Донишҷӯйи тоҷик Рухшона Латифова аз сайтбандиҳои муназзам дар Тоҷикистон нороҳат аст. Ӯ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳ дорад, вале барояш иртибот бо дӯстони хориҷӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунон тамошои филму гузоришҳо ба забонҳои хориҷӣ дар шабакаи YouTube дар ҳолатҳои зиёд бидуни кадом шарҳи расмӣ аз хадамоти алоқа ва ё таъминкунандагони интернет ғайриимкон аст.
Ӯ мегӯяд, ки “мехоҳам ҳадди ақалл дастрасӣ ба YouTube-ро имконпазир кунанд. Бигузор дар он наворҳои сиёсиву иқтисодиро роҳ надиҳанд. Бигзор наворҳоеро, ки ба давлатамон зиён мерасонанд, манъ кунанд. Бигзор бо маҳдудият бошад ҳам, ин шабакаҳоро барои мо боз кунанд.”
Ба қавли ин донишҷӯ, моҳи сентябри гузашта баъди ошӯби собиқ муовини вазири дифоъ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба чандин сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд ва ё комилан манъ шудааст. Шикояти Рухшона чизи нав нест. Коршиносон мегӯянд, то замоне ки мақомдорони соҳаи алоқаву мухобирот дарк накунанд, ки фазои маҷозӣ ё худ виртуалӣ марзу буми Тоҷикистон аст, вазъ тағйир нахоҳад ёфт.
Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки масъулони хадамоти марбутаи ҳукуматӣ худро соҳибмулки фазои иттилоотиву ҳарими маҷозии кишвар ҳисоб намекунанд ва то замоне ки ин ҷаҳонбинӣ тағйир наёбад, наметавон интизор дошт, ки вазъ беҳбуд меёбад. Ӯ гуфт, “то ба ҳол интернет барои мо як махзани хориҷие ҳаст, ки аз он мо метавонем талаботҳои элементарии худро қонеъ гардонем.”
Номбурда меафзояд, ки беруншавии Тоҷикистон аз бунбаст набояд танҳо бо сохтмони роҳҳо маҳдуд бошад, зеро нашри иттилоъ дар бораи Тоҷикистон ҳам худ як василаи беруншавии ҷумҳурӣ аз бунбасти иттилоотӣ мебошад.
Вакили Маҷлиси Намояндагон Бахтовар Сафаров сайтбандиҳо ва маҳдудсозии дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро ба амният иртибот медиҳад: “Як файласуф ва ҳуқуқшиноси маъруфи асрҳои миёна гуфта буд, ки ҳар озодӣ ҳад дорад. Ӯ мегӯяд, ки мушти ту озод аст то замоне, ки озодии нӯги бинии ман сар мешавад, яъне бо мушти озоди худ озодии бинии маро халалдор накун. Аз ин рӯ, озодии сомонаҳо ҳам дар ҳамон нуқта, дар сарҳади арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллӣ бехатариву амният ва ахлоқи ҷомеа (иртибот мегирад) бояд маҳдуд карда шавад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маъмулан Хадамоти алоқа – масъули танзими фаъолияти ширкатҳои телефонҳои мобил ва Интернет дар Тоҷикистон, аз шарҳи сабаби воқеии масдуд ё маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳо худдорӣ намуда, мояи интиқодҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён аз мақомоти Тоҷикистон шудааст.
Эҳтимол барои Тоҷикистон мисоли Покистон ҷолиб бошад, ки 19-уми январ баъди мувофиқат бо ширкати Гугл истифодаи шабакаи иҷтимоии YouTube-ро имконпазир намуд. Мақомоти Исломобод се сол пеш пас аз нашри филми “Бегуноҳи мусулмонон”, ки аз тарафи пайрави дини ислом ҳамчун таҳқир арзёбӣ мешуд, расман фаъолияти YouTube-ро манъ кард. Акнун бар пояи ризояти ду ҷониб нусхаи маҳаллии YouTube имкон медиҳад, ки ҳукумати Покистон талаб кунад, ки масъулони YouTube-и маҳаллӣ наворҳои иғвобарангез ва ё аз нуқтаи назари исломӣ номуносибро аз шабака ихроҷ намоянд.
Асад Азизӣ, раҳбари як ширкати иттилоотии Покистон мегӯяд, ки қарори ҳукумат бозори иттиллоотиро гарм хоҳад кард: “Ман аз қарори ҳукумат дар бораи имкони фаъолияти YouTube хушҳолам. Акнун соҳибкории марбут бо шабакаҳои иҷтимоӣ рушд мекунад. Дар гузашта мо муштариёни YouTube-ро аз даст медодем. Мо тавассути садшикан ё худ қуфлшиканҳо кори худро пеш мебурдем, вале мардуми зиёде дар ин бора маълумот надоранд. Ҳозир, ки фаъолияти YouTube боз шуд, мо шоҳиди рушди бозори шабакаҳои иҷтимоӣ мешавем.”
Дар Тоҷикистон ҳам аз истифодаи қуфлшиканҳо огаҳӣ доранду аз он истифода ҳам мебаранд, вале шояд беҳтар мебуд, агар ҳар сайтбандӣ ва маҳдудсозии дастрасӣ ба ин ва ё он шабакаҳои иҷтимоӣ бо эҳсоси масъулият дар назди корбарон ва шарҳи сабабҳои воқеии ин тасмим сурат мегирифт.