Шикоятҳо аз Маскав ва чанд шаҳри дигар. Ба YouTube дар Русия чӣ шуд?

Владимир Путин ва тасвири дастнорас шудани Ютуб. Коллаж

Ҳазорон корбар дар Русия шикоят доранд, ки дастрасӣ ба Ютуб дар ин кишвар номумкин шудааст ва ё ба сахтӣ видеоҳоро мекушоянду мебинанд. Вебсайти "Downdetector", ки қатъи кори торнамоҳоро мушоҳидаву сабт мекунад, хабар дод, ки шикоятҳо аксаран аз Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург мерасанд.

Ду ҳафта пеш вакили рус Александр Хинштейн эълон кард, ки суръати гузоштани видеоҳо дар Ютуб (YouTube) то 70 дар сад коҳиш дода мешавад, чун ин шабака “қонунҳои Русияро риоят намекунад ва ҷазо ҳам намегирад”. Дар аввали моҳи июл шабакаи Ютуб каналҳои чанде аз овозхон ва ҳунарпешаҳои Русияро барои тарафдориашон аз ҷанг дар Украина баст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Русия мехоҳад YouTube-ро маҳдуд ё пурра манъ кунад