Баҳманёр Аминӣ, нависандаи шинохтаи тоҷик, агар умр вафо мекард имсол 70-сола мешуд. Вай шаби 9-уми ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар манзилаш дар Душанбе даргузашт ва дар рустои Ғаззаи поёни шаҳри Панҷакент дафн карда шуд.
Баҳманёр аз ҷумлаи нависандагони тозагӯе тавсиф мешавад, ки дар насри муосири тоҷик ҷойгоҳ ва сабки хоси худро дошт. Аксар адибону мунаққидони адабиёт аз ӯ ба унвони адибе ном мебаранад, ки назмро дар қолаби наср баён мекард ва қаҳрамононаш мардумӣ буданд.
Радиои Озодӣ ба муносибати 70-солагии нависандаи маъруфи тоҷик, Баҳманёр, ин мустанадро омода кард:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Ютуб бинед: