Байни варзишгари тоҷик ва исроилӣ чӣ гузашт? Ҳамлаи расонаӣ ба Эмомалӣ Нуралӣ

Ҷудокори тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ (рост) бо ҳарифаш Борух Шмаилов аз Исроил (чап). Порис, 28-уми июли 2024

Рақобати Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори тоҷик бо варзишгари исроилӣ Борух Шмаилов дар Бозиҳои олимпии Порис ҷанҷолӣ шуд. Рақобати ин ду варзишгар 28-уми июл бо пирӯзии ҷудокори тоҷик анҷомид.

Баъзе аз расонаҳои байнулмилалӣ навиштаанд, ки варзишгари тоҷик пас аз пирӯзӣ аз даст додан ба ҳарифаш аз Исроил худдорӣ кард. Масъулони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯянд, Эмомалӣ Нуралӣ "ягон қоидаи бозиро вайрон накард".

Шабакаи “Fox News” рӯзи 28-уми июл дар гузорише гуфт, Эмомалӣ Нуралӣ “тибқи анъана, пас аз анҷоми бозӣ дасти рақиби исроилиашро фишурдан нахост” ва дар рақобати баъдӣ осеб дид. Аммо дар гузориш бо иштибоҳ номи рақиби Эмомалӣ Нуралиро варзишгари дигар аз Исроил Тоҳир Бутбул навиштаанд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило ва Тоҳир Бутбул дар вазни то 73 кило баромад мекунанд.

Дар гузориши ин расона аз номи корбарони шабакаи “X” (Твиттер) овардаанд, ки гуё Эмомалӣ Нуралӣ пас аз анҷоми бозӣ ангушташро ба тарафи осмон бардошта, “Аллоҳу Акбар” гуфтааст.

Сомонаҳои Essentiallysports ва Dailymail ҳам дар гузоришҳои худ ба варзишгари тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ таъна задаанд, ки баъди даст надодан ба ҳарифаш аз Исроил дар рақобати баъдӣ аз китфаш осеб дид. Эмомалӣ дар чорякфинал аз қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи 26-сола аз Ҷопон бо ду “ваза-aри” шикаст хӯрд ва дасташ осеб дид.

Эмомалӣ Нуралӣ баъди осеб диданаш

Масъулони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон содир шудани хаторо аз тарафи Эмомалӣ Нуралӣ рад мекунанд. Аҳмад Сафарзода, сухангӯи Федератсия, 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гӯштии ҷудо танҳо бо ишораи нимтаъзим салом мекунанд, ки бо номи "рэй" маъруф аст.

“Ҷудо варзиши ҷопонӣ аст ва дар Ҷопон бо даст салом кардан қабул нест. Ҳамон рэй ё нимтаъзим маънои саломро дорад. Дирӯз варзишгари исроилӣ ҳам даст дароз накарда буд,” -- афзуд Сафарзода.

Масъули Федератсияи ҷудо гуфт, дар бораи онки Эмомалӣ Нуралӣ баъди анҷоми рақобат кадом калимаро гуфт, чизе гуфта наметавонад, чун дар Душанбе аст.

Дар навори рақобати Эмомалӣ Нуралӣ ва Борух Шмаилов дида мешавад, ки ду варзишгар баъд аз анҷоми рақобат бо ҳам даст дароз намекунанд ва танҳо нимтаъзим мекунанд. Эмомалӣ Нуралӣ пас аз адои сабқат ангушташро ба боло мебардорад ва баъд ишораи омин карда, аз майдон меравад.

Ин бори аввал нест, ки Эмомалӣ Нуралӣ ҷудокори исроилӣ Борух Шмаиловро шикаст медиҳад. Онҳо моҳи марти имсол дар финали Гранд Слами Тошканд бо ҳам сабқат карда буданд. Он замон ҳам ин сабқат ҷанҷолӣ шуда буд, чун наворҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он Эмомалӣ Нуралӣ ба Борух Шмаилов даст надод.

"Бархе мерақсанд, таъзим мекунанд, мебӯсанд"

Зариф Назриев, мураббӣ ва довари гуштии ҷудо аз Душанбе мегӯяд, дар ҷудо бо салом накардан беэҳтиромӣ арзёбӣ намешавад: “Ҳатто дар оғози мусобиқа агар бо даст салом кунӣ, огоҳӣ мегирӣ, танҳо рэй ё нимтаъзим кофӣ аст. Вақти бурд ё бохт ҳам нимтаъзим мекунӣ, ҳамон худаш эҳтиром аст.”

Дар масъалаи ишораи ангушт ё анҷоми ишораҳои динӣ баъд аз анҷоми рақобат, Зариф Назриев мегӯяд, баъди баромадан аз татами ё гилеми ҷудо, дигар маҳдудият нест. Назриев аз ҷудокори қазоқистонӣ мисол овард, ки баъд аз қаҳрамони олимпӣ шудан дар Порис ангушташро боло кард.

“Баъди ғолиб шудан ва баромадан аз гилем баъзе аз ҷудокорон мерақсанд, баъзе таъзим мекунанд ва бархе гилемро мебӯсанд. Ин эҳсосоти варзишгар аст,” -- мегӯяд Зариф Назриев.

Эмомалӣ Нуралӣ ягона варзишгаре нест, ки номаш дар робита ба ҳарифонаш аз Исроил баҳсбарангез мешавад. Масъуд Идрис, ҷудокори алҷазоирӣ барои рақобат бо ҳарифаш аз Исроил, Тоҳир Бутбул, вазни заруриро надоштааст. Федератсияи байнулмилалии ҷудо гуфт, Масъуд Идрис даҳ дақиқа қабл аз анҷоми муҳлат барои вазнкашӣ омад ва маълум шуд, ки вазни ӯ 400 грам зиёд аст.

Нашрияи алҷазоирии "Al Nahar" дар гузорише аз Масъуд Идрис тавсиф кард, ки бо надоштани вазни зарурӣ боақлона аз рақобат бо варзишгар аз Исроил канорагирӣ кард.”

Йаел Арад, роҳбари Кумитаи олимпии Исроил, ин рафтори ҷудокори алҷазоириро “масхара” номид ва хоҳони муҷозоти варзишгар ва дастааш шуд. Масъулони Федератсияи байнулмилалии ҷудо гуфтаанд, қазияро таҳқиқ доранд, чун мумкин аст Масъуд Идрис “қурбонии баҳси сиёсӣ” шудааст.