Бо гузашти 9 сол аз қонуни танзими расму анъанаҳо, ки дар роҳи баргузории тӯю азои мардум дар Тоҷикистон як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ кард, дар бархе манотиқи рустоии ин кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҳисор, роҳу шеваҳои нави танзими тӯю маъракаҳоро ба роҳ андохтаанд.
Аз ҷумла дар рустои Шӯроби ноҳияи Ҳисор ширкати тамоми аҳли русторо дар тӯю маъракаҳо манъ карда, гуфтаанд, ки танҳо аҳли маҳаллае, ки соҳиби маърака зиндагӣ мекунад, даъват шаванд. Ҳамин тавр, дар ин русто ва рустоҳои атрофи он “хонахез” ба тӯй рафтани аҳли хонаводаро ноҷоиз хонда, аз мардум хостаанд, ки аз ҳар оила 1 ё 2 нафар биравад, на бештар.
Дар чанд рустои ин минтақа ҳамчунин тӯйи арӯсии духтарҳоро бо даъвати танҳо занҳои ҳамсоя ва дугонаҳои арӯс маҳдуд кардаанд. Ташаббуси дигар таъсиси гурӯҳҳои назоратиест, ки тарзи оростани дастурхони соҳиби маъракаро назорат мекунанд ва, ба гуфтаи ташаббускоронаш, намегузоранд, ки тӯй ё оши худоӣ ба майдони сабқату рақобат табдил дода шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳром, раиси созмони ҷавонони яке аз рустоҳои Ҳисор мегӯяд, кадом рӯйхати мушаххасе нест, ки соҳиби маърака чиро болои дастурхонаш гузорад ва чиро – не? Вале ӯ афзуд: “Мо фақат пешниҳод кардем, ки сабуктар бигиранд. Барои мисол, дар худоӣ, он мардак фарзандашро ё модарашро аз даст додааст, ғарқи мотам аст, шарт нест, ки болои дастурхонаш банану ананас барорад, ё қандҳои қимат. Бо ягон чизҳои сабуктару арзонтар биорояд дастурхонашро. Чӣ даркор болои ғам ӯро боз қарздор кардан?”
Баҳром мегӯяд, тӯю маъракаҳо як муддат ба ҳадде авҷ гирифт, ки танҳо барои хидмат ба меҳмонон, ба ҳисоби ӯ, камаш 30 пешхидмат лозим мешуд: “Масъалаи тӯйҳои арӯсӣ ҳам хелде вазнин буд. Ҳар соҳиби тӯй баъди шӯ додани духтараш 5-6 ҳазор доллар қарздор мешуд. Фақат барои як ҷевон 1500-1800 доллар мерафт. Мо пешниҳод кардем, ки шарт нест ҳамаи аҳли деҳаро хабар кардан ба тӯйи духтар. Бигзор бо дугонаҳояшу занҳои ҳамсоя ва хешу табор ҷамъ шаваду хурсандӣ кунад арӯс. Шашлик пазанд бигзор, рақсу бозӣ кунанд, вале фақат дар ҷамъи 15-20 дугонаву хешу табораш.”
Амруллои Исмат, раиси маҳалла дар рустои Мортеппа дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, як далели ин иқдом бадтар шудани вазъи иқтисодии мардум, бахусус баъди кам шудани интиқоли пул аз фарзандони муҳоҷири онҳо аз Русия буд: “Аз ягонҷо даромад нест, ягон маоши хубе нест, ки ба зиндагиашон бирасад. Ҳамаи ин маъракаҳо ба пули қарз мешуд. Охир, як кило писта то 100 сомонӣ хестааст. Пистаи оддиякаш - 80 сомонӣ! Як кило қанди оддӣ аз 40 сомонӣ сар мешавад. Охир, ба 5 килову 10 кило гузаронда нашавад маъракаро. Барои ҳамин мо як маҷлис мондему барҳам додем ҳамаашро. Ҳоло маъракаҳо одиякак гузашта истодаанд, ба ҷои пиставу бодом – мева мемонанд, ё хурмои арабӣ, ки арзонтар аст. Лекин мо хайрро манъ накардаем. Касе ки метавонаду аз дасташ меояд – марҳамат!”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони Кумитаи дин ва танзими расму анъанаҳои ҳукумати Тоҷикистон бо ибтикори ин ниҳод сурат гирифтани ташаббуси назорати дастурхони соҳибони маъракаҳоро рад мекунанд. Азизулло Мирзозода, муовини аввали раиси Кумитаи дин дар нишасти ахири Кумита дар посух ба суоли Озодӣ гуфт: “Зарурати рафта, дар дастурхони соҳиби маърака нишастан нест. Пештар, солҳои 2007-2007 дар ҳақиқат чунин буд, ки намояндагони кумиссиюнҳои ҷамъиятӣ рафта, дар маъракаҳо ширкат мекарданд, ки боз як сарбории иловагӣ мешуд. Ба онҳо фаҳмонда додем, ки шумо ҳақ надоред рафта, дар маърака нишастану назорат карданро. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омода кардани шахс бояд то саршавии маърака сурат гирад. Кор ба ҳамин тартиб пеш рафта истодааст.”
Ҳамсӯҳбатони мо ҳам мегӯяннд, ки бо ташаббуси худ даст ба чунин иқдомҳо задаанд. Аммо ду раиси маҳалла, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, мегӯянд, ки дар ҳукумати ноҳия низ ду моҳ пеш маҷлиси вижае барпо шуда ва аз онҳо хостаанд, ки дар тӯю маъракаҳои мардум аз роҳ додан ба исроф ҳаддалимкон пешгирӣ кунанд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Озодӣ, сокинон, бахусус қишри нодор, аз чунин танзими худҷӯши тӯю маъракаҳо ҷонибдорӣ мекунанд.
Вале Ҳаёт Аминов, як омӯзгори собиқадор мегӯяд, мардум бояд худ ба чунин фаҳмиш пухта бирасад, на бо роҳи манъ кардан: “Ҳоло дар масҷидҳо эълон мекунанд, вале мардум тавре ки маъқулашон аст, рафта истодаанд ҳанӯз. Мисли маҷбур мекунанд, ки аз як хона як кас равад – бас. Дигар мисли пеш нест, чунки вақте мардумро гуфтанду гуфтанд, аз худаш изо мекашад-ку. Вале ман мақсадро сарфаҳм намеравам, ки барои фоидаи мардум бошад ё барои мақсади дигар. Ба фикри ман, касе имкон дорад, чӣ тавре хоҳад, маърака кунад. Ман худам, барои мисол, чунин имконият надоштам ва дар тӯйи духтарам ба ғайри санд ҳаққу ҳамсоя на касеро хабар кардам, на ба мардум оши наҳор додам. Касе ҳам аз гиребонам нагирифт.”
Дар Тоҷикистон дар соли 2007 бо ташаббуси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қонуни танзими расму анъанаҳо қабул шуд. Ин қонун ширкати меҳмонон дар тӯйҳоро бо 140 нафар ва тӯли маъракаҳоро бо 3 соат маҳдуд карда, баргузории як идда аз маросимҳо, чун панҷшанбегӣ, оши сари тахта ва амсоли инро манъ кард. Мақомот коҳиши харҷи зиёди сокинон барои тӯю маъракаҳоро ҳадафи аслии ин ташаббус меноманд, вале ҳомиёни ҳуқуқ онро як василаи дигари дахолат ба ҳаёти хусусии мардум унвон мекунанд.