Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, 18 сентябр дар пайванд ба муборизаи зидди гуруҳи “Давлати Исломӣ” изҳорот дод. Ӯ дар изҳороти худ ба Конгресси Амрико сипос гуфт, ки аз тарҳи ёрмандӣ ба ошӯбгарони мӯътадили Сурия ҳимоят кардааст. Бино бар ин тарҳ, Иёлоти Муттаҳида дар омӯзондани шӯришиён ва таъмини ҷиҳози онҳо кумак хоҳад кард. Обама ҳамчунин аз Фаронса барои омодагияш дар саркӯби гуруҳи тундрави “Давлати Исломӣ” дар Ироқ ташаккур намуд.
73 узви сенати Амрико аз тарҳи кумак ба шӯришиёни Сурия ҳимоят карданд ва 22 нафар зидди он раъй доданд. Қонуни нав ба ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида иҷоза медиҳад, ошӯбгарони баргузидаи сурёниро дар иншооти ҳарбӣ дар Арабистони Саудӣ то нимаҳои декабр тамрин диҳанд. Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои мазкур акнун дар ду ҷабҳа меҷанганд – ҳам зидди нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва ҳам муқобили гуруҳи “Давлати Исломӣ” ё собиқ ДОИШ, ки манотиқеро дар Сурия ва Ироқ зери тасарруф даровардааст.
Обама гуфт, ҳимояти конгресс аз тарҳи мазкур ба ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати Исломӣ” нишон медиҳад, амрикоиҳо дар муқобили таҳдидҳое, ки аз ДОИШ бармеоянд, иродаи воҳид доранд.
"Ҳимояти қавии ҳарду ҳизб дар Конгресс аз талошҳои нави тамрин ба ҷаҳониён нишон дод, ки амрикоиҳо дар рӯёрӯӣ бо таҳдиди ДОИШ, ки ин қадар мардуми бегуноҳро ба қатл расонд, муттаҳиданд. Ин террористон бо қатли ваҳшиёнаи ду амрикоӣ фикр карданд, ки моро метарсонанд ё ба сафҳои мо парешонӣ оранд. Аммо онҳо низ мисли золимони хурд ва террористони пешина хато карданд ва диданд, ки мо, амрикоиҳо тарсе нахоҳем дошт. Вақте шумо ба шаҳрвандони мо осеб мерасонед ва вақте ба Иёлоти Муттаҳида таҳдид мекунед, вақте ба ҳампаймонҳои мо таҳдид мекунед, ин моро на ҷудо, балки муттаҳид мекунад”, -- таъкид дошт ӯ.
Обама аз Фаронса ҳамчун шарики деринаи Амрико ситоиш ва аз тасмимаш дар муборизаи зидди ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати Исломӣ” истиқбол кард. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд рӯзи 18 сентябр гуфт, ба зудӣ ҳамлаҳои ҳавоии худро зидди пайкорҷӯёни гуруҳи “Давлати Исломӣ” оғоз хоҳад кард. Аммо ӯ афзуд, ин тарҳ танҳо дар Ироқ амалӣ хоҳад гашт ва Сурияро фаро нахоҳад гирифт.
Фаронса алакай силоҳ ва муҳимотеро ба Ироқ интиқол додааст.
Обама дар паёмаш гуфт, зиёда аз 40 давлати ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои араб ба эътилофи зидди гуруҳи “Давлати Исломӣ” шомил шуданд ва ваъда додаанд, ки аз нерӯҳои Ироқ дар ҷанги зидди ин гуруҳ ҳимоят хоҳанд кард.