Беҳзод Файзуллоев: “Без комментариев!”

Беҳзод Файзуллоев

Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон ба баҳси давомдори ширкати "Babilon-Mobile" ва Кумитаи андоз хотима гузошта аввалиро ба пардохти 337 миллион сомонӣ, муодили 54 миллион доллар муваззаф кард.

Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон ба баҳси давомдори ширкати "Babilon-Mobile" ва Кумитаи андоз хотима гузошта аввалиро ба пардохти 337 миллион сомонӣ, муодили 54 миллион доллар муваззаф кард. Кумитаи андоз соле пеш ширкати "Babilon-Mobile”- ба пинҳон кардани фоидаи молӣ ва напардохтани андоз муттаҳам кард ва аз бонкҳо хост, ки 337 миллион қарзи “Babilon-M”-ро аз суратҳисобҳои ширкат ба нафъи Кумитаи андоз мусодира намоянд.

Раиси Додгоҳи олӣ Носир Мансурзода рӯзи чаҳоршанбеи 15 июл гуфт, ки ширкати "Babilon-Mobile” дар Тоҷикистон ҳамаи зинаҳои мумкини додгоҳиро паси сар кард ва ҳатто тавонист 3 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаашро коҳиш диҳад ва ҳамакнун муваззаф аст пулро баргардонад.

Раҳбари ширкати "Babilon-Mobile" Беҳзод Файзуллоев, ки баъди расонаӣ шудани изҳороти раиси додгоҳи олии иқтисодӣ зоҳиран асабӣ ба назар меомад ва ба суоли радиои Озодӣ, ки “акнун чӣ кор ҳоанд кард?”, танҳо гуфт: “без комментариев”.

Ҳанӯз 19 январи имсол Беҳзод Файзуллоев дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ ошкор шудани қарзҳои баробар ба 341 миллион сомониро дар муассисаи худ зери суол бурд ва гуфт: “чӣ тавр ин қарзҳо ошкор шуданд, вақте, ки соли 2013 "Babilon-Mobile" ҳамагӣ 332 миллион сомонӣ даромад доштааст?”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мансурзода дар бораи баҳси Кумитаи андоз ва "Babilon-Mobile"

Албатта "Babilon-Mobile" метавонад баҳсро ба баррасии додгоҳҳои хориҷи кишвар гузорад, аммо гумон аст, ки ба натиҷае бирасад. Зеро ҳар қароре, ки дар хориҷ содир мешавад, бештар тавсиявӣ буда, ба тасмимҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон таъсир надорад.

"Babilon-Mobile" бузургтарин ширкати мухобиротии кишвар буда, беш аз се миллион аҳолиии 8 миллионнафарии Тоҷикистонро бо алоқаи мобилӣ ва Интернет таъмин мекунад.

Гуфта мешавад, ки молики аслии "Babilon-Mobile" ширктаи офшории “Хайтрон” аст, ки ба шаҳрвандони Русия таалуқ дорад. Бо доштани 25 дар сади саҳмияҳо "Babilon-Mobile" ба фарқ аз ширкатҳои дигари пештоз дар бозори мухобироти Тоҷикистон, бештар як ширкати “тоҷикӣ” ва яке аз бузургтарин андозсупорандаҳо ҳисоб мешавад.

Файзуллоев дар яке аз сӯҳбатҳояш бо Радиои Озодӣ ҳамин 25 дар сади саҳмияро нуктаи заъфи ширкат унвон кард ва гуфт, ки “онҳо (Кумитаи андоз) медонанд, ки 25 фоизи ширкат аз они тоҷикҳо ҳаст, ҳамонҳоро паҷақ кардан мехоҳанд, тамом!”.

Раисҷумҳур дахолат кунад?

Зимнан ширкати "Babilon-Mobile" борҳо гуфта буд, ки имкони пардохти ин миқдор қарзу ҷаримаҳои ҳангуфти андозро надорад ва дар сурати маҷбуран ситонидани он аз сӯи

Кумитаи андоз ба хатари муфлисшавӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. "Babilon-Mobile" ҳудуди 4 ҳазор корманд дорад, ки дар сурати суқути ширкат бекор хоҳанд монд.

Таҳлилгар Зафар Абдуллоев мегӯяд, баҳси ширкати "Babilon-Mobile" ва Кумитаи андоз ба марҳилае ворид шудааст, ки бояд мақомоти баландпояи кишвар ба он дахолат кунанд. “Babilon-Mobile" ширкати бузурги мухобиротист ва муштариёни зиёд дорад ва ҳамчунин андозсупорандаи калон ба ҳисоб меравад. Яъне муфлис шудани он ҳеҷ ба манфиати давлат нест, чунки буҷа аз чунин манбаи андоз маҳрум мешавад. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин баҳс дар ин шароит дахолати бевоситаи раисҷумҳур зарур аст, то ки, ба истилоҳ, ҳам “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”.

Ҷаноби Абдуллоев афзуд, роҳҳои гуногуни ҳалли ин масъала вуҷуд дорад, аз ҷумла додани як мӯҳлати муайян барои пардохти тадриҷии маблағҳо. Аммо ба таъкди Абдуллоев, дар шароити Тоҷикистон ин гуна тасмимро ба ҷуз худи раисҷумҳур касе гирифта наметавонад.

Ширкати “Вавилон-М” яке аз чор ширкати бузурги мобилии Тоҷикистон аст ва ҳар таконе ба ин ширкат ба бозори мухобироти кишвар таъсир хоҳад дошт. Ширкатҳои бузурги фаъол дар бозори мобилии Тоҷикистон - “Билайн” ва “Мегафон” - ҷузве аз ширкатҳои мобилии Русияанд. Қисме аз саҳмияҳои Тселл як ширкати дигар ба бунёди Оғохон ва бахши аъзами сармояҳояш ба ширкати мухобиротии “Telia Sonera”-и Шветсия тааллуқ дорад.