Баҳоиёни Тоҷикистон. Бе таблиғи оин, вале бо рафтори баҳоӣ. ВИДЕО

Баҳоиёни Тоҷикистон аз 200-умин солгарди асосгузорони ин оин таҷлил карданд. Пайравони ин оини ҷавонтарини олам, ки дар баъзе кишварҳо аз ҷумла Эрон таҳти таъқиб қарор доранд мегӯянд, Тоҷикистон барояшон кишвари амн аст.

Пайравони оини баҳоӣ рӯзи 27-уми октябр аз 200-умин солгарди Ҳазрати Боб, яке аз поягузорони ин оин таҷлил карданд. Ба ин маросим, ки дар маркази баҳоиёни Тоҷикистон баргузор шуд, намояндагони мақомот наомаданд.

Шокят Мамедова 66-сол дорад ва ҳанӯз аз 15-солагӣ пайрави оини баҳоӣ мебошад. Мегӯяд, падару бобояш пайрави ин оин буданд ва ӯ низ роҳи онҳоро идома дод. Мамедова ва ҳамбоварҳои ӯ мегӯяд, аз сӯи мақомот фишор надидаанд, вале ба таблиғи густардаи оинашон низ машғул нестанд.

"Мо он қадар динамонро таблиғ намекунем, балки талош мекунем, рафтори баҳоиро нишон диҳем. Вақте донишҷӯён, ҳамсояҳо ва шиносҳо дар бораи дин мепурсанд, ба онҳо ҷавоб медиҳем. Ин хел рафтану таблиғ кардан ва маҷбур карданро дини баҳоӣ манъ кардааст",-гуфт Мамедова.

Ҷамъияти баҳоиён мегӯянд, пайравони ин оин дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор нафаранд. Шаш сол пеш ҳам ҷамъияти баҳоиён теъдоди пайравони худро ҳазор нафар мегуфт. Таблиғи ақоиди оини баҳоӣ ба мисли дигар оинҳои ғайриисломӣ дар Тоҷикистон зоҳиран ноком будааст. Чун ба гуфтаи коршиносон, ҷомеаи аксаран мусалмоннонинши Тоҷикистон дин ва оинҳои ғайрро хуш қабул надорад.

Бо инки баҳоиён аз таблиғи густардаи аҳкоми Баҳоия дар ҷомеа худдорӣ мекунанд, ба равандҳои баҳсбарангез дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла масоили ришу ҳиҷоб назари худро доранд. Баҳоиёни Тоҷикистон бовар доранд, ки ба ҷойи баҳсҳои либосу сатр "бояд дил ва ақлро иваз кунем".

"Вақте ман либоси дароз мепӯшам, аммо кори бад мекунам, ин ягон чизро тағйир намедиҳад. Боодоб пушидан даркор. Вақте ба деҳот меравам, албатта, куртаи миллӣ мепӯшам, барои онки ман медонам, ки куҷо меравам,”- гуфт Шокят Мамедова. Андешаҳое, ки бархе аз қишрҳо дар Тоҷикистон ба он розӣ нестанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пайравони дини баҳоӣ дар Тоҷикистон. Бе таблиғи оин, вале бо рафтори баҳоӣ

Бо ин вуҷуд пайравони оини баҳоӣ мегӯянд, ҳеҷ гоҳ диёнати худро пинҳон накардаанд. Баҳоиён мегӯянд, хотироти талхи қатли ҳамбоваронашон дар солҳои 90-ум ҳанӯз аз хотирашон зудуда нашудааст, аммо бо ин вуҷуд Тоҷикистон барои пайравони ин оин кишвари амн аст.

Фирӯза Шамсиева, яке аз пайравони дигари оини баҳоӣ мегӯяд, аз мардум даъват накардаанд, ки равияи онҳоро қабул кунанд. Балки танҳо дар бораи ақидаҳои оини баҳоӣ ба мардум маълумот медиҳанд.

Ҷамъияти баҳоиёни Тоҷикистон ба гуфтаи масъулонаш асосан аз ҳисоби хайрияҳои пайравонаш кор мекунад. Масъулони ҷамъият мегӯянд, аз пайравони дигар адён маблағ қабул намекунанд. Танҳо ҳар пайрави оини баҳоӣ ба қадри имконаш ба ҷамъият маблағ медодааст. Ин маблағҳо асосан барои чорабиниҳои мазҳабӣ аз ҷумла "зиёфати 19-рӯза" ва хариди китобҳои муноҷот сарф мешудааст.

Баҳоиҳо рӯзе се бор намоз мегузоранд, дар охирин моҳи соли баҳоӣ, ки аз 19 моҳи иборат аз 19 рӯз таркиб ёфтааст, рӯза мегиранд. Рӯзаи онҳо аз рӯзаи мусалмонҳо фарқе надорад, ба ҷуз он, ки 19 рӯз идома мекунад. Дар оини баҳоӣ намози бо ҷамоат роиҷ нест. Пайравони оини баҳоӣ аз шаробу тамоку парҳез мекунанд. Дар "Китоби Ақдас" ба сиёсат машғул шудани баҳоиҳо мамнӯъ шудааст.

Дини баҳоӣ дар қарни 19 дар Эрон аз сӯи Мирзо Ҳусейн Алии Нурӣ бо тахаллуси Баҳоуллоҳ арзи вуҷуд кард ва ҳоло беш аз 5 миллион пайрав дорад. Ҷамоаҳои баҳоиён дар 188 кишвар ва 45 қаламрав дар Ховари Миёна, Аврупо, Африқо, Амрикои шимоливу ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи ҷанубу шарқӣ ва Русия таъсис шудаанд. Маркази ҷаҳонии баҳоиҳо дар шаҳри Хайфаи Исроил мустақар аст.