Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театр ва аз фаъолони ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми сентябр 61-сола шуд. Ӯ чанд сол боз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад. "Бисёр мутаассифам, ки имсол коронавирус имкон надод намоишномаи "Ревизор"-и Гоголро рӯйи саҳна биорам. Ҳоло тамринҳо идома доранд, аммо ба таври фосилавӣ", -- гуфт ӯ рӯзи шанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Барзу Абдураззоқов фарзанди ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ва ҳунарпешаву коргардони маъруфи театр Фотима Ғуломова аст. Ӯ соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст. Соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд. Чаҳор сол пеш барои кор ба Қазоқистон рафт. Барзу Абдураззоқов дар гузашта дар театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ва театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе кор кардааст.
Радиои Озодӣ солҳои охир бо Барзу Абдураззоқов дар масоили гуногун чандин суҳбати ихтисосӣ анҷом додааст ва дар ин рӯз тасмим гирифтем бахшҳое аз ин мусоҳибаҳоро, ки бо гузашти замон арзиши худро гум накардаанд, дубора нашр кунем. Ин суолу ҷавобҳо дар солҳои гуногун анҷом шудаанд:
Радиои Озодӣ: Дар сурати бозгашти худ ба Тоҷикистон театри навини тоҷикро чӣ гуна дидан мехоҳед?
Барзу Абдураззоқов: Театри нав ин одами нав аст. Танҳо иморати нав наметавонад театри нав бошад. Барои театри нав шахсият зарур аст, ки ҳоло онро намебинам. Бояд шахсиятро гирди ҳам овард ва на танҳо дар арсаи театр. Ҳоло барои сохтмони театри нав садҳо миллион сомонӣ ихтисос медиҳанд, вале барои тарбияти шаҳсиятҳо ҳатто ду миллион ҷудо намекунанд. Фаррух Қосимов дар бинои саққобозӣ намоишномаи “Юсуфи гумгашта”-ро таҳия кард, ки дастоварди ҷаҳонӣ шуд. Яъне, шахсият муҳим аст. Солҳои Шӯравӣ дар мардуми мо тафаккури ғуломӣ ва тарс сахт ҷой гирифтааст. Мо натавонистем ҳисси ғуломиро аз худ дур созем. Фикр мекунам, барои ин амр фурсати бештаре зарур аст. Мо ба наслҳои дигар танҳо ҳисси тарс ба мерос мегузорему бас. Ин ҳама натиҷаи зиндагии 70 соли Шӯравӣ аст. Яъне, замони Шӯравӣ ҳам ғулом будем ва ҳоло низ. То ҷое ҳанӯз ҳам мисли замони Шӯравӣ коммунист мондаем ва ҳамаи арсаҳои зиндагии мо ба ин арзишҳои дурӯғин пойбанд мондааст.
Радиои Озодӣ: Ҳунаршиносҳо, соҳибназарҳо ва мухлисони Шумо ба ин назаранд, ки Барзу ҳеч як асарро тасодуф рӯйи саҳна намеоварад?
Барзу Абдураззоқов: Бубинед ҳар як асари классикӣ дар матну мағз чизе дорад, ки онро то абад зинда нигоҳ медорад. Яъне, ин осор мӯҳтавое дорад, ки дар ҳар замона қобили истифода ва баҳрабардорист. Масалан, «Хидматгори ду хоҷа»-и Голдонӣ. Хуб як хидматгор аз Бергама меояд ба Венетсия. Ба сабаби гуруснагӣ, бенавоӣ ва бечорагӣ маҷбур мешавад, ки ба ду арбоб хидматгор шавад. Албатта, ин берун ва ё зоҳири масъала аст. Аммо дар мағз як чизи дигари хеле муҳим дорад, ки онро қариб, ки ҳеч вақт ба инобат намегирифтанд. Ин ҳам бошад бунт - ошӯби он ғулом аст, ки мегӯяд ин чӣ ҳол аст, ки наход як рӯз бо шиками сер зиндагӣ карда натавонам. Бубинед, ин ғулом, ки Труфалдино ном дорад, чунон худро бедор мекунад, ин қадар нерӯ пайдо мекунад, ки ин ҳама корҳоро анҷом медиҳад. Ҳамаи ҳодисаҳои ин аср ҳамагӣ аз ним рӯз аз ҳаёти ин ғулом ҳикоят мекунад. Ва мо мебинем, ки дар тӯли ин се-чаҳор соати зиндагии ин шахс чӣ қадар таҳаввулот ва табаддулот ба вуқӯъ меояд. Яъне мо шоҳиди саҳнае мешавем, ки Труфалдино ба худ бовар кард ва тамоми зиндагиашро иваз намуд. Бубинед, дар аксари ҳолат мо тоҷикҳо даррав хаста ва ноумед мешавему хулоса мекунем, ки на, тамом, дигар ҳеч чиз фоида надорад, аммо дар ин асар комилан баръакси он тасвир мешавад, ки на, бояд талош кард, зуд рӯҳафтода нашуду муборизаро идома дод. Намунаи беҳтарин аст, ки ҳама вақт амал фоида дорад, ҳама вақт риск суде хоҳад дошт.
Радиои Озодӣ: Бархе дар Тоҷикистон мегӯянд, онҳое, ки ба танқиди вазъ дар кишвар машғул ҳастанд, тавони дидани пешрафту ободии кишварро надоранд. Шумо худро ба ин гурӯҳ шомил мекунед?
Барзу Абдураззоқов: Он одамоне, ки ин гапро мегӯянд, пеш аз ҳама, фикр мекунам, камақланд. Чӣ тавр мешавад, ки дар ин Ватан зиндагӣ куниву онро дӯст надорӣ? Мешавад, ки мо падару модарамонро танқид мекунем. Намешавад, ки ҳама чиз хуб бошад. Шветсияеро, ки беҳтарин мамлакати ҷаҳон аст, имрӯз аз лиҳози иқтисодӣ ва масоили дигар танқид мекунанд. Намешавад ҳар рӯз дурӯғ гӯйӣ. Агар қубури хонаамон вайрон бошад, чӣ хел мегӯям, ки «не, ин хуб аст". Агар роҳ валангор аст, чӣ хел мешавад гуфт, ки «не, ин роҳ хуб аст». Агар ман як чиз гуфтам, ҳатман ба фоидаи миллат мегӯям. Агар мо нагӯем, ки ин роҳ нодуруст аст, ин фикр нодуруст аст, дигар пешравӣ намешавад. Вақте мегӯем, ин роҳ хато аст, мегӯянд, “душмани миллатӣ”. Ин аз рӯи кадом мантиқ аст?
Радиои Озодӣ: Агар имкони мулоқот ва суҳбат бо президенти Тоҷикистонро медоштед, чӣ мегуфтед?
Барзу Абдураззоқов: Гуфтаниҳоям хеле зиёд аст. Пеш аз ҳама, мегуфтам, раиси ҷумҳур, мамлакате, ки Шумо раҳбарӣ мекунед ва дӯст медоред, ман ҳам ҳамон қадар дӯст медорам. Барояш чӣ қадаре, ки Шумо месӯзед, ман ҳам ҳамон қадар месӯзам. Мегуфтам, биёед, як кор кунем: ба ман як миқдор пул, озодӣ ва 5 сол мӯҳлат диҳед. Пас аз 5 сол театри тоҷикро намешиносед. Сатҳашро хеле баланд мебардорем. Фақат иҷозат диҳед, ҳар чизе, ки мехоҳам бимонам ва ҳар касе, ки мехоҳам аз хориҷ даъват кунам ва ҳар ҷашнворае, ки мехоҳам дар Тоҷикистон гузаронам. Фақат як миқдор пул ва ҳайати кории хуб зарур аст ва баъд аз 5 сол театри тоҷик тамоман як рӯҳи дигар мегирад. Аммо ман ин гуна шароитро надорам. Мо беҳтарин коргардонҳоро метавонем даъват кунем. Масалан, чаро метавонем як мураббии футболро аз хориҷ даъват кунем, аммо коргардонро даъват накунем? Дар ҳақиқат, мехоҳам сӯҳбат кунам ҳамроҳашон. Ғайр аз ин, ба раиси ҷумҳур чанд таклиф ҳам дорам. Барои мисол, аз кино мегуфтам, аз адабиёт мегуфтам, масъалаи драматургияро низ мегуфтам. Тоҷикистон ба ягон фестивали ҷаҳонӣ намеравад. Мо аз ин тариқ метавонистем Тоҷикистонро аз сарҳад барорем ва ба ҷаҳониён шинос кунем. Вале хеле дасткӯтоҳам. Дар ҷаҳон ҳар сол 30 ҳазор ҷашнвора мегузарад, наход дар ягонтои он ҷой нагирем?
Радиои Озодӣ: Чӣ чизро дар Тоҷикистон тағйир додан мехоҳед?
Барзу Абдураззоқов: Психологияи мардумро. Рӯҳияву фикрро. Як шиносам занг зада гуфт, ки барои шабакаи телевизионии «Евронюс» як ролик (навори таблиғӣ) сохтан даркор ва ба ман ёрии ту лозим. Ман гуфтам, хуб, пас аз се соат занг мезанам, аммо занг назадам. Чӣ дорем, ки мо бо он ифтихор карда тавонему дигарон не? Кӯҳ? Кӯҳ дар Шветсария ҳам ҳасту дар Қирғизистон ҳам. Кӯл? Онро ҳам қирғизҳо доранду ҳам ҷопониҳо ва ҳам шветсариягиҳо. Дарё дар бисёри мамлакатҳо ҳаст. Архитектураи хуб? Не, надорем, роҳҳои хуб надорем. Зебоӣ? Ман дар як мақолаам нависта будам, ки тоҷикони то соли 90 зебо буданду баъди он безеб шудаанд. Баъди ду рӯз ӯ занг зад, аммо ман гуфтам, ки бародар ман наёфтам он чизро. Бале, айб аст, аммо наёфтам ҳарчанд зиёд фикр кардам. Ман корро аз боғчаи кӯдакон оғоз мекардам. Мардуми нав месохтам. Намегӯям, ки аз рӯи Нитсше «сверхчеловек» (фавқулода) месозам. Вақти Шӯравӣ мо донишҷӯён ҷамъ шуда, пул мепартофтем, то ки дар ягон тарабхона нишинем. Ҳамроҳи мо рус ҳам буду латиш ҳам буду қазоқ ҳам буду гурҷиву дигару дигар ҳам. Як гурҷӣ вақте ба ресторан медаромад (агар Мимино ба ёдатон бошад), пешхизматон назди ӯ медавиданд. Ҳамон пулро мо ҳам доштем он вақт. Аммо чӣ хел ӯ ба ресторан медаромад. Агар чор нафар бошанд, дигар ҳама пешхизматон назди онҳо мерафтанд. Имрӯз ҳатто бо миллионерҳои мо чунин муносибат намекунанд. Он ғурур аз мо гум аст. Ғурури хубро дар назар дорам, ки ман ҳам бигӯям ман тоҷикам ва ман ғурур дорам. Ба наздикӣ дар як фестивал иштирок кардем. Хеле «комплимент»-и хуб - сухани хуш шунидам. Арманиҳову дигару дигарҳо ҳам буданд. Вақте навбати мо омад, мутахассисони театри Маскав гуфтанд: "Нет, нет мы не будем говорит о таджиках. Они как бразильцы в футболе. Их не чего обсуждать."
Шакли пурраи суҳбатҳо бо Барзу Абдураззоқов дар инҷост:
Барзу Абдураззоқов: Ба президент гуфтаниҳои зиёд дорам. ВИДЕОБарзу Абдураззоқов: Ман бояд озодии баён дошта бошам. ВИДЕОБарзу Абдураззоқов. Маҳбубу мӯҳтарам, вале берун аз ВатанБарзу: “Намегӯям, хона диҳед. Мегӯям, имкон диҳед, ки кор кунам”Барзу: “Виҷдонам намебардорад, ки дар ин ҷо биистам” (САДО)Барзу Абдураззоқов: Куштани озодӣ ҳамеша ба диктатура мебарадБ.Абдураззоқов: "Театр рисолаташро гум кардааст"