Дар ҳоле ки дар ин авохир хабарҳо дар бораи зиёд шудани муноқишаҳои миёни хонандагони мактабҳо ба гӯш мерасад, латту кӯби як омӯзгор аз тарафи шогирдон дар ноҳияи Панҷ камназир гуфта мешавад.
Он гуна, ки худи омӯзгори мактаби рақами 12 -и рустои Ҳасан Шеров, ҷамоати "Озодагон" -и ноҳияи Панҷ - Зафар Эмомов рӯзи 26 июн зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса нисбати вай рӯзи гузашта ҳангоме рух дод, ки мехост пеши роҳи занозании гурӯҳи хонандагонро бигирад, аммо худаш мавриди латӯ куб қарор гирифт. Ба гуфтаи ин омӯзгор, дар ин муноқиша ҳудуди 50 хонанда, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд, ширкат доштанд ва ва бо зарби оҳан ва калтакҳо ба сари якдигар мезаданд.
Вай мегӯяд, зери борони зарбаи шогирдон монда, сахт маҷрӯҳ шудааст. Сару қафаси сина ва чашмонаш бар асари лату куб сахт ҷароҳат бардошта, ҳоло дарди сангин ӯро азият медиҳад. Зафар Эмомов гуфт, ”шаб моро идораи пулис оварданд, аз мо баёнот гирифтанд ва аризаҳоямонро гирифтанд. Субҳ ташхиси тиббӣ супурдам, намедонам, акнун чӣ мешавад."
Зафар Эмомов, ки омӯзгори фанни "омодагии ибтидоии ҳарбӣ" аст, аз ин ҳодиса ба додситонии ноҳияи Панҷ шикоят бурдааст ва умед дорад, то қазия мунсифона таҳқиқ шавад.
Яке аз хонандагон, ки дар ин муноқиша даст доштааст ва нахост номаш ифшо шавад, низ тасдиқ кард, ки ҳар ду гурӯҳ ба ҳангоми занозанӣ дар даст оҳан ва ҳатто баъзеашон корд доштаанд. Вай афзуд, ки ин гуна занозаниҳо пештар низ мешуд. Зеро ба гуфтаи ин хонандаи мактаб, талабагон дар мактаби рақами 123 аз ду деҳа таҳсил мекунанд ва гоҳ - гоҳе миёни онҳо занозанӣ сурат мегирад.
Ӯ дар бораи муноқишаи ахир гуфт, «вақте ҷанг ё занозанӣ буд, муаллим Эмомов огоҳ шуда омад, то моро халос кунад. Дар ҳамин ҳангом сару даҳани омӯзгор хуншор шуд. Вазъи муаллим бад шуда буд. Ман дар байни ҳамон тӯда будам.»
Дар ҳоле ки масъулони пулис ва додситонии ноҳияи Панҷ аз изҳори назар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ мекунанд, Зулфия Абдураҳимова, директори мактаби рақами 12 сабаби аслии муноқишаи ахирро ба бемасъулиятии волидайни хонандагон марбут донист. Вай гуфт, ки мутаассифона, падару модарон ба ахлоқи фарзандон назаорат намекунанд ва тарбияи онандагон низ коста шудааст. Хонум Абдураҳимова гуфт, ки ҳатман аз Зафар Эмомов, омӯзгори мактаб ҳимоят хоҳад кард: «Инҷо орган аст, бигзор онҳо кӯшиш кунанд, то ҷиноятро ошкор созанд. Падару модар аст... То кай директори мактаб ва муаллим аз пушти талаба мегардад? Бигзор падару модаронро ба ҷавобгарӣ кашонанад.»
Латту кӯби омӯзгори ҷавон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар миёни мардум сарусадои зиёдеро ба миён овардааст ва сокинон мегӯянд, зоҳиран, задухӯрдҳои гурӯҳии мактабиён ба сатҳи зишттар расидааст, чун ҳатто ба омӯзгор раҳм накардаанд. Солҳои охир эътибори муаллим миёни ҷомеа дар Тоҷикистон хеле пойин омадааст, вале гумон намерафт, ин коҳиӯ ба ҳаддест, ки шогирдон ба сари устоди худ даст бардоранд.