Дар остонаи Иди Рамазон ё Иди Фитр нархи хӯрокворие, ки сокинон одатан барои дастархони идона мехаранд, ба маротиб боло рафтааст.
Фурӯшандагон бо истифода аз афзоиши талабот нархҳоро боло мебаранд, харидорон изҳори ҳайрат мекунанд ва сабаб мепурсанд. Онҳо аз он норозиянд, ки болоравии нарху наво ба маҳсулоти дохилӣ ҳам таъсир мекунад.
Барояшон фарқ надорад, ки иди мусалмонист ё дунявӣ. Онҳо танҳо ҳадафи ба даст овардани фоидаи бештарро доранд.Ҳоҷимуҳаммад Умаров
"Аз идораи гумрук пурсед"
Ҷумъахон Мирзоев, тоҷири мева дар "Сафар Сентр"-и Душанбе, рӯзи 12-уми май гуфт, "қимат аст, барои он ки аз гумрук мегузаранд. Чаро намеравед, маъмурони гумрукро пурсед? Меоед, ду савдогарро ба навор мегиред."
Савдогароне ҳам ҳастанд, ки айни ҳамин меваҳоро бо нархи рӯзҳои маъмулӣ мефурӯшанд. Онҳо мегӯянд, нархи умдафурӯшии меваҳо мисли рузҳои қаблӣ аст, чандон тағйири зиёд накардааст.
Ғиёсиддин Ҳасанов, тоҷири дигар дар "Сафар Сентр", мегӯяд, "зардолу 10-12 сомонӣ, шафтолу 20 сомонӣ, гелос 20 сомонӣ, мисли пештара аст. Гарон нашудааст. Баъзе ҷойҳое ҳаст, ки мумкин бозорашон қимат аст." Ин дар ҳолест, ки нархи гелос дар баъзе аз бозорҳои кишвар аз 25 то 35 сомонӣ аст.
Ҳамин нархҳо низ барои ҷайби аксар сокинон, ки бо иллати пандемия манобеи аслии даромади худро аз даст додаанд, мувофиқ набудааст.
Наворро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
1000 сомонӣ -- барои оростани дастархон
Ба гуфтаи аксар мусоҳибони мо дар Душанбе, барои оростани як дастархони хоксоронаи идона бештар аз 1000 сомонӣ, ҳудуди 100 доллари амрикоӣ, зарур аст. Маблағе, ки барои аксар сокинон қобили дарёфт нест ва зиёд ба гӯш мерасид, ки онҳо аз харидани бисёре аз маҳсулот худдорӣ мекунанд.
Баъзеҳо ҳатто тасмим гирифтаанд, ки дар ин шароит умуман дастархон наороянд.
Насриддин Раҳмонов, сокини Душанбе, гуфт: "Фақат меваву сабзавот гарон аст, беҳад гарон аст, аз 35 то 45 сомонӣ. Дар ягон ҷой ин хел нест. Нархи гӯшт мисли рӯзҳои то Рамазон боқӣ мондааст. Ба ин нархҳо кӣ мехарад? Хайр, одами пулдор мехарад. Одат шудааст, ки дар моҳи Рамазон нархро бардоштан мегиранд, пул кор кардан мегиранд."
Дар ду рӯзи охир арзиши як қуттии 30-донагии тухми мурғ тақрибан 5-6 сомонӣ боло рафта, ба 41 сомонӣ расид, ки барои пухтупаз ва оростани хони идона аз маҳсулоти аслӣ ба шумор меравад. Тоҷирони тухм ҳам айбро бар дӯши тавлидкунандон бор мекунанд.
Кори гуруҳҳои манфиатдор?
Баъзе аз иқтисоддонҳо ба ин назаранд, ки чунин болоравии нарх дар бозорҳо дар остонаи Иди Рамазон талоши гурӯҳҳои манфиатдор аст.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, гуфт, "барояшон фарқ надорад, ки иди мусалмонист ё дунявӣ. Онҳо танҳо ҳадафи ба даст овардани фоидаи бештарро доранд. Мутаассифона, дар бозорҳои Тоҷикистон қонуни бардорад зам кун, набардорад кам кун, татбиқ намешавад. Зеро бозорҳои кишвар зери итоати гурӯҳҳои манфиатдор ҳастанд."