Корзори пуртазоди интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон
Илҳом Алиев зоҳиран ба пирӯзиаш хеле мутмаин аст. Алиев бо ҳамсараш Меҳрубон дар асми кушоиши майдони голф дар минтақаи Кубаи Боку
Алиев бо ҳамсараш дар расми ифтитоҳи бемористони нав дар Боку. 12 сентябр.
Дар расми ифтитоҳи бнио нави идораи мубориза бо фасод.
Илҳом Алиев дар дидор бо сокинони Исмоилӣ, маҳалли саркӯбии эътирози моҳи январи мухолифин. 14 август.
Меҳрубон Алиева бо духтараш Лайло дар расми гушоиши як кӯдакистон. 25 сентябр
Бону аввали Озарбойҷон дар ин авохир дар расми кушоиши дастикам 8 кӯдакистон ҳузур дошт.
Раҳпаймоиҳои тарафдорони номзади мухолифин Ҷамил Ҳасанлӣ чандин ҳазор нафарро ҷамъ мекунад. Ин райпаймоӣ 22 сентябр дар Боку гузашт.
Ҳасанлӣ ба муборизаи фарогир бо фасод даъват мекунад.
Ин тарафдори Ҳасанлӣ дар Сумгаит шиори "Бас аст!"-ро сари сина задааст.
Муаррихи маъруфи даврони Ҷанги сард ва вакили собиқ Ҷамил Ҳасанлӣ худро як нотиқи хуб намоиш дода, ба "хатми диктатураи як оила дар Озарбойҷон" даъват мекунад.
Аорағми таҳдидҳо ва ҳузури пулис тарафдорони Ҳасанлӣ рӯзи 2 октябр дар шаҳри Шакӣ ҷамъ шуданд.
Дар баҳсҳои телевизионӣ, номзадҳои тарафдори режим ба номзади мухолифин Ҳасанлӣ часпида, ӯро носазо мегӯянд ва ҳатто як дафъа ба рӯяш зарфи об андохтанд. Илҳом Алиев дар ин баҳсҳо ширкат надорад.
Номзади рӯ ба давлат Ҳафиз Алиев ба рӯи Ҳасанлӣ бо зарфи об зада буд.