёт дар ҳаҷми 151,3 миллион сомонӣ ҷарима кард ва баҳс ба фоидаи давлат ҳал шуд.

Ин қарор, ба гуфтаи ширкати мухобиротӣ, оғози таназзули ширкат гардид. Дар як изҳороташ "Билайн" гуфт, соли 2016 дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 73 миллион доллар андоз супурда, танҳо 68 миллион доллар фоида дидааст.

Мақомоти андоз дар Тоҷикистон дар соли 2016 дар маҷмӯъ се ширкати мухобиротиро ба пардохти андозҳои ҳангуфт муваззаф карданд. Дар баробари талаби пардохти 151,3 миллион сомонӣ аз "Билайн", ширкати "Мегафон" ба пардохти 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" ба 155 миллион сомонӣ ҷарима вазифадор шуданд. Дар баҳсҳои қаблии додгоҳӣ ин ширкатҳо баҳсро ба Кумитаи андоз бохта буданд. Ин ҳодиса мавриди интиқоди сафирони Иттиҳодияи Аврупову Русия ҳам шуда буд, ки гуфтанд, андози баланд ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъсир мегузорад.

Коршиносон мегӯянд, бахши мухобирот - замоне сердаромад ва андозсупорандаи аввали будҷаи давлатӣ ба ҳолати таназзул оварда шуд. Солҳои қабл ширкатҳои мобилӣ ба будҷа давлат солона то 1 миллиард сомонӣ андоз месупориданд. Вале пас аз тағйироти зиёд дар шеваву маҳсулоти арзакунандаи ширкатҳои мухобиротӣ, даромади онҳо кам шуд.