"Аз таваллудхона то сардхона пул меситонанд." Муроҷиати ронандае, ки баҳси зиёд ба по кард. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шумораи нави Озодӣ Онлайн

Шикояти як ронандаи таксӣ дар Душанбе баҳсҳоро дар бораи ҷаримаҳои ҳангуфт ва набудани ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон доғ кард.

Муроҷиати видеоии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки қаблан ҳамчун рӯзноманигор фаъолият дошт ва ҳоло ба гуфтаи худаш таксӣ меронад, ду ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Тарафдорони навори Пирмуҳаммадзода ӯро барои шуҷоат ва матраҳ кардани мушкили бахши аъзами сокинон дар Тоҷикистон ситоиш кардаанд. Айни замон гуруҳе аз шарҳнависон ӯро барои надоштани иҷоза барои хадамоти таксӣ муттаҳам кардаанд. Худи вай гуфта буд, ҳадафаш танҳо расондани дарди дили мардум ба мақомот аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: "Ҳадаф расондани мушкили мардум ба мақомот буд" ВИДЕО, САДО

Як корбаре бе зикри номаш дар сомонаи Радиои Озодӣ гуфтааст, аксари мардум дар шароити пандемия дар вазъияти ногувор қарор доранд ва ибрози тааҷҷуб кардааст, ки чаро ёриҳои созмону кишварҳои хориҷӣ ба камбизоатон ва одамони бекор намерасад ё хеле кам мерасад.

Ӯ навиштааст: "Шумо патенту андоз ва ҳаққи истифода аз обу барқ мегӯед. Кадом кор ё хадамот дар Тоҷикистон бепул аст? Хулоса, аз таваллудхона то сардхона пул меситонанд. Дар давлатҳои дигар барои бекорон ёрӣ мекунанд, дар мо баръакс нархҳоро гарон мекунанду боз ҷарима мебанданд."

Хонандае бо номи рамзии "Шаҳрванд" аз Абдусаттор Пирмуҳаммадзода танқид кардааст, ки бе иҷозат таксӣ меронад ва ҳамзамон аз ҷаримаи нозирони роҳ шикоят дорад.

Шарҳи ӯро мехонем: "Ширкатҳои таксӣ зиёд аст, рафта кор кунед. Қабул мекунанд. Чӣ ин қадар худро мусичаи бегуноҳ мегиред. Сад дар сад бовар дорам, ки ҳеч гоҳ барои пеш бурдани зиндагӣ кори ҷисмонӣ намекунед. Кори осон таксӣ аст ва андоз насупоридан."

Барномаро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Агар муҳоҷирон набошанд, ҳоли мо чӣ мешавад?"

Дар ҳоле ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар навораш гуфта буд, ӯ ҷаримаро месупорад, вале намедонад, он ба кисаи кӣ хоҳад рафт, корбаре бо номи Файз навиштааст, "маблағи ҷарима на ба ҷайби касе, балки ба буҷаи давлат ворид мешавад".

Ин хонанда дар идома гуфтааст: "Албатта, ҷарима зиёд аст, вале танҳо бо ҷаримаи баланд мешавад пеши роҳи қонуншиканиро гирифт ва системаро ба тартиб даровард. Маҳз тоҷикро агар аз кисааш назанӣ, аз бало наметарсад, ғайриқонунӣ фаъолият кардан мегирад."

Сарвара дар сомонаи Радиои Озодӣ шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро аз ночорӣ номидааст. Чун ба навиштааш, "ӯ падари хонадон аст, зану фарзандон дасти ӯро нигоҳ мекунанд. Дар корхонааш кор кардан намонанд, таксиронӣ намонанд, ягон ниҳод ба додаш нарасад, пас, чӣ кор кунад? Агар ҳамон муҳоҷирон набошанд, намедонем, ҳоли мо чӣ мешавад."

Бузургмеҳр гуфтааст, кам андар кам номаву шикоятҳои хаттии мардум то ба шаҳрдори Душанбе ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон мерасанд. Корбаре бо номи Парвиз, ки зоҳиран дар Душанбе таксии маъруф ба «5 сомонӣ» меронад, навиштааст:

"Пирмуҳаммадзода, воқеан, масъалаи доғи рӯзро бардоштааст. Чаро мақомот ин масъаларо нодида мегиранд, ки бо 5 сомонӣ мо 20-30 километр роҳро тай мекунему онҳо ба ин кори хайр монеа мешаванд. Шарт нест, ки мардуми бечора 30-40 сомонӣ ба таксиҳои давлатӣ диҳанд."​

Ин дар ҳолест, ки қаблан намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буданд, кори таксиҳои маъруф ба «5 сомонӣ»-ро дар пойтахт ба танзим медароранд. Онҳо гуфта буданд, ронандаҳои таксӣ бояд зери итоати ширкатҳо кор кунанд.

Аммо нигаронии ронандаҳо ин аст, ки ширкатҳои хадамоти таксӣ мошинҳои кӯҳнаро қабул намекунанд ва онҳо барои харидани нақлиёти нав пул надоранд.

Барномаро дар инҷо ба поён мебарам, аммо баҳсҳо дар дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад. Худо нигаҳдор!