Баъди норозигии Русия, доварони русро ба Душанбе даъват кардаанд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз ФФТ

Бозии дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Непалро, ки 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, ҳайати ҳакамон аз Русия доварӣ мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тасмими даъвати доварон ба Душанбе, дар чаҳорчӯби Ёддошти ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи футболи Русия гирифта шудааст.

Довари 38-солаи FIFA Евгений Кукуляк сардовари ин бозӣ таъйин гаштааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA – Егор Болховитин ва Дмитрий Сафян кумак мекунанд.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Непал рӯзи чоршанбеи 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.

Даъвати доварони рус ба Душанбе дар ҳолест, ки қаблан бархе шабакаҳои Русия аз худдории мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона интиқод карда буданд. Рӯзи 13-уми октябри имсол дар пахши мустақими Шабакаи аввали телевизиони Русия аз Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пурсиданд, ки чаро мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо дастаи Русия худдорӣ кардааст. Расонаҳои Русия ин корро "саркашии варзишгарони тоҷик аз бозӣ бо русҳои зери таҳрим" номидаанд.

Муҳриддин худдории Федератсияи футболи Тоҷикистонро аз ин бозӣ ба банд будани футболбозони тоҷик дар моҳи ноябр рабт додааст. Вай умедворӣ кардааст, ки ин бозии дӯстона дар вақти дигар баргузор мешавад.