Полиси Озарбойҷон маводи чопии дафтари радиои Озодиро дар Боку мусодира кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 26 декабр муфаттишон ва полиси Озарбойҷон кофтукоби чандсоатаро дар дафтари Радиои Озодӣ дар Боку анҷом доданд. Дар паи рейде бо иштироки даҳҳо ходими додситонии кулии Озарбойҷон ва ходимони полис ҳама санадҳову маводи чопии маҳфуз дар дафтари радиои Озодӣ мусодира шуд.