Линлии чаҳормоҳа дар шифохонаи кӯдаконаи шаҳри Техас дар хоби ноз аст. Ва барои хоби амиқ сабаб дорад, чун аз ду бор таввалуд шудан хаста шудааст. Линлӣ аввал баҳори гузашта таваллуд шуд. Вақте 23 ҳафта дошту дар батни модар буд, табибон қисмати поёнии баданашро берун оварданд, то як омоси (варам) хатарнокеро аз миёнаш бигиранд. Модари Линлӣ, ки дугоники фарзандашро аз даст дода буд, дигар илоҷе ба ҷуз ҷарроҳӣ надошт.
Маргарет Бомер, модари Линлӣ мегӯяд, ки “Линлӣ шанси зиёде барои зинда мондан надошт, шансаш 50 ба 50 буд, чун омос бисёр бузург буд. Ман барои ташхиси маъмулӣ меомадам ва дар 23 ҳафтагиаш, омос метавонист роҳи дилашро баста, аз кор андозад.“
Аммо ба гуфтаи модари Линлӣ, ҷарроҳӣ хуб анҷом ёфту баъди гирифтани омоси камар, табибон Линлиро ба батн баргардонад, то дуруст рушд кунад. Баъди таваллуд бо чанд ҷарроҳии дигар, бақияи омоси Линлиро гирифтанду, баъзе мушакҳояшро дуруст карданд.
Ҳоло Линлӣ бояд физиотерапия ҳам гузарад, то пойҳояш дуруст ҳаракат кунанд. Вале дар умум ба гуфтаи хонаводаи хушҳол аз кори табибон, вазъи Линлӣ хуб аст. Маргарет Бомер мегӯяд, “бисёр хушҳолам, ки ба ҳамаи ин тоб овард ва хуб ҳам шуд ва барои ҳамин аз табибон бисёр сипосгузорем.“
Мақомоти шифохона мегӯянд, мумкин аст, ин навъи омос дар байни 40 ҳазор кӯдаки батн, дар яке аз онҳо пайдо шавад. Сабабаш маълум нест, вале духтарон чаҳор маротиба бештар ба он гирифтор мешудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад